Оё медонед ғайбат чист?" Гуфтанд: Аллоҳ ва Паёмбараш огоҳтаранд. Гуфт: "Бародаратро ба ончи, ки дӯст надорад ёд кунӣ
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Оё медонед ғайбат чист?" Гуфтанд: Аллоҳ ва Паёмбараш огоҳтаранд. Гуфт: "Бародаратро ба ончи, ки дӯст надорад ёд кунӣ" Гуфтанд: агар ончи мегӯям дар бародарам бошад чӣ? Гуфт: "Агар ончи мегӯи дар ӯ бошад, ӯро ғайбат кардаи ва агар ончи мегӯи дар ӯ набошад бар ӯ тӯҳмат задаи".
Explanation
Аммо агар сифатҳои мазкур дар ӯ набошад, пас он бадтар аз ғайбат аст, ки ба он бӯҳтон гуфта мешавад, яъне: тӯҳмат задан ба инсон ба ончи ки дар ӯ нест.
Benefits
Адаб ва рафтори неки саҳобагон дар баробари Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), чунончи дар посух гуфтанд: Худо ва Паёмбараш беҳтар медонанд.
Шахсе чун дар мавриди чизе, ки намедонад пурсида шавад, мегӯяд: Аллоҳу Аълам (Худо беҳтар медонад).
Ҳифзи қавонини шариъат марбут бо ҳифзи ҳуқуқ ва бародарӣ дар ҷомеа аст.
Ғайбат кардан ҳаром аст, магар дар баъзе аз маворид, ки барои маслиҳати ҷомеа аст, аз ҷумла: дафъи зулм, чунончи шахси мазлум назди касе, ки тавони дафъи зулм ва гирифтани ҳаққи ӯро дорад меравад ва мегӯяд: фалонӣ бар ман зулм кард, ё фалон чунин кореро дар ҳаққи ман кардааст. Ё машварат ва маслиҳат дар мавриди ақди никоҳ, шарикӣ дар мол ва тиҷорат ва ё дар мавриди ҳамсоядорӣ бошад.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

