Он як калимаи ҳақ аст, ки ҷин онро медуздад ва монанди қуд-қуди мурғ дар гӯши валии худ қарор медиҳад, сипас онҳо сад дурӯғи дигар дар атрофи он меафзоянд
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Бархе аз мардум аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи фолбинон пурсиданд ва Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Онҳо чизе нестанд". Гуфтанд: эй Расули Худо! Гоҳо онон чизе мегӯянд, ки он рух медиҳад. Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Он як калимаи ҳақ аст, ки ҷин онро медуздад ва монанди қуд-қуди мурғ дар гӯши валии худ қарор медиҳад, сипас онҳо сад дурӯғи дигар дар атрофи он меафзоянд".
Explanation
Гуфтанд: гоҳо ончи мегӯянд мутобиқ бо воқеият аст, монанди дар фалон рӯз ва дар фалон моҳ рух додани кори ғайбиеро мегӯянд ва ҳамон гуна, ки гуфтанд воқеъ мешавад.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: ҷинҳо хабари осмониро мешунаванд ва онро рабуда ба назди авлиёи худ, ҳамон фолгирон, фурӯд меоянд ва ба онҳо мерасонанд ва фолгирон атрофи он хабар сад дурӯғи дигар меафзоянд.
Benefits
Осмон пас аз биъсати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз шайтонҳо ва шунидани ваҳй аз ҷониби онҳо ҳифз шудааст, магар шайтонҳое, ки дуздона гӯш кунанд ва аз исобати шаҳобҳо ҷон ба саломат баранд.
Ҷинҳо аз миёни мардум барои худ дӯст интихоб мекунанд.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

