HadeethEnc · 1.27.0
Ҳаргоҳ яке аз шумо вузӯ гирифт ва мӯза ё пояфзоли аз буҷулакҳо боло пӯшид, бо онҳо намоз хонад ва бар онҳо масҳ бикашад ва агар хост онҳоро набарорад, магар дар ҳолати ҷанобат
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳаргоҳ яке аз шумо вузӯ гирифт ва мӯза ё пояфзоли аз буҷулакҳо боло пӯшид, бо онҳо намоз хонад ва бар онҳо масҳ бикашад ва агар хост онҳоро набарорад, магар дар ҳолати ҷанобат."
02
Explanation
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки ҳаргоҳ мусалмон масҳияшро баъд аз вузӯи комил бипӯшад, сипас бевузӯ шавад ва хоҳад вузӯи нав бигирад, барояш ҷоиз аст, ки бар онҳо масҳ бикашад ва бо онҳо намоз бихонад, то муҳлати муайяншуда (барои муқим як шабонарӯз ва барои мусофир се шабонарӯз), магар дар ҳолати ҷанобат, ки бояд онҳоро барорад ва ғусл кунад.
03
Benefits
Масҳ кашидан бар хуфҳо танҳо баъд аз пӯшидани онҳо бо вузӯӣ комил ҷоиз аст.
Муҳлати масҳ барои муқим як шабонарӯз мебошад ва барои мусофир се шабонарӯз аст.
Масҳ бар рӯйи хуфҳо танҳо дар ҳолати бе вузугӣ дуруст аст. Аммо дар ҳолати баъд аз ҷанобат ё дар ҳолати ғусл воҷиб шудан масҳ кашидан ҷоиз нест, балки дар ҳолати ғусл кардан бояд хуфҳоро барорад ва пойҳоро бишӯяд.
Намоз хондан бо хуф ё пойафзол бар хилофи яҳудиён мустаҳаб аст, дар ҳоле ки пойафзол пок бошад ва барои дигар намозгузорон ё масҷид (масҷидҳое, ки бо қолин фаршшуда аст ва дар он бо пойафзол намоз намехонанд) зараре нарасонад.
Масҳ бар рӯйи хуфҳо (мӯзаҳо) навъе аз осонӣ ва сабукӣ барои ин уммат аст.

Attribution
[رواه الدارقطني]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options
0Views0Cards0Shares