Чаҳор хислат аст, ки агар дар касе бошад, мунофиқи холис аст. Ва ҳар касе яке аз ин хислатҳоро дошта бошад, пас дар ӯ нишонае аз нифоқ ҳаст, то вақте ки онро тарк кунад: Ҳаргоҳ сухан гӯяд-дурӯғ гӯяд; ҳар гоҳ аҳду паймон бандад, онро шиканад; ҳар гоҳ ваъда диҳад, хилоф кунад; ҳар гоҳ хусумату душманӣ кунад, туҳмат занад ва аз ҳад гузарад
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Чор чиз аст, ки агар дар шахсе бошанд, он шахс мунофиқи холис аст ва агар яке аз онҳо дар ӯ бошад, ба хислате аз хислатҳои нифоқ муттасиф гардидааст, магар он,…

