Ин ду намоз (бомдод ва хуфтан) барои мунофиқон аз ҳама душвортарин намозҳо аст. Агар шумо бидонед, ки дар онҳо чӣ подошу фазилате ҳаст, ҳатман барои хондани онҳо бо ҷамоат бо зонуҳоятон хазида меомадед
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Убай ибни Каъб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯзе намози бомдодро бо мо гузошт ва фармуд: "Оё фалонӣ дар ҷамоат ҳозир буд?" Гуфтанд: не. Пурсид: "Оё фалонӣ дар ҷамоат ҳозир буд?" Гуфтанд: не. Он Ҳазрат фармуданд: "Ин ду намоз (бомдод ва хуфтан) барои мунофиқон аз ҳама душвортарин намозҳо аст. Агар шумо бидонед, ки дар онҳо чӣ подошу фазилате ҳаст, ҳатман барои хондани онҳо бо ҷамоат бо зонуҳоятон хазида меомадед. Сафи аввал монанди сафҳои фариштагон аст. Агар шумо бидонед, ки он чӣ фазилате дорад, барои расидан ба он аз якдигар сабқат мегирифтед. Намози мард бо марди дигар афзалтар аз танҳо намоз гузоштани ӯст, бо ду кас намоз гузоштанаш боз ҳам афзалтар аст. Ва ҳар қадар бештар бошад, он барои Худо дӯстдоштанитар аст."
Explanation
Эй муъминон! агар медонистед, ки дар намозҳои бомдод ва хуфтан чӣ қадар савоб ва подоши зиёд аст — зеро подош ба андозаи машаққат аст — барои ширкат дар ин ду намоз бо ҷамоати мусалмонон хазида ва бо дасту по роҳ гашта худро ба масҷид мерасондед.
Дар ҳақиқат саффи аввали намоз, дар наздикиаш ба имом, мисли саффи аввали фариштагон дар наздикиаш ба Аллоҳ Таъоло аст. Агар муъминон фазилати саффи аввалро медонистанд, барои он сабқат мекарданд. Намози як мард бо марди дигар аз намози танҳо буданаш савоби бузургтар ва таъсири бештар дорад. Ва намозаш бо ду мард беҳтар аз бо як мард будан аст. Намозе, ки мардум бештар дар он ҷамоат истода бошанд, ба Худованд бештар писанд ва маҳбубтар аст.
Benefits
Побанд будан ба намозҳои ҷамоат, махсусан намозҳои бомдод ва хуфтан, зеро ин ду намоз аз нишонаҳои имон аст.
Бузургии аҷру савоби намозҳои хуфтан ва бомдод дар он аст, ки барои адо кардани онҳо мубориза бо нафс ва сабр кардан дар ибодат лозим аст. Бинобар ин савоби онҳо аз дигар намозҳо бештар аст.
Намози ҷамоат бо ду нафар ва бештар аз он ба анҷом мерасад.
Фазилати саффи аввал ва ташвиқ ба шитофтан барои дарёфти он.
Фазилати бештар будан дар намози ҷамоат, зеро ҳарчи ҷамъ зиёдтар бошад, подош ва савоб ҳам бештар мешавад.
Амалҳои нек дар фазилат бо ҳам тафовут доранд. Бартарияти онҳо ба воситаи шариат муайян шуда аст. Инчунин ба он чи ки ҳолатҳои он амалҳо тавсиф мешавад.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

