На сирояти беморӣ (асар дорад) ва на фоли бад ва на ҳашарот ва на сафар (моҳи сафар) ва аз бемории ҷузомӣ (махав) бигрез, чунон ки аз шер мегурезӣ
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "На сирояти беморӣ (асар дорад) ва на фоли бад ва на ҳашарот ва на сафар (моҳи сафар) ва аз бемории ҷузомӣ (махав) бигрез, чунон ки аз шер мегурезӣ."
Explanation
Аввал: Мардуми замони пеш аз Ислом эътиқод доштанд, ки беморӣ худ ба худ сирояткунанда аст. Пас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ин бовар, ки интиқоли беморӣ аз як бемор ба бемори дигар бинобар табъи он беморӣ рух медиҳад, манъ намуданд. Зеро Аллоҳ Таъоло аст, ки дар ҳастӣ тасарруф мекунад ва Ӯ аст, ки бемориро ба вуҷуд меорад ва онро аз байн мебарад ва ин кор ҷуз ба ирода ва ихтиёри Ӯ рух намедиҳад.
Дуввум: Мардуми замони пеш аз Ислом агар барои сафар ё тиҷорат берун мешуданд, парандаеро ба парвоз медоданд, агар ба тарафи рост парвоз мекард, онро башорат ва хушӣ медонистанд. Ва агар ба тарафи чап парвоз мекард, онро шум ва бадӣ мепиндоштанд ва аз сафар ё тиҷорат бармегаштанд. Пас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фоли бад гирифтан бо парандаро манъ кард ва баён намуд, ки ин эътиқоди ботил аст.
Сеюм: Мардуми пеш аз Ислом мегуфтанд: Агар мурғи бум ба хонае фуруд ояд, ба сари аҳли он хона офате ё мусибате рӯй хоҳад дод. Бинобар ин Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз шум донистани бум манъ карданд.
Чаҳорум: Дар бораи моҳи сафар, ки моҳи дуюми солшумории ҳиҷрӣ-қамарӣ аст, бадбинӣ кардан ҳаром аст. Мегуфтанд, ки моҳи сафар море аст дар меъда, ки ба чорво ва одамон сироят мекунад. Гумон мекарданд, ки сахттар аз бемории ҷараб (як навъ бемории пӯст маъруф ба хоришак) аст. Он ҳазрат ин эътиқодро низ рад карданд.
Панҷум: Дурӣ ҷустан аз шахсе, ки гирифтори махав аст, чунон ки аз шер мегурезад ва ин аз рӯйи эҳтиёт барои ҳифзи ҷон ва талаби саломатӣ ва анҷоми асбобе аст, ки Аллоҳ ба он амр кардааст. Ҷузом (махав) навъи беморие аст, ки боиси резиши аъзои бадан мешавад.
Benefits
Имон ба қазо ва қадари илоҳӣ ва ин ки асбоб ба дасти Аллоҳ аст ва Ӯ аст, ки онро ҷорӣ месозад ё таъсири онро бекор мекунад, воҷиб аст.
Ботил будани корҳое, ки баъзе аз мардум анҷом медиҳанд, аз ҷумла: шум донистани баъзе аз рангҳо, монанди сиёҳ ва сурх, ё баъзе аз ададҳо, ё номҳо, ё шахсҳо ва ё касоне, ки дучори маълулият ва беморӣ ҳастанд.
Наҳй аз наздик шудан ба шахси мубталои махав ва ҳамчунин ба одамони гирифтори бемориҳои сирояткунанда аз ҷумлаи сабабҳоест, ки одатан Худованд онҳоро василаи расидан ба натиҷаи муайян қарор додааст. Аммо сабабҳо худ аз худ таъсиргузор нестанд. Балки Худованд аст, ки агар бихоҳад, қувваи таъсиргузории онҳоро мегирад ва дигар ҳеҷ таъсире намекунанд; ва агар бихоҳад, он қувваро боқӣ мегузорад ва сабабҳо таъсир мекунанд.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

