Савоби амалҳо вобаста бо ният аст; ва ҳар кас мувофиқи нияташ ҷазо дода мешавад
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Амирулмуъминин Абуҳафс, Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегӯяд: "Савоби амалҳо вобаста бо ният аст; ва ҳар кас мувофиқи нияташ ҷазо дода мешавад. Пас ҳар ки ба сӯйи Аллоҳ ва Расулаш ҳиҷрат кард, ҳиҷрати ӯ ба сӯйи Аллоҳ ва Расули Ӯст. Ва ҳар кас, ки ҳиҷраташ ба сӯйи дунё бошад, то онро ба даст орад ё ба хотири издивоҷ бо зане бошад, ки ӯро ба никоҳ дарорад, пас ҳиҷрати ӯ ба сӯйи ҳамон чизе аст, ки ба он сӯй ҳиҷрат кардааст".
Explanation
Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) барои тавзеҳи бештари таъсири ният бар амалҳо, ки дар зоҳир барои мо яксон вонамуд мешаванд, мисолҳо оварда баён намуданд, ки ҳар касе аз ватани худ барои дарёфти ризо ва хушнудии Парвардигораш ҳиҷрат кунад, ҳиҷрати шаръӣ ва писандида аст ва барои нияти содиқонаи худ соҳиби аҷр ва савоб мегардад, ва ҳар касе ҳадаф аз ҳиҷраташ дарёфти манфиати дунявӣ, аз ҷумла мол, мансаб, тиҷорат ва ё издивоҷ бошад, аз он ҳиҷрат танҳо ҳамон чизе, ки барои расидан ба он қасд карда буд дармеёбад ва аз аҷру подош баҳрае нахоҳад бурд.
Benefits
Агар касе амалҳое, ки барои тақарруб ба Аллоҳ анҷом дода мешавандро аз рӯи одат анҷом диҳад, подош дода намешавад, магар инки қасди наздик шудан ба Худоро дошта бошад.
Ният байни ибодатҳои мухталиф фарқ мегузорад. Инчунин ибодатҳоро аз одатҳо ҷудо месозад.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

