Дар ҳақиқат, шайтон ноумед шудааст, ки намозгузорон дар Ҷазираи Араб ӯро парастиш кунанд, аммо ӯ (ҳанӯз) ба душманӣ андохтану фитна андохтан миёни онҳо умед мебандад
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Ҷобир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегӯяд: "Дар ҳақиқат, шайтон ноумед шудааст, ки намозгузорон дар Ҷазираи Араб ӯро парастиш кунанд, аммо ӯ (ҳанӯз) ба душманӣ андохтану фитна андохтан миёни онҳо умед мебандад."
Explanation
Benefits
Шайтон мекӯшад, ки миёни мусалмонон ҷанг, душманӣ, кина, фитна ва ихтилофҳоро ба вуҷуд оварад.
Аз фоидаҳои намоз дар Ислом он аст, ки муҳаббатро миёни мусалмонон ҳифз намуда, пайвандҳои бародариро қавӣ мегардонад.
Намоз бузургтарин нишонаи дин пас аз ду шаҳодат аст, бинобар ин, мусалмонон "намозгузорон" номида шудаанд.
Ҷазираи Араб хусусиятҳо ва фазилатҳои хоссе дорад, ки дигар сарзаминҳо надоранд.
Агар касе бигӯяд: Дар баъзе ҷойҳои Ҷазираи Араб бутпарастӣ рух додааст ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудааст: "Шайтон ноумед шудааст, ки дар Ҷазираи Араб намозгузорон ӯро парастиш кунанд…?" Посух чунин аст: Ин хабар аз он чизест, ки дар нафси шайтон ноумедӣ ба вуҷуд омадааст, баъд аз ин ки фатҳу пирӯзиҳо ва дохил шудани мардум дар дини Аллоҳ Таъолоро ба шакли гурӯҳӣ дид. Ҳадис дар бораи гумон ва интизори шайтон хабар медиҳад, вале ҳодисаҳои баъдӣ бар хилофи он рух додаанд, бинобар ҳикмате, ки Худои Азза ва Ҷалла мехоҳад.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

