Гуфтам: Эй Расули Худо, наҷот дар чист? Фармуд: "Забони худро нигоҳ дор, дар хонаат биншин (хилват ва ибодат дар хонаатро бар худ лозим бигир) ва бар гуноҳат гиря кун (тавассути тавба ва пушаймонӣ)
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Уқба ибни Омир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Гуфтам: Эй Расули Худо, наҷот дар чист? Фармуд: "Забони худро нигоҳ дор, дар хонаат биншин (хилват ва ибодат дар хонаатро бар худ лозим бигир) ва бар гуноҳат гиря кун (тавассути тавба ва пушаймонӣ)."
Explanation
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Ин се корро бояд анҷом диҳӣ.
Якум: забони худро нигоҳ дор аз ҳар сухани бад ва бефоида, танҳо сухани нек бигӯй.
Дуюм: дар хонаат бимон, Худовандро дар хилват ибодат кун ва худро аз фитнаҳо дур нигоҳ дор.
Сеюм: барои гуноҳонат гиря кун, пушаймон шав ва тавба кун.
Benefits
Баёни сабабҳои наҷот дар дунё ва охират.
Ташвиқ мешавад, ки агар шахс натавонад ба дигарон фоида расонад ё тарсад, ки омехта шудан бо мардум ба динаш зарар мерасонад, беҳтар аст худро машғули ислоҳи худ кунад.
Таъкид бар аҳамияти хона ва хилват, махсусан дар замони фитнаҳо, зеро он воситаи муҳофизати дин аст.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

