Агар мардум золимеро бубинанд ва бар зидди ӯ чорае наандешанд (аз зулми ӯ пешгирӣ накунанд) наздик аст, ки Аллоҳ ҳамаашонро дучори муҷозоте аз сӯи Худ кунад
Аз Абубакри Сиддиқ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки фармуд: Эй мардум, ин оятро мехонед: (Эй касоне, ки имон овардаед, муроқиби [имон ва тоати] худ бошед. Агар ҳидоят ёфта бошед, гумроҳии касоне, ки гумроҳ шудаанд, ба шумо зиёне намерасонад.) (Сураи Моида, ояти 105). Ва…

