(Аҷру подоши) намози як марди мусалмон бо ҷамоат, бисту чанд дараҷа бештар аз намозест, ки дар хона ва дар бозор мехонад, мешавад
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "(Аҷру подоши) намози як марди мусалмон бо ҷамоат, бисту чанд дараҷа бештар аз намозест, ки дар хона ва дар бозор мехонад, мешавад. Зеро вақте ки яке аз онҳо таҳорат кунад ва таҳораташро хуб анҷом диҳад ва сипас ба масҷид биёяд ва чизе ҷуз намоз ӯро наоварда бошад ва танҳо барои намоз омада бошад, пас қадаме намебардорад, магар ин ки дараҷае бар дараҷаҳояш афзуда мешавад ва як гуноҳ аз ӯ пок мешавад, то ин ки вориди масҷид шавад. Ва чун вориди масҷид шуд, то вақте ки намоз ӯро нигоҳ дошта бошад, дар ҳоли намоз хоҳад буд. Ва фариштагон то вақте, ки яке аз шумо дар ҷои намоз хондааш нишаста аст, бар ӯ дуруд мефиристанд. Ва мегӯянд: Илоҳо ӯро раҳм кун, Илоҳо ӯро биёмурз, Илоҳо тавбаи ӯро бипазир. То замоне ки озор нарасонад ё таҳораташ ботил нашавад."
Explanation
Benefits
Намози бо ҷамоат дар масҷид хондан аз намози танҳо хондан, бисту панҷ ё бисту шаш, ё бисту ҳафт дараҷа беҳтар аст.
Яке аз вазифаҳои фариштагон дуо кардан дар ҳаққи муъминон аст.
Фазилати бо таҳорат ба масҷид рафтан.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

