Аллоҳумма аслиҳ лӣ дини аллазӣ ҳува ъисмату амрӣ
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу ) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Аллоҳумма аслиҳ лӣ дини аллазӣ ҳува ъисмату амрӣ, ва аслиҳ лӣ дунёя аллатӣ фиҳо маошӣ, ва аслиҳ лӣ охиратӣ аллатӣ фиҳо маъодӣ, ва-ҷъалил-ҳаёта зиёдатан лӣ фӣ кулли хайр, ва-ҷъалил-мавта роҳатан лӣ мин кулли шар." Тарҷума: “Эй Аллоҳ! Динамро, ки он ҳифозаткунандаи амри ман аст, ислоҳ намо; ва дунёямро, ки дар он зиндагии ман қарор дорад, ислоҳ гардон; ва охиратамро, ки бозгаштам ба сӯи он аст, ислоҳ гардон; ва зиндагиямро боиси афзоиши корҳои нек бигардон; ва маргро аз тамоми бадиҳо бароям роҳат қарор бидеҳ.”
Explanation
(Эй Аллоҳ, динамро барои ман ислоҳ фармо), яъне, маро тавфиқ деҳ, то тавонам одоби диниро ба беҳтарин ва комилтарин шакл ба ҷо биёрам.
(Ки он муҳофиз ва нигаҳбони ҳамаи кори ман аст), яъне, дин такягоҳ ва пояи ҳамаи умури инсон аст. Агар динам фосид шавад, ҳама умури ман фосид мешавад ва ба хорӣ ва зиён гирифтор мешавам. Чун ислоҳи дин бе ислоҳи дунё комил намешавад, бинобар ин баъдаш гуфт:
(Ва дунёи манро ислоҳ фармо), яъне, бо додани саломатии ҷисмӣ, амну амон, ризқ, ҳамсари хуб, фарзандони нек ва он чи ба он ниёз дорам ва ҳалол бошад ва манро дар ибодати Ту ёрӣ диҳад. Сипас узреро дар саволи худ барои ислоҳ зикр намуда фармуданд:
(ки дар он рӯзии ман аст) ва ҷои зиндагиву вақти ҳаёти ман мебошад.
(Ва охирати маро, ки бозгаштам дар он аст, ислоҳ фармо), яъне, охират макони бозгашт ва дидори Парвардигор аст, пас онро бо некии аъмол, ихлос, ибодат ва анҷоми нек (ҳусни хотима) барои ман дуруст гардон.
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) охиратро пас аз дунё зикр кард, зеро дунё василаест барои ислоҳ ва ободии охират. Ҳар касе, ки дар дунёаш мувофиқи хости Худо зиндагӣ кунад ва ростқадам бошад, охираташ низ барои ӯ дуруст ва бо саодат хоҳад буд.
(Ва зиндагиямро) дарозии умрамро (боиси афзоиши корҳои нек бигардон) барои он ки амалҳои некро бештар анҷом диҳам. (Ва маргро) барвақт расиданашро (аз тамоми бадиҳо бароям роҳат қарор бидеҳ) барои ман ҳамчун осоиш ва раҳоӣ аз ҳар бадӣ, фитна, санҷиш, гуноҳ ва ғафлат, ҳамчунин раҳоӣ аз машаққат ва ғамҳои дунё ва расидан ба осоиш қарор деҳ.
Benefits
Дин нигаҳдорандаи инсон аст, ки аз ҳама бадиҳо ӯро боз медорад.
Дуо кардан барои корҳои дунёӣ ба хотири беҳбудии дин ва охират.
Орзу кардани марг, аз тарси гирифтор шудан дар фитнаи дар дин, ё талаби марги шаҳодат аз Аллоҳ Таъоло макруҳ нест.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

