Аз мо нест касе, ки ба рухсораҳояш бизанад ва гиребон бидарад ва монанди замони ҷоҳилият оҳу вой кунад (ва суханони ҷоҳилиро ба забон биёварад)
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абдуллоҳ ибни Аббос (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Аз мо нест касе, ки ба рухсораҳояш бизанад ва гиребон бидарад ва монанди замони ҷоҳилият оҳу вой кунад (ва суханони ҷоҳилиро ба забон биёварад)."
Explanation
Аввал: Касе, ки рухсораҳояшро бизанад, махсусан рӯйро зикр кард, зеро бештар бар рӯй мезананд, аммо зарбу лат дар дигар қисмҳои рӯй ҳам манъ аст.
Дуюм: Чок кардани гиребони либос, барои ин ки аз шиддати мусибат сари худро дар он дохил намояд.
Сеюм: Касе, ки дуъоҳои аҳли ҷоҳилиятро ба забон орад, мисли дуъои вовайло, ҳалокат, табоҳӣ ва навҳасароӣ.
Benefits
Сабр кардан бар мусибат воҷиб аст. Норозигӣ аз муқаддароти дардноки илоҳӣ ҳаром аст. Изҳори ин норозиги бо навҳагарӣ, тавсифи мурда, тарошидан, гиребон чок кардан ва ғайра мебошад.
Пайравӣ кардан аз одатҳои ҷоҳилият, ки шариат онҳоро тасдиқ накардааст ҳаром аст.
Ғамгинӣ ва гиря кардан ишколе надорад, зеро он бо сабр бар қазои илоҳӣ зид нест, балки он раҳматест, ки Худованд дар дилҳои наздикон ва дӯстдорони шахс қарор додааст.
Мусалмон бояд ба қазои илоҳӣ розӣ бошад, агар розӣ набошад, сабр кардан барояш воҷиб аст.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

