Аз Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди бештарин чизе, ки мардумро вориди биҳишт мекунад, пурсида шуд, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Тарс аз Аллоҳ ва ахлоқи неку
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абуҳурайра, (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Аз Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди бештарин чизе, ки мардумро вориди биҳишт мекунад, пурсида шуд, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Тарс аз Аллоҳ ва ахлоқи неку". Ҳамингуна чун аз ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди бештарин чизе, ки мардумро вориди дӯзах мекунад, пурсида шуд, фармуданд: "Даҳон ва шармгоҳ (аврат)".
Explanation
Тарс аз Аллоҳ ва ахлоқи неку.
Тарс аз Аллоҳ: яъне инки миёни худ ва азоби Аллоҳ бо анҷоми фармудаҳо ва дурӣ аз манъкардаҳои Ӯ Таъоло монеа ва парда бисозӣ.
Ахлоқи нек: бо анҷоми амали неку кушодарӯйи ва озор нарасонидан ба дигарон ба даст меояд.
Бузургтарин омилҳои ворид шудан ба дӯзах ду сабаб аст:
Забон ва шармгоҳ.
Нигоҳ доштани забон аз маъсият, ба монанди: дуруғ гуфтан, ғайбат кардан, суханчинӣ ва ғайра.
Нигоҳ доштани шармгоҳи аз маъсият, ба монанди : зино, ливота ва ғайра.
Benefits
Забон барои инсон бисёр хатарнок ва яке аз сабабҳои ворид кардани ӯ ба ҷаҳаннам аст.
Хатари шаҳват ва амалҳои ношоиста бар инсон ва инки он аз бештарин сабабҳои ворид шудан ба дӯзах аст.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

