ҚАЛБИ ИСФАНҶИ

ҚАЛБИ ИСФАНҶӢ

Шубҳа он ботиле аст, ки либоси ҳақ пӯшидааст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Ва ҳамчунин барои ҳар Паёмбаре душманоне аз шайтонҳои инсу ҷин пайдо кардем, ки барои фиреб додан, баъзеашон ба сӯйи баъзе сухани ба зоҳир ороста илқо мекунанд. Ва агар Парвардигори ту мехост, ин корро намекарданд. Пас онҳоро ба ифтирояшон бигузор”. Анъом 112. Яъне, зиннат додани ботил бо забон.
Шайхул Ислом гуфт: “Қалби худро барои хоҳишҳо ва гумону шубҳаҳо ба мисли исфанҷ макун, балки қалби худро ба мисли шиша бигардон, ки шубҳаҳо дар зоҳири он бошад, на дар ботини он”.
Аз сабабҳои бемории қалб, ин таъсири фитнаҳо ба қалб пеш аз дохил шудани ҳақ бар он. Зеро Паёмбар ﷺ моро ба назди Даҷҷол баромаданро наҳй карданд, ба сабаби доштани ботилҳои ошкор, ки зуд ба инсон таъсир мекунад.

Бе узри шаръӣ талаби талоқ намояд:

Бе узри шаръӣ талаби талоқ намояд:

📋Бисёре аз занон бо пайдо шудани хилофи каме бо шавҳараш оҷилона ва саросемавор аз ӯ дархости талоқ мекунад. Ва ё ҳар гоҳе, ки зан аз мард пул талаб кунад, он мард хоҳиши онро иҷро карда натавонад, дар ҳол талаби талоқ мекунад ва ё бо суханон ва маслиҳати баъзе аз хешовандон ва ҳамсояҳои фасодкораш ба ин кор даст занад.

Ва баъзе вақтҳо бо ибораҳои бад ва ғазабоваранда бо шавҳараш мубориза мебарад. Масалан мегӯяд:”Агар мард бошӣ, манро талоқ бидеҳ!”.

Шаке нест, ки талоқ мафосид ва зарарҳои бузурге дорад, ба монанди пароканда шудани оила ва оворагии фарзандонро дар пай дорад. Лекин пас аз чанд муддате зан пушаймон мешавад, аммо пушаймонӣ дигар фоидае надорад. Бо ҳамин сабабҳо ва масъалаҳои дигар ҳикмати ҳаром гардонидани ин кор дар шариъати исломӣ равшан аст.

🌿Аз Савбон разияллоҳу анҳу ривоят шудааст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам
фармуданд:🌹“Ҳар зане, ки бе ягон мушкилие аз шавҳараш талаби талоқ бикунад, бӯйи биҳишт бар ӯ ҳаром гардад”.
📚Ривояти имом Аҳмад ҷ3/с277 ва дар Саҳеҳи ал-Ҷомиъ 2715.

🌿Аз Уқба ибни Омир разияллоҳу анҳу ривоят шудааст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам
фармуданд:🌹“Заноне, ки аз шавҳаронашон талаби талоқ мекунанд, онҳо занони мунофиқ ҳастанд”.
📚Ривояти имом Табаронӣ дар китоби ал-Кабир ҷ17/с559, ва дар Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 1934.

Аммо агар талаби талоқ бо узр ва сабаби шаръӣ бошад, ба монанди тарки намоз, шаробхурӣ ва истифода бурдани маводи мухаддир, мисли героин ва амсоли он, аз ҷониби шавҳар. Ва ё шавҳар занро барои анҷом додани кори ҳароме маҷбур бикунад. Ва ё шиканҷа кунад, ва ӯро аз ҳуқуқи шаръӣ ва қонуниаш маҳрум созад, ва панду насиҳат фоидае набахшад ва талоши ислоҳшавии ӯягон фоидае надиҳад. Дар ин сурат беягон мушкилӣ зан метавонад худ ва динашро ҳимоят бикунад, ва аз шавҳараш талаби талоқ бикунад, ҷоиз аст.

ҚАЛБИ СОЛИМ

ҚАЛБИ СОЛИМ

Яке аз дуоҳои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ин буд, ки чунин мефармуданд: «Бор Илоҳо, аз Ту қалби солимро мепурсам». Ривояти имом Аҳмад ва Тирмизӣ.

Қалби солим холис барои Аллоҳ аст, маъбуди дигаре надорад.
Қалби солим ҳеҷ якеро ба ғайр аз Аллоҳ подшоҳ, корсоз ва амркунанда намебинад ва ҳар чизе медиҳад барои Аллоҳ медиҳад. Дӯстӣ ва душманиаш барои Аллоҳ аст. Қалби солим ҳаракате намекунад, магар ба корҳое, ки дар он розигии Парвардигор бошад. Қалби солим мегӯяд: «Шунидем, итоат мекунем». Ҳеҷгоҳ дар қалби солим тангӣ ва сиёҳие нест. Қалби солим аз шубҳаҳо ва амалҳои шаҳвонӣ, ки зидди имон аст, солим мондааст.

Аллоҳ таъоло аз Иброҳими Халил (алайҳис салом) қисса карда чунин мефармояд: «Ва маро рӯзе, ки мардумон барангехта шаванд, расво макун. Рӯзе, ки молу фарзандон фоида надиҳад, лекин соҳиби фоида он кас бувад, ки қалби солиму беайбро пеши Аллоҳ биёрад». Шуаро:87,89.

ҚАЛБИ ШИШАГИН

ҚАЛБИ ШИШАГИН

Қалби банда ба мисли зарф аст, ки он байни нармӣ ва мулоимӣ ҷамъ шудааст. Паёмбар ﷺ фармуданд: «Ҳароина барои Аллоҳ аз аҳли рӯйи замин, яъне мардумон зарфе аст. Ва зарфи Парвардигоратон, ки дар он нури имонро ҳифз мекунад, он қалби бандагони солеҳ аст. Ва он дӯстдоштатарин қалб дар назди Аллоҳ таъолост».Табаронӣ

Қалби муъмин ба мисли чароғи равшан аст, софу нарм, боқуввату сахт ва нуронист. Он қалб ҳақро бо нураш мебинад ва онро бо нармиаш қабул мекунад ва бо қуввату сахтиаш ботилро рад мекунад. Паёмбар ﷺ фармуданд: «Бор Илоҳо, дар қалбам нуре ато фармо». Бухорӣ ва Муслим.

Софу нарм гардидани қалб, бо тақвои Илоҳист. Паёмбарﷺ фармуданд:«Албатта бандае, ки хато ва гуноҳ мекунад ба қалбаш нуқтаи сиёҳе пайдо мешавад, пас агар аз он тавба кард, пок мегардад». Аллоҳ таъоло фармуд: «Ҳаргиз чунин нест, балки он чи мекарданд, бар дилҳояшон занг бастааст». Мутаффифин 14.

ҚАЛБИ БОЙ

ҚАЛБИ БОЙ

Қалб чигуна бой будани худро ҳис мекунад?
1. Ба ғайр аз Аллоҳ ба касе такия накарда, танҳо ба Аллоҳ боварӣ кардан аст, на ба моле, ки дар даст дорад. Пас чи қадар хоксории банда дар назди Парвардигор зиёд гардад, ҳамон қадар бойии қалбаш комилтар шавад.

2. Ба ёд овардани неъматҳои Парвардигор, ки онҳо хеле зиёданд ва шумор надоранд. Ва баъзе бандагон лоиқи ин неъматҳо нестанд. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Сарватманд будан бо доштани молу матои зиёд нест, балки сарвати воқеъӣ, ин бениёзии дарунӣ аст».
Бухорӣ ва Муслим.

3. Розӣ будан ба ризқи Парвардигор дар ато ва манъ. Зеро Аллоҳ таъоло бандаашро аз ризқ аз рӯйи бахилӣ манъ намекунад, балки манъи ӯ аз рӯйи раҳмат ва меҳрубонии ӯст. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Ончи Аллоҳ таъоло барои ту тақсим кардааст, розӣ бош, то аз бойтарин мардум гардӣ». Тирмизӣ.

ҒИЗОИ ҚАЛБҲО

ҒИЗОИ ҚАЛБҲО

Рӯзҳо мегузарад, вақт дароз аст ва қалбҳо сахт гашта дар ғафлат мондааст. Ва қалб бошад аз ёди Аллоҳ ва сухан аз Аллоҳ ва сухан аз охират лаззат мебарад.
Ту агар наҷотро бихоҳӣ, пас ба дастовези муҳкаме чанг бизан. Ва ба осори раҳмати Парвардигорат назар бикун.
Агар ҷисми инсон аз таому шароб сер нагардад, сабаб он аст, ки қалб аз зикри Аллоҳ сер нест. Зикри Аллоҳ ҳаёти қалб ва роҳати он аст. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Мисоли оне, ки Парвардигорашро ёд мекунад ва оне, ки Парвардигорашро ёд намекунад, ба монанди мурда ва зинда аст». Бухорӣ ва Муслим.
Аллоҳ таъоло фармуд: «Онон, ки имон оварданд ва қалбҳояшон ба ёди Аллоҳ ором мегирад. Огоҳ шав қалбҳо ба ёди Аллоҳ ором мегиранд». Раъд 28.

ҚАЛБИ ЗИНДА

ҚАЛБИ ЗИНДА

Аллоҳ таъоло фармуд: «Оё касе, ки мурда буд ва мо ӯро зинда сохтем ва барои ӯ нуре пайдо кардем, ки бо он дар миёни мардумон меравад, монанди касе бошад, ки сифаташ ин аст, ки дар торикиҳост ва аз он беруноянда нест? Ҳамчунин он чи кофирон мекарданд дар назараашон ороста карда шудааст».

Аллоҳ таъоло аз шахси кофире мисол меорад, ки дар зулумоту гумроҳӣ зиндагӣ мекард, пас ӯро Аллоҳ зинда кард ва ба ӯ нуре ато кард, ки байни мардум мегашт. Ва маънои зинда кард, дар ин оят яъне қалбашро баъд аз он ки мурда буд, зинда кард. Пас қалбҳо ду навъ аст: 1. Қалби зинда. 2. Қалби мурда.

Пас маънои мурдани қалб чист?
Қалб чизе аст, ки Аллоҳ онро барои шинохти ҳақ ва амал ба он халқ кардааст. Ва агар қалб ҳақро нашинохт ва ба он амал накунад, пас аз вазифае, ки дошт берун гардад. Вазифае, ки барои он халқ шуда буд. Пас ӯ ба мисли як узви мурда аст, ки аз он ҳеҷ хайре нест.

Бинобарин Аллоҳ таъоло байни оне, ки ҳақро шинохта имон меорад ва оне, ки ҳақро қабул накарда рӯйгардон мешавад, қалби аввалро қалби зинда ва қалби дуввумро қалби мурда номид. Аллоҳ таъоло фармуд: «Пас бар Аллоҳ таваккул бикун, ба дурусти ки ту бар дини рости равшан ҳастӣ. Ба таҳқиқ ту овозро ба мурдагон шунавонида наметавонӣ ва ба карон вақте ки онҳо пушт дода рӯй бигардонанд, шунавонида наметавонӣ. Ва ту барои кӯрон роҳнамоянда нестӣ, то аз гумроҳии хеш бозоянд. Ту намешунавонӣ , магар касеро, ки ба оятҳои Мо имон овардааст. Пас ин ҷамоа гарданниҳандагонанд». Намл 79,81.

Акнун қалб чи тавр мемирад ва чи тавр зинда мегардад?
Аллоҳ таъоло фармуд: «Ва Ӯ он Парвардигоре аст, ки барои шумо шунавоӣ ва биноӣ ва қалбҳоро биофарид, андаке шукргузорӣ мекунед?». Муъминун 78.

Ва инҳо ҳама ҳақро мешиносанд ва саййиди онҳо қалб аст. Албатта Аллоҳ ба инсон шунавоӣ, биноӣ ва қалбро ато кард, то Парвардигорашро бишносад ва танҳо Ӯро ибодат карда ба Ӯ чизеро шарик наорад. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Ҳар кӯдаки навзод, ки таваллуд мешавад, дар фитрат таваллуд мешавад, яъне дар Ислом таваллуд мешавад. Пас падару модараш ӯро яҳӯдӣ, насронӣ ё маҷусӣ мекунанд. Монанди чаҳорпоён, ки фарзанди худро таваллуд мекунанд, оё дар миёни онон гӯшбуридае мебинӣ?». Бухорӣ.

Ва дар байни мардум инсонҳое ҳастанд, ки қалби зинда ва бино доранд. Онҳо Парвардигорашонро шинохтанд ва ба Ӯ имон оварданд ва пайравӣ ҳаққе шуданд, ки онро нозил кардааст.

Ва дар байни мардум инсонҳое ҳастанд, ки Аллоҳро шинохта имон оварданд ва пайравӣ ҳавову ҳавас нашуданд. Пас Аллоҳ таъоло қалбашонро зинда гардонда ба он ҳаёт ва нурро ато фармуд.

Ва аз онҳо инсонҳое ҳастанд, ки инкор намуда, рӯй гардонданд. Пас қалбашон бимурд. Пас он дар зулумоту торикие аст, ки аз он берун шуда наметавонад.

Ва асли ҳаёти қалб ин аст, ки дар он маъбуде ба ҷуз Аллоҳи ягона вуҷуд надошта бошад.

Ва бузургтарин сабаби марги қалб ин аст, ки банда ба Парвардигораш кофир гардад ва ё ба Ӯ чизеро шарик орад. Бинобарин он шахсе, ки қалбаш мурдааст, гӯшаш ҳақро намешӯнавад ва чашмонаш кӯр аст, ки ҳақро намебинад.

Аммо қалбҳои зинда гуногун ҳастанд, ки Аллоҳ он нурро ба қалбҳои бандагон нозил мекунад. Аллоҳ рӯҳро амр мекунад, ки бо он қалб зинда мегардад. Ва нуре медиҳад, ки ҳақро аз ботил ҷудо мекунад. Аллоҳ таъоло фармуд: «Ва ҳамчунин Қуръонро аз каломи Худ ба сӯйи ту ваҳй фиристодем. Ту намедонисти, ки китоб чист ва намедонисти, ки имон чист. Валекин вайҳро равшан сохтем. Ҳар киро мехоҳем аз бандагон ҳидоят менамоем». Шуро 52.

Бинобарин ҳар бандае, ки ваҳйи Илоҳӣро қабул дорад, қалби зинда, ҳаёти бузург ва неъматҳои онро ноил гардад. Ва бандае, ки чи қадар аз қабули ваҳйи Илоҳӣ дур гардад, ҳамон қадар ҳаёташ заъиф гашта, биноияш суст мешавад. Аллоҳ таъоло фармуд: «Эй муъминон, чун Аллоҳу Расул шуморо барои он чизе, ки шуморо зиндадил месозад, бихонанд, он хонданро қабул кунед. Ва бидонед, ки Аллоҳ дар миёни мард ва қалби ӯ ҳоил мешавад (яъне азамати ӯро беасар мекунад) ва бидонед, ки ба сӯйи Ӯ барангехта хоҳед шуд». Анфол 24.

Тарҷумаи Ҷамолиддинзода Фирдавс.

ҚАЛБИ ТАРСАНДА

ҚАЛБИ ТАРСАНДА

Аллоҳ таъоло фармуд: «Ҷуз ин нест, ки муъминон он касоне ҳастанд, ки чун Аллоҳро ёд карда шавад қалбашон битарсад». Анфол 2.
Хавфи қалб, ки тарсу ҳайбате аст, ки наздик ба муҳаббати Аллоҳ аст. Ҳаргоҳ банда Аллоҳро ба ёд меорад ва зикр мекунад, он тарс пайдо мешавад.

Ва тарс аз Аллоҳ бо ин сабабҳо пайдо мегардад:
1. Оне, ки Аллоҳро бишносад дар қалбаш бузургиву ҳайбати ӯ пайдо мегардад, пас аз ӯ тарсида тақво пеша мекунад. Дар ҳадис омадааст: «Яке аз уламои яҳӯд ба назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васаллам омад ва гуфт: Эй Муҳаммад, мо дар Таврот хондем, ки Парвардигор осмонҳоро бар як ангушт ва заминро бар як ангушт ва дарахтонро бар як ангушт ва обро бар як ангушт ва хокро бар як ангушт ва дигар махлуқотро бар як ангушт қарор медиҳад ва мегӯяд: Ман подшоҳ ҳастам. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз боби тасдиқи суханаш чунон хандиданд, ки дандонҳои пешашон намоён шуд. Сипас ин оятро тиловат карданд: «Ва Аллоҳро ба андозаи ҳаққи шинохти ӯ нашинохтанд. Ва рӯзи қиёмат ҳамон замин якҷо дар мушти Ӯ бошад ва осмонҳо дар дасти рости Ӯ печида шаванд. Покӣ Ӯро аст ва аз ончи шарики Ӯ муқаррар мекунанд, бартар аст». Зумар 67.

2. Ва аз ҷумлаи сабаби тарси қалб, ин тарсидан аз он, ки оё тоати ман ба даргоҳи Илоҳӣ қабул бошад ва ё не?
Пас оне, ки бузургии Парвардигорро шинохт, худро дар назди Парвардигор ҳеҷ медонад, шарм медорад, ки амалҳояш ба назди Парвардигор бардошта шавад ва метарсад, ки қабул нагардад.
Ҳароина Оиша разияллоҳу анҳо аз маънои ин оят аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васаллам пурсид: «Ва онон, ки он чи бояд бидиҳанд, медиҳанд ва дилҳояшон ба сабаби он, ки онҳо ба сӯи Парвардигори хеш хоҳанд бозгашт, тарсон аст». Муъминун 60. Гуфт: Оё онҳо касоне ҳастанд, ки арақ менӯшанд ва дӯздӣ мекунанд? Фармуданд: Не, эй духтари Сиддиқ. Онҳо касоне ҳастанд, ки рӯза медоранд ва намоз мехонанд ва садақа медиҳанд ва онҳо тарс аз он доранд, ки амалҳо оё қабул мешавад? Пас давоми оятро хонданд: «Ин ҷамоа дар некиҳо саъй мекунанд ва онҳо ба сӯи он сабқаткунанда ҳастанд».

3. Ва аз ҷумлаи сабабҳои тарси қалб, тарсидан аз азоби Парвардигор бар гуноҳоне, ки даст ба он зада буд. Зеро ягон гуноҳе нест, ки он азоб надошта бошад, ҳам дар дунё ва ҳам дар охират, модоме, ки банда аз он тавба накарда бошад. Аллоҳ таъоло фармуд: «Ҳар ки кори бад кунад ба он ҷазо дода хоҳад шуд ва барои худ ба ҷуз Аллоҳ ҳеҷ дӯсте ва ёридиҳандае наёбад». Нисо 123.

Қалби шахси муъмин ҳар гуноҳро бузург медонад. Абдуллоҳ ибни Масъуд разияллоҳу анҳу гуфт: «Албатта шахси муъмин гуноҳашро ҳамчу як шахс дар зери кӯҳ медонад ва метарсад, ки дар зери он мемонад. Ва шахси фоҷир бошад, гуноҳи худро ба мисли пашша медонад, ки гуё он ба биниаш нишаста бошад ва ӯ онро бо дасташ раҳо кунад». Бухорӣ.

Ба оташи дӯзах танҳо кофирон дохил намегардад, балки баъзе мусалмонони гунаҳкор низ бо гуноҳонашон дохили он мегарданд. Онҳое, ки аз гуноҳонашон дар ин дунё тавба накарда вафот карда буданд, Аллоҳ онҳоро дар рӯзи ҳисоб низ мағфират намекунад.

Паёмбар саллалоҳу алайҳи васаллам фармуданд: «Дар рӯзи қиёмат қавме дар сафи аҳли дӯзах меистанд, бо гуноҳоне, ки карда буданд. Пас Аллоҳ таъоло ба фазлу раҳмати Худ онҳоро ба ҷаннат дохил мекунад. Ва онҳоро дар ҷаннат, дӯзахиҳо номида шавад». Бухорӣ.

Тарҷумаи Ҷамолиддинзода Фирдавс.

ҚАЛБИ СОДИҚ

ҚАЛБИ СОДИҚ

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Ҳеҷ бандае нест, ки содиқона ва аз таҳи қалб гувоҳӣ диҳад, ки маъбуди барҳаққе ба ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад ва шаҳодат диҳад, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст, магар ин ки Аллоҳ таъоло Ӯро бар оташи дӯзах ҳаром гардонад».
Ва калимаи тавҳидро инсон фақат ба забонаш орад, пас ӯ дурӯғгӯ аст, ба монанди мунофиқон, зеро бояд забон тобеъи қалб бошад, ки ин сифати содиқон аст.
Бинобарин қалбҳо бар ду навъ ҳастанд:
1. Қалби содиқ. 2. Қалби козиб.
Бештари мардуми мо даъвои имондорӣ мекунанд, лекин ба ҳамаи он далелу бурҳон лозим аст, то аз ҷумлаи содиқон гардад, магар ин ки ӯ дурӯғгӯ аст. Аллоҳ таъоло амр кардааст, то бандагонашро бо хайру шарр имтиҳон бикунад, то қалби ростгӯ аз қалби дурӯғгӯ фарқ бикунад. Аллоҳ таъоло фармуд: «Алиф, лом, мим. Оё мардумон пиндоштанд, ки ба муҷарради он, ки гӯянд: Имон овардем, гузашта шаванд ва онҳо имтиҳон карда нашаванд? Ва ба дурусти, ки ононро ки пеш аз онҳо буданд, имтиҳон кардем. Пас Аллоҳ ононро, ки рост гуфтанд, албатта маълум кунад ва дурӯғгуёнро ҳам албатта маълум созад». Анкабут:1.3.
Ва дар вақти зоҳир шудани фитна, бандае, ки Аллоҳро дӯст медорад ва бар ӯ умед дорад ва аз ӯ метарсад ва содиқона амал мекунад, шояд ба ҳамаи инҳо ӯ дурӯғгӯ бошад.
Ва аммо ҳоли мунофиқонро Аллоҳ хабар дода чунин фармудааст: «Ва аз онҳо касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳ аҳд бастанд. Агар аз фазли Худ моро бидиҳад, албатта садақа диҳем ва аз некукорон бошем. Пас вақте, ки онҳоро аз фазли худ бидод, ба он бахилӣ карданд ва эърозкунон бозгаштанд. Пас Аллоҳ нифоқро дар дилашон то рӯзе, ки бо Вай мулоқот кунанд, оқибати ҳолашон сохт, ба сабаби он, ки бо Аллоҳ дар ончи бо вай ваъда карда буданд, хилоф карданд ва ба сабаби он, ки дурӯғ мегуфтанд». Тавба :75,77.

Ва аммо ҳоли муъмини содиқ ба мисли ҳоли Анас ибни Назр аст, ки Анас ибни Молик гуфт: Амакам Анас ибни Назр разияллоҳу анҳу дар ҷанги Бадр ҳузур надошт, аз ин рӯ ба Расуллуллоҳ саллаллоҳу алайҳи васаллам гуфт: Эй Расули Аллоҳ, дар нахустин ғазвае, ки бо мушрикон ҷангидӣ, ширкат надоштам, агар Аллоҳ тавфиқам диҳад, ки дар ҷанги дигаре рӯ ба рӯйи мушрикон қарор бигирам, Аллоҳ ба мардум нишон хоҳад дод, ки чи хоҳам кард. Вақте, ки ҷанги Уҳуд рӯй дод ва мусалмонон пароканда шуданд, Анас ибни Назр разияллоҳу гуфт: Бор Илоҳо! Ман аз коре, ки инҳо, яъне мусалмонон анҷом доданд, узрхоҳӣ мекунам ва коре, ки инҳо, яъне мушрикон карданд, безорӣ меҷӯям. Онгоҳ ба сӯйи пеш рафт. Дар ин миён Саъд ибин Маъоз разияллоҳу анҳу ӯро дид, амакам ба Саъд ибни Маъоз гуфт: Эй Саъд ибни Маъоз, қасам ба Парвардигори Каъба ин биҳишт аст, ки бӯйи онро аз сӯйи кӯҳи Уҳуд ҳис мекунам. Саъд разияллоҳу анҳу ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васаллам мегуфт: «Ончи ӯ кард аз тавони ман хориҷ аст». Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу мегӯяд: Ӯро дидам, ки кушта шуда буд. Ва зиёда аз ҳаштод ҷойи баданаш захми шамшер, зарби найза ва асари тирро дида мешуд. Ва ҳеҷ кас ӯро нашинохт, магар хоҳараш, ки он ҳам аз рӯйи ангуштонаш буд. Ва назари мо ин аст, ки ин оят дар ҳаққи ӯ ва амсолаш нозил шудааст, ки Аллоҳ таъоло дар сураи Аҳзоб ояти 23 фармуд: «Дар миёни муъминон мардоне ҳастанд, ки ба аҳд ва паймоне, ки бо Аллоҳ баста буданд, содиқона вафо карданд. Баъзе аз онон то охир бар аҳд ва паймони худ истоданд ва дар ин роҳ даргузаштанд ё шаҳид шуданд ва баъзеи дигар ҳанӯз чашми интизори шаҳодат ҳастанд. Ва ҳаргиз паймони худро дигаргун насохтааанд». Бухорӣ ва Муслим.
Аллоҳ таъоло ростгӯ будани қалби бандаро медонад, бинобарин бар ӯ аҷру савоби бепоён медиҳад. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васаллам фармуданд: «Дунё барои чаҳор нафар аст, бандае, ки Аллоҳ таъоло сарват ва амале ба ӯ додааст ва ӯ дар ин бора тақвои Илоҳӣ пеша месозад ва бо ин васила робитаи хешовандиашро ҳифз мекунад ва медонад, ки Аллоҳ дар он ҳаққе дорад. Чунин банда дар болотарин дараҷа ва беҳтарин ҷойгоҳ мебошад. Ва бандае, ки Аллоҳ ба ӯ илму дониш додааст, аммо сарвату бойгарӣ надодааст ва ӯ дар нияташ содиқ аст, мегӯяд: Агар сарвате медоштам, ба монанди фалонӣ рафтор мекардам. Бинобарин мутобиқи нияташ аҷру савоб мегирад ва подоши ҳарду баробар аст». Тирмизӣ.

Роҳ ба сӯйи Фирдавсул аъло

Роҳ ба сӯйи Фирдавсул аъло

Албатта ҳамаи шумо мехоҳед, ки аз аҳли Фирдавсул аъло бошед. Пас бароятон ҳафт сифати онҳоро зикр мекунам:
1. Имон овардан ба Аллоҳ ва ба Расули Ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам.
2. Хушӯъ дар намоз: Яъне, намозро бо оромӣ ба охир расондан ва ба монанди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам намоз гузоридан аст.
3. Худдорӣ аз суханҳои беҳудае, ки фоидае надорад.
4. Адои закоти мол.
5. Ҳифзи фарҷ: Яъне, огоҳ бошед, ки фарҷатон шуморо аз дохили шудан ба Фирдавсул аъло боз надорад.
6. Адои амонат: Яъне, ҳама чиз барои ту амонат аст, дарс хонданат, васияте, ки шунидӣ ва моле, ки гирифтӣ ва ғайраҳо. Пас ба амонатҳо хиёнат макун.
7. Намозро дар вақташ адо намудан: Намози Бомдод, пешин, аср, шом ва хуфтан.
Аллоҳ таъоло фармуд: «Ба дурустӣ ки мӯъминон растагор шуданд. Ҳамонҳое, ки дар намози хеш ниёишкунандаанд. Ва ҳамонҳое, ки аз беҳуда рӯйгардонанд. Ва ҳамон касоне, ки адокунандаи закотанд. Ва ҳамон касоне, ки шармгоҳи худро нигоҳдорандаанд, магар бар занони хеш, ё канизаконе, ки милки дасти онҳо аст. Пас, ба дурустӣ ки инон накӯҳида нестанд. Пас, ҳар ки ғайри инро талаб кунад, он ҷамоа аз ҳад гузарандаанд. Ва ҳамонҳое, ки амонатҳои худ ва аҳди худро риояткунандаанд. Ва ҳамонҳое, ки бар намозҳои худ муҳофизаткунандаанд. Ин ҷамоа он ворисонеанд, ки Фирдавсро ба мерос баранд. Онҳо он ҷо бошандаи ҷовиданд».
Мӯъминун: 1-11.