Некӣ кардан ахлоқи хуб аст ва гуноҳ он аст, ки дар дилат нороҳатӣ биорад ва аз ошкор шуданаш дар байни мардум туро бадат ояд
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Нувос ибни Самъон (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Некӣ кардан ахлоқи хуб аст ва гуноҳ он аст, ки дар дилат нороҳатӣ биорад ва аз ошкор шуданаш дар байни мардум туро бадат ояд". Аз Вобиса ибни Маъбад (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Назди Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) омадам, пас фармуд: "Оё омадӣ, ки дар бораи некукорӣ ва гуноҳ савол кунӣ?" Гуфтам: Бале. Фармуд: "Аз қалбат фатво бигир. Некукорӣ он аст, ки нафс ба он ором гирад ва дил ба он итминон ёбад. Ва гуноҳ он аст, ки дар нафс тардид оварад, агарчи мардум бароят фатво диҳанд ва фатво диҳанд".
Explanation
Ҳатто агар олимон ва мардум барои ту он амалро ҳалол бидонанд, ту набояд онро то замоне ки шубҳа дар дили ту боқист, анҷом диҳӣ. Зеро агар шубҳа дуруст бошад, фатво онро аз байн намебарад, зеро муфтӣ шояд бар асоси далели шаръӣ фатво надодааст. Аммо агар фатво бар асоси далели шаръӣ бошад, бар ту лозим аст, ки ба он амал кунӣ, ҳатто агар нафси ту ба он майл надошта бошад.
Benefits
Ҳақ ва ботил бар муъмин пӯшида намемонад, балки ӯ ҳақро бо нуре, ки дар қалбаш ҳаст, мешиносад ва аз ботил безор шуда, онро инкор мекунад.
Аз нишонаҳои гуноҳ ин аст, ки қалб нороҳат ва ноором мешавад ва шахс намехоҳад мардум аз он огоҳ шаванд.
Синдӣ мегӯяд: Ин сухан дар бораи муштабиҳот аст (корҳое, ки миёнаи ҳалол ва ҳаром қарор доранд) ва мардум дар онҳо ба таври қатъӣ яке аз ду ҷонибро намедонанд. Аммо корҳое ки шаръан дастур дода шудаанд ва бар зидди онҳо далеле вуҷуд надорад, онҳо аз аъмоли нек мебошанд. Ҳамчунин корҳое, ки шаръан манъ шудаанд, онҳо гуноҳанд, ва дар ин ду ҳолат ниёз ба пурсон кардани қалб ва оромиши он нест.
Мухотаб дар ҳадис соҳибони фитрати солим мебошанд, на онҳое, ки қалбҳояшон вожгун шудааст ва дигар некро нек намешиносанду бадро бад намешуморанд, магар он чизеро ки нафси онон дӯст бидорад.
Тайибӣ гуфтааст: Гуфта шудааст, ки истилоҳи "некию некӯкорӣ" дар ҳадис бо маъноҳои гуногун тафсир шудааст: Дар як маврид бар он чизе гуфта шудааст, ки нафс ба он ором мешавад ва қалб ба он итминон меёбад; дар ҷои дигар ба маънои имон омадааст; ва дар ҷои дигар он чи туро ба сӯи Худо наздик мекунад, дар ҳадиси мазкур "бир" ба хулқи нек тафсир шудааст. Ва хулқи нек инҳоянд: тахаммул (тобоварӣ) бар озор, кам ғазаб кардан, рӯи кушода доштан, сухани нек гуфтан ва монанди инҳо, ки ҳамаи ин маъноҳо ба ҳам наздиканд.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

