Дар дунё он чуноне бош, ки гӯё ғариб ва ё роҳгузаре ҳастӣ
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз китфи ман дошта чунин фармуданд: "Дар дунё он чуноне бош, ки гӯё ғариб ва ё роҳгузаре ҳастӣ». Ва Ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) (ҳамеша) мегуфт: "Ҳар гоҳ шаб фаро расад, мунтазири субҳ набош ва ҳар гоҳ ки ба субҳ расидӣ, мунтазири шаб набош. Ва аз сиҳатмандии худ (чизе) барои бемориат ва аз ҳаёти худ (чизе) барои маргат бигир.
Explanation
Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ба ин васияти Паёмбари Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амал мекард ва мегуфт: "Ҳангоме ки саҳар кардӣ, интизори шаб машав; ва ҳангоме ки шаб кардӣ, интизори саҳар машав. Ва худро аз аҳли қабрҳо бишмор". Зеро умр ҳамеша дар ҳолати тағйир аст, гоҳе сиҳатӣ, гоҳе беморӣ ва инсон намедонад кай умраш ба поён мерасад. Пас дар рӯзҳои сиҳатият ба тоату ибодат талош кун, пеш аз он ки беморӣ монеи амали солеҳ гардад. Дар дунё зиндагиатро ғанимат шумор ва барои худ он чизеро ҷамъоварӣ ва захира кун, ки баъд аз маргат бароят судманд бошад.
Benefits
Оғоз кардани насиҳат ва роҳнамоӣ ба касе, ки онро дархост накардааст.
Омӯзгории зебои Паёмбари (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки бо зарбулмасалҳои қонеъкунанда ба хубӣ таълим медод, чунончи, фармуданд: "Дар дунё чунон бош, ки гӯё ғариб ё мусофире бошӣ".
Мардум дар сафари худ ба сӯи охират мутафовит ҳастанд, монанди роҳгузар, ки нисбат ба ғариб, дар зуҳд мартабаи болотаре дорад.
Баёни кӯтоҳии умед ва омодагӣ барои марг.
Ин ҳадис маънои тарк кардани ризқ ва мамнуъ кардани лаззатҳои дунёро надорад, балки маънои ташвиқ ба зоҳидӣ ва каму ночиз шуморидани онро дорад.
Шитоб кардан дар анҷоми амалҳои савоб пеш аз нотавонӣ дар анҷоми он, ки метавонад беморӣ ё марг монеи анҷом додани он шавад.
Фазилати Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо), чун ӯ таҳти таъсири ин мавъизаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) қарор гирифт.
Ватани муъминон ҷаннат аст, бинобар ин, ӯ дар дунё ғариб ва мусофир ба сӯи охират аст. Дили ӯ ба ягон ҷои дунё пайваст нест, балки ба ватани худ, ки бармегардад, вобаста аст. Зиндагӣ дар ин дунё барои қонеъ кардани ниёзҳост ва омодагӣ барои бозгашт ба ватани аслиаш аст.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

