Ман аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи нигоҳи ногаҳони ва нохоста пурсидам, ӯ маро фармуд, ки нигоҳамро баргардонам
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Ҷарир ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Ман аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи нигоҳи ногаҳони ва нохоста пурсидам, ӯ маро фармуд, ки нигоҳамро баргардонам.
Explanation
Benefits
Ҳушдор аз давом додани нигоҳ ба чизҳое, ки нигоҳ кардан ба он ҳаром аст, ҳатто агар назар ногаҳонӣ ва ва бидуни қасд рӯй дода бошад.
Дар ҳадис таҳрими нигаристан ба занони бегона ҳукми муқаррарӣ ва собит буд, дар байни саҳоба. Ба далели ин ки Ҷарир (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид, ки агар нохост ва бидуни қасд нигоҳаш ба зани бегонае афтад, оё ҳукми он монанди касе аст, ки бо ихтиёр ва қасд нигоҳ кардааст?
Дар ин ҳадис таваҷҷуҳи шариат ба манфиатҳои бандагон вуҷуд дорад, зеро шариат ба онҳо назар кардан ба занонро манъ кардааст, ба хотири он ки ин амал бо худ оқибатҳои бади дунёвӣ ва охиратӣ меорад.
Муроҷиат кардани саҳоба ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар масъалаҳое, ки барояшон нофаҳми эҷод мешуд. Ҳамин тавр бояд мардуми оддӣ ба уламои худ муроҷиат кунанд ва дар саволҳои душвор аз онҳо бипурсанд.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

