photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٦_١٠-٥٦-٤٤

МАЪНОИ КАЛИМАИ (ОМИН)

معني كلمة (آمين)
МАЪНОИ КАЛИМАИ )ОМИН(
Маънои калимаи “Омин”, яъне “Парвардигоро иҷобат фармо”. Калимаи “Омин” на аз сураи Фотиҳа ва на аз Қуръон аст, балки ин калима дуо аст, зеро Паёмбар ﷺ фармуданд: (Агар имом “ғайри мағзуби алайҳим валаззолин” гуфт, шумо низ Омин бигӯед, зеро бо ин амалатон Аллоҳ шуморо дӯст медорад”. (Муслим). Аз Абуҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: “Агар имом омин гуфт, пас шумо низ омин бигӯед, зеро агар Омини шумо ба Омини фариштагон мувофиқ ояд, гуноҳони гузаштаи шумо бахшида мешавад”.(Бухорӣ). Аз Оиша разияллоҳу анҳо ривоят аст, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: “Албатта яҳӯд қавми ҳасадкунанда аст, зеро онҳо ба чизе ба моён ҳасад намекунанд, магар бар Ислом ва бар калимаи Омин”. (Ибни Хузайма). Пас ин ҳадис далолат бар он мекунад, ки калимаи Омин аз оятҳои сураи Қуръон нест. Бинобар ин дар мусҳафҳо ин калима навишта нашудааст. “Омин” гуфтан баъди сураи Фотиҳа аз суннати намоз аст. Калимаи “омин”-ро бо ташдид гуфтан дуруст нест, зеро маънои калима дигар мешавад. Калимаи “Омин”-ро имом баъди “валаз-золин” бигӯяд ва муқтадӣ баъди “валаз-золин” ва ё баъди “омин”-и имом бигӯяд, зеро дар ин масъала амр васеъ аст. (Фатҳул-Борӣ ҷ.2 с.264). Ҷоиз аст, ки имом ва мақтадиҳо Оминро баланд бигӯянд. (Тирмизӣ ва Ибни Моҷа). Ҷаҳран Омин гуфтан дар намоз барои занон ҷоиз аст, агар ҷойи намози онҳо аз мардон ҷудо бошад ва ё ҳамроҳи маҳрами худ бошанд.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٦_١٠-٥٥-٥٢

ҲУКМИ САҶДА ДАР НАМОЗ

حكم السجدة في الصلاة
ҲУКМИ САҶДА ДАР НАМОЗ
Саҷда кардан дар намоз фарз аст. Мусобиқаи муқтадӣ бо имом дар вақти рафтан ба саҷда ҷоиз нест. Вақти ба саҷда рафтан аввал ду зону сипас ду дастро ба замин гузорем, ки дар ин масъала байни уламо амр васеъ аст. Намозгузор бояд бо ҳафт аъзо саҷда кунад, ки он пешонӣ ва бинӣ, ду кафи даст, ду зону ва ду ангуштони пой аст. Ва оринҷро ба замин нарасонда ангуштони кафи дастро сӯйи қибла кунад. Ва шикамро аз рон ва ронро аз соқ дур дорад. Ва ангуштони пойи худро сӯйи қибла карда ин амалро бо оромӣ анҷом диҳад. Саҷдаи саҷдакунанда ҳамон вақт таҳқиқ меёбад, ки инсон рост ва бо оромӣ ба ҳафт аъзо саҷда кунад. Ва бо ҳафт аъзо саҷда кардан воҷиб аст. Шахсоне, ки дар вақти саҷда кардан кафи дасташон ба замин намерасад, намози онҳо дуруст аст. Паёмбар ﷺ дар вақти саҷда оринҷро ба замин расонданро наҳй карданд. (Бухорӣ). Дар вақти саҷда ду ангуштони пойи намозгузор бояд сӯйи қибла бошад. Ва саҷда кардан ба либос ва ё фарш ҷоиз аст. Намозгузор дар байни ду саҷда бо оромӣ бинишинад, зеро он рукне аз аркони намоз аст. (Бухорӣ). Сифати нишастан дар байни ду саҷда ин гуна аст, ки намозгузор ба пойи чапи худ нишаста, ангуштони пойи рости худро сӯйи қибла кунад. Намозгузор ба ракати дуввум бо ду даст ва ё бо ду зону рост шуданаш ҷоиз аст. Ва дуоҳои воридшуда дар саҷда чунин аст: “Субҳона раббиял аъло”. (Аҳмад). “Субҳона раббиял аъло ва биҳамдиҳ”. (Абудовуд). “Суббуҳун қуддусу раббул малоикати варрӯҳ”. (Муслим). “Субҳонака аллоҳумма раббано ва биҳамдик, аллоҳум мағфирлӣ”. (Бухорӣ). Тасбеҳ гуфтан дар саҷда воҷиб аст. Қироъати Қуръон дар саҷда ҷоиз нест, зеро Паёмбар ﷺ онро наҳй карданд.
****
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٦_١٠-٥٥-٠٢

МОҲИ МУҲАРРАМ

شهر المحرم
МОҲИ МУҲАРРАМ
Моҳи Муҳаррам моҳи Аллоҳ аст, ки он аввалин моҳи солшумории ҳиҷрӣ мебошад. Ин моҳ яке аз чаҳор моҳи ҳаром аст, ки Аллоҳ онро дар Қуръон чунин зикр кардааст: “Ба дурустӣ, шумораи моҳҳо наздики Аллоҳ дар китоби Аллоҳ, аз рӯзе, ки осмонҳову заминро офарид, дувоздаҳ моҳ аст. Аз он ҷумла чаҳор моҳи ҳаром аст. Ин аст дини дуруст. Пас, дар он чаҳор моҳ ба нафси худ ситам макунед. Ва бо ҳамаи мушрикон ҷанг кунед, чуноне ки онҳо бо ҳамаи шумо ҷанг мекунанд. Ва бидонед, ки Аллоҳ бо парҳезгорон аст”.Тавба:36. Ва он моҳҳо моҳи Зулқаъда, Зулҳиҷҷа, Муҳаррам ва Раҷаб аст. Ва ҳамчуноне, ки онро ба мо Паёмбар ﷺ баён карданд. Ва аз бузургӣ ва шарафи ин моҳ ин аст, ки ин моҳро Паёмбар ﷺ ба номи Аллоҳ изофа карданд. Моҳи Аллоҳ номидан аз рӯйи бузург доштани ин моҳ буд. Аз Абуҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: “Афзалтарин рӯза баъди рӯзаи моҳи Рамазон, рӯзаи моҳи Муҳаррам аст. Ва афзалтарин намоз баъди намозҳои фарзӣ , намози шаб аст”. Муслим. Дар ин моҳ ба якдигар зулм накарданро таъкид карданд, ки зулм дар дигар моҳҳои сол низ ҳаром аст. Ҳамчуноне, ки Аллоҳ таъоло фармуд: “Пас дар он чаҳор моҳ бар худ зулм накунед”. Сураи Тавба. Модоме, ки зулм кардан дар ҳама вақту замон ҳаром аст. Дар тафсири ин оят Ибни Аббос разияллоҳу анҳумо мегӯяд: (Дар ҳама вақт ва хоссатан дар ин чаҳор моҳи ҳаром, ки ҳурмати он хеле бузург аст, гуноҳон низ бузург гардида аҷру савоб ҳам бузург мешаванд. Ва рӯза доштан дар ин моҳ аз беҳтарин амалҳои нафлӣ аст).

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٣_١٧-٢٢-١٨

МУЗОРАБА

المضاربة
МУЗОРАБА
Аллоҳ таъоло фармуд: “Ва баъзе аз онҳо ба сафар барои касб ва тиҷорат аз карами Аллоҳ рўзӣ металабанд”. Музаммил-2. Музораба аз калимаи арабии (зараба) задан, гирифта шуда, маънои қадам задан дар заминро дорад. Ва сафар дар рўйи замин барои тичорат аст. Дар шариъат зери мафҳуми музораба аҳди байни соҳиби пулу мол ва тоҷирро мефаҳманд. Ин аҳд ё созиш байни ин ду нафар бо мақсади ба даст овардани фоида аз тичорат баста мешавад. Яъне соҳиби пулу мол, ки худ ба тичорат машғул шуда наметавонад бо тоҷире созиш мекунад, ки пулу моли ўро гирифта бо он тиҷорат кунад. Онҳо байни худ аз рўйи аҳдашон фоидаи тиҷоратро тақсим мекунанд. Ва музорабаро қироз (додани мол ё маблағ ба шахсе) низ меноманд. Ва он аз калимаи арабии қараза гирифта шуда, маънои чудо карданро дорад. Барои он ки соҳиби мол чузъе аз молаш ё маблағашро барои тиҷорат ҷудо мекунад, ки дар он қисме аз фоида аз они ўст. Ва музорабаро инчунин муомила меноманд. Ва мақсад аз муомила ин чо ақди тарафайн, ки дар он мол ё пули нақде барои тичорат ба шахси дигаре дода мешавад. Дар асоси ин ақд фоида байни эшон мувофиқи аҳдашон тақсим шавад. Ҳофиз ибни Ҳаҷар раҳматуллоҳи алайҳ гуфт: “Ин амал дар асри Паёмбар ﷺ собит буд. Ва онро Паёмбар ﷺ медонистанд ва иқрор кардаанд. Бинобарин, ин амал албатта ҷоиз аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Мусалмонон назди шартҳояшон ўҳдадор ҳастанд”. Бухорӣ. Аз Абдуллоҳ ибни Аббос разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфт: “Сайиди мо Аббос ибни Абдумуталиб разияллоҳу анҳу вақте ки моли музорабаро ба тоҷире медод шарт мекард, ки бо роҳи баҳри сафар накунад, ба водие нозил нашавад, ва ҳайвоне нахарад. Иҷмои Уламои Ислом ин аст, ки ҷамоъате аз саҳобагон разияллоҳу анҳум моли ятимро ба музораба додаанд. Аз ҷумлаи онҳо Ума, Усмон, Алӣ, Ибни Масъуд, Ибни Умар, Убайдуллоҳ ибни Амр разияллоҳу анҳум ва модари муъминон Оиша разияллоҳу анҳо буданд. Ва ривояте нест, ки онҳо ин амалро инкор карда бошанд. “Бадо-ус-саноъе”.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٣_١٧-٢٢-١٣

МОҲИ САФАР

شهر السفر
МОҲИ САФАР
Моҳи Сафар аз моҳҳои Аллоҳ таъоло аст. Ин моҳ аз дуввумин моҳи солшумории ҳиҷрӣ баъди моҳи Муҳаррам мебошад. Ин моҳе аст, ки дар он аввалин ғазва дар Ислом воқеъ шудааст ва он ғазваи Абво аст. Ва дар моҳи Сафари соли ҳафтуми ҳиҷрӣ Хайбар фатҳ гардид. Дар ин моҳ чанд шаҳрҳои давлати Форс фатҳ шуд ва он дар соли шонздаҳи ҳиҷрӣ буд. Ва аз корҳои замони ҷоҳилият, ки онро Ислом дигар кард, татаюр аст, (яъне фоли баду нек гирифтан дар ин моҳи Сафар). Дар ҳадис омадааст, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: “На сирояти беморӣ”, яъне гузаштани беморӣ аз касе ба каси дигар. Онҳо эътиқод доштанд, ки касалӣ худ ба худ ва на ба тақдирӣ Илоҳӣ ба дигарон мегузарад. Ва фармуданд: “Ва на фол гирифтан аз паррандае, ки шабона парвоз мекунад”. Онҳо эътиқод доштанд, ки агар ба хонаи касе парранда нишинад, ба онҳо мусибате меояд. Ва фармуданд: “Ва на сафар”, ки дар ин моҳи маъруф дар замони ҷоҳилият фоли нек ва фоли бад мегирифтанд, лекин ягон ҳодисае воқеъ намегардад, магар ин бо тақдири Илоҳӣ. Ин аз эътиқодҳои замони ҷоҳилият буд, ки Ислом онро ботил гардонд. Инчунин фармуданд: “На манозили моҳ”, яъне дар замони ҷоҳилият ба манозили моҳ фоли нек ва фоли бад мегирифтанд. Ва фармуданд: “Ва на ҷинну шайтонҳо”, яъне арабҳо эътиқод доштанд, ки ҷинну шайтонҳо онҳоро аз роҳ гумроҳ карда ҳалок мегардонад. Пас ин ҳадис ҳама бовариҳои нодурустро ботил намуда баён мекунад, ки онҳо наметавонанд касеро аз роҳ дур намуда ҳалок намоянд. Моҳи Сафар ба мисли дигар моҳҳои сол аст, ки дар ин моҳ некиву бадӣ воқеъ мешавад. Ҳама корҳо танҳо дар дасти Аллоҳ аст. Ҳеҷ ҳодисае намешавад, магар бо тақдири Илоҳӣ. Аллоҳ фармуд: “Бигӯ, ба мо ба ҷуз ончи Аллоҳ барои мо навиштааст, ҳаргиз чизе нарасад, Ӯ корсози мост. Ва муъминон бар Аллоҳ бояд, ки таваккул кунанд”. Тавба:51.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٣_١٧-٢٢-٠٠

НАМОЗ ФАРЗ АСТ

الصلاة فرض
НАМОЗ ФАРЗ АСТ
Намоз хондан ба ҳар марду зани мусалмон, болиғ, оқил, муқим, мусофир, солим ва бемор фарз аст. Ва ҳам дар ҳолати амн ва ҷанг фарз аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Қалам аз се кас бардошта шудааст: Аз шахси хоб то бедор шавад, аз кӯдак то ба балоғат расад ва аз девона то оқил гардад”. Аҳмад. Ва фармуданд: “Ба фарзандони худ намозхониро аз ҳафт солагӣ омӯзонед ва амр ба намоз кунед, агар нахонданд, дар даҳ солагӣ танбеҳ кунед ва бизанед ва ҷойи хобашонро ҷудо намоед”. Аҳмад. Лозим нест, ки кӯдаки аз ҳафтсола поён намоз бихонад, лекин ҷоиз аст, ки беягон сахтгирӣ ба онҳо чизе аз намозро таълим бидиҳем. Паёмбар ﷺ фармуданд:”Агар фарзанд ростро аз чап фарқ карда тавонанд, пас ба онҳо таълими намоз бидиҳед”. Ибни Абушайба. Задан бо дасту по ва ё бо куртаву асо анҷом ёбад, бо шарте ки сахт зада нашавад, мақсад аз задан одоб ва огоҳӣ додан аст, на азобу шиканда. Таълими намоз ва одоби фарзанд аз масъулияти падару модар аст. Кӯдаке, ки баъди синни даҳсолгӣ тарки намоз кардааст, бояд қазои онро бихонад. Тирмизӣ. Фарзандро дар хурдсолиаш таълим додани намоз адои масъулият ва ҳифзи фарзанд аст. Бо хоб ва фаромӯшӣ мумкин аст, ки намоз қазо гардад. Бо ҳайзу нифос ва беҳӯшии вақти бисёр, намоз қазо намегардад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Зане, ки ҳайз дид, намоз нахонад ва рӯза нагирад”. Намоз ба шахси маст қазо мегардад, зеро ӯ ба хоҳиши худ маст шудааст ва ӯ дар ин амали худ ду ҷиноят кардааст, ки он ҷинояти арақнӯшӣ ва ҷинояти қазои намоз.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٢_٢٠-١٣-٥٩

ҲИКМАТИ АЗОН

الحكمة من الأذان
ҲИКМАТИ АЗОН
Азон огоҳӣ барои дохил шудани вақти намоз ва ташвиқи мардум ба намози ҷамоъат аст. Ва ҳам огоҳонидани ғофилон ва ёдоварии фаромӯшкорон барои адои намозе, ки он аз бузургтарин неъматҳост. Азон дар луғат ба маънои огоҳӣ ба дохил шудани вақти намоз бо зикри махсус аст . Аллоҳ фармуд:”Ва ин, эъломе (хабар ва огоҳие) аст, ки аз ноҳияи Аллоҳ ва Пайғамбараш ба умуми мардум, дар рӯзи Ҳаҷҷи Акбар (рӯзи иди Қурбон)”. Тавба-3. Аввалин шахсе, ки азон гуфт, Билол ибни Рабоҳ (разияллоҳу анҳу) буд. Азон гуфтан дар соли аввали ҳиҷрати Паёмбар ﷺ ба Мадинаи Мунаввара ба шариъат дохил гардид. Ва сабабу иллати он ниёз ба он шуд, то аломате гузошта шавад, ки дохил шудани вақти намозро барои ҳама намоён созад. Мусалмонон дар ин маврид бо ҳам машварат намуданд ва шаб фаро расид, ки Абдуллоҳ ибни Зайд (разияллоҳу анҳу) дар хоб мардеро дид, ки зангӯлаи калони калисоро бардошта, барояш гуфт: Оё ин зангӯларо мефурӯшӣ? Он мард гуфт: Бо он чӣ кор мекунӣ? Гуфт: Бо он ба намоз даъват мекунам. Мард гуфт: Оё туро ба чизи беҳтар аз он раҳнамоӣ накунам? Абдуллоҳ ибни Зайд гуфт: Бале! Пас ҳамин азони машҳурро барояш омӯзиш дод ва сипас иқоматро низ ба вай омӯзонид”. Дорамӣ. Абдуллоҳ ибни Зайд гуфт: Вақте, ки субҳ фаро расид, назди Расулуллоҳ ﷺ рафтам ва он чӣ дар хоб дида будам, қисса кардам. Пас Паёмбар ﷺ фармуданд:“Ин хоб ҳақ аст, ба хости Аллоҳ бархез ва ба Билол онро бифаҳмон, зеро садои вай аз садои ту беҳтар ва қавитар аст”. Абудовуд.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٢_١٧-٤٠-٢٤

ИМОМ МУСЛИМ

إمام مسلم
ИМОМ МУСЛИМ
Ҳофизи ҳадис ва парчами муҳаддисон, Имом Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ ибни Муслими Қушайрии Нишопӯрӣ, Абулҳусайн соҳиби китоби Саҳеҳ, ки дар Нишопӯр соли 204 ҳиҷрӣ таваллуд шуданд. Аввал дар Нишопӯр талаби илм намуда, сипас барои талаби илми ҳадис ба Ироқ ва Ҳиҷоз сафар карданд. Саъйу кушиши зиёди имом Муслимро ҳамсолонашон, ки дар ҳамон аср зиндагӣ карда буданд, ба илму дониш ва бартарии ӯ шоҳидӣ доданд. Имом Муслим аз бисёр шайхҳо ҳадисҳоро шуниданд ва аз ӯ низ бисёр мардони ҳадисшинос ҳадисҳоро ривоят карданд. Ва аз шайхҳои имом Муслим; Аҳмад ибни Ҳанбал, Имом Бухорӣ, Исҳоқ ибни Роҳавай, Яҳё ибни Маъин, Абубакр ибни Абишайба ва ғайраҳо. Ва аз шогирдонашон; Абуҳотим Розӣ, Абуисо Тирмизӣ, Ибни Хузайма, Абуавонаи Исфаронӣ, Маккӣ ибни Абдон ва дигарон. Ва машҳуртарин китобҳои имом Муслим; Муснади Саҳеҳ, ки он маъруф ба “Саҳеҳ Муслим” аст. Ин китоб аз китобҳои шашгонаи бовариноки ҳадис мебошад. Имом Муслим барои навиштани ин китоб понздаҳ сол умри худро сарф карданд. Ин китоб дар маконату қуввати аҳодис баъди китоби “Саҳеҳ Бухорӣ” аст, ки бисёр уламо ин китобро шарҳ додаанд. Ва дигар китобҳои Имом Муслим, китоби Табақот, Тамйиз, Куния ва Асмо ва ғайра аз китобҳое, ки чоп шудаанд ва ё дастнавис ҳастанд, мебошад. Шайхи Имом Муслим, Муҳаммад ибни Башшор дар ҳаққашон чунин гуфтанд: “Ҳуффози дунё чаҳор нафаранд: Абузуръа дар Рай ва Муслим дар Нишопӯр ва Абдуллоҳ Доримӣ дар Самарқанд ва Муҳаммад ибни Исмоил дар Бухоро”. Ибни Абдулбар гуфт: “Бузургӣ, имоматӣ ва мартабаи баланд бар ӯ ҷамъ шудааст, ки ин ҳама далолат бар саҳеҳ будани китоби ӯ мекунад”. Имом Муслим дар шаҳри Насробод дар наздикии шаҳри Нишопӯр дар моҳи Раҷаби соли 261 ҳиҷрӣ вафот карданд, ки 57 сол умр доштанд. Аллоҳ таъоло Имом Муслим ба Раҳмати васеъи худ ноил гардонад.
****
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٢_١١-٢٩-٠٤

ДАР НАЗДИ АЛЛОҲ ДӮСТДОШТАТАРИН МАКОН МАСҶИД АСТ

أحَبُّ البلاد إلى الله مَساجِدُها
ДАР НАЗДИ АЛЛОҲ ДӮСТДОШТАТАРИН МАКОН МАСҶИД АСТ
Паёмбар ﷺ фармуданд:“Дӯстдоштатарин макон дар назди Аллоҳ масҷидҳо ва бадтарин макон дар назди Аллоҳ бозорҳост”. Муслим. Масҷидҳо бузургтарин мавзъеҳо барои ибодат аст, бинобарин ихлос ба Аллоҳ дар масҷидҳо шарти зарурист. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Намози ҷамоъат бисту ҳафт маротиба бештар аз намози танҳогузор фазлу савоб дорад”. Бухорӣ. “Ҳар касе, ки барои Аллоҳ масҷид месозад, Аллоҳ монанди он барояш дар биҳишт хонае месозад”. Муслим. Ва фармуданд: “Ҳар касе, ки барои Аллоҳ масҷид месозад, агарчӣ ба андозаи лонаи гунҷишке бошад ва ё хурдтар аз он аст, Аллоҳ барояш дар биҳишт хонае месозад”. Ибни Моҷа. Ва фармуданд: “Як намоз дар масҷиди ман (масҷиди набавӣ) аз ҳазор намоз аз масҷиди дигар беҳтар аст, ба ҷӯз масҷидул-ҳаром, ки як намоз дар он ба сад ҳазор намози дар дигар масҷиди хондашуда баробар аст”. Ибни Моҷа. Намоз дар масҷиди Ақсо чоряки намози масҷиди Набавӣ аст. Дар ҳудуди масҷидҳо пешоб кардан ва чирку ифлосиҳоро партофтан, хариду фурӯш ва эълони чизи гумшуда, манъ аст. Дар дохили масҷид сухани дунявӣ манъ нест, магар суханҳое, ки муҳаррам аст. Ёрӣ додан ба корҳои масҷид аҷру савоби зиёде дорад. Занҳоро аз рафтан ба масҷидҳо манъ накунем, вале хонаҳояшон бар онҳо беҳтар аст. Ва пиёда рафтан ба сӯйи масҷид сабаби зиёд шудани ҳасанот ва авфи хатогиҳо ва нур дар рӯзи қиёмат аст. Дур будани масофаи хонаи зист ба масҷид, аҷру савоби зиёд дорад. (Бухорӣ ва Муслим).
***
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٢_١١-٢٨-٥٤

МАЪНОИ НАМОЗ ЧИСТ?

ما معني الصلاة ؟
МАЪНОИ НАМОЗ ЧИСТ?
Калимаи намоз дар луғат, ба маънои дуо аст. Аллоҳ мефармояд:”Ба онҳо дуо кун, ки дуои ту сабаби оромиши онҳост”.Тавба-103. Калимаи намоз дар шариъат, ин ибодати Аллоҳ таъоло бо қавл ва феъли маълум ва махсус дар вақтҳои маҳдӯдшуда, ки бо такбири таҳрима оғоз шуда ва бо салом ба поён мерасад. Намоз номида шуд, зеро аксари ақвол ва афъоли он дуо аст. Намоз ба маънои Қироъат: “Бигӯ: Аллоҳро бихонед ё Раҳмонро. Ҳар кадомро бихонед, зоти покаш яке аст ва барои Ў беҳтарин номҳост. Ва намозатро бисёр баланд ё хеле оҳиста нахон ва дар миёни он ду, роҳи мӯътадиле интихоб кун”. Исроъ-110. Намоз ба маънои Дин: “Гуфтанд:«Эй Шуъайб! Оё намозат дастур ба он медиҳад, ки он чиро падаронамон мепарастиданд, тарк кунем ё он чиро мехоҳем дар амволамон анҷом надиҳем?! Ту, ки марди бурдбору бофаҳме ҳастӣ!». Ҳуд-87. Намоз ба маънои мавзеъи намоз: “Ононе, ки аз хонаҳояшон ба ғайри ҳақ, балки ба сабаби он берун оварда шуданд, ки мегуфтанд:«Парвардигори мо Аллоҳ аст». Ва агар Аллоҳ баъзе мардумонро ба дасти баъзе дафъ намекард, савмааҳои(роҳибон) ва калисоҳои (насрониён) ва куништҳои (яҳудиён) ва масҷидҳои (мусулмонон), ки дар он маконҳо номи Аллоҳ бисёр ёд карда мешавад, вайрон карда мешуданд. Ва албатта Аллоҳ ба касе нусрат хоҳад дод, ки қасди нусрати дини Вай кунад. Ба дурустӣ ки Аллоҳ Тавонои Ғолиб аст”. Ҳаҷ-40. Намоз ба маънои намози шаръӣ аст: “Парҳезгорон касоне ҳастанд, ки ба ғайб имон меоваранд ва намозро барпо медоранд ва аз тамоми неъматҳо ва амволе, ки ба онҳо рӯзӣ додаем, инфоқ мекунанд”. Бақара-3. Намоз ба Аллоҳ ба маънои ҳамду сано аст. Намоз ба фариштагон ба маънои истиғфор аст ва намоз ба бани Одам ба маънои дуост.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ