Ҳаловати имонро касе чашидааст, ки ба Аллоҳ ҳамчун Парвардигори худ ва ба Ислом ҳамчун дини худ ва бар Муҳаммад ҳамчун паёмбари худ розӣ бошад
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Аббос ибни Абдулмутталиб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки ӯ аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунид, ки мегуфт: "Ҳаловати имонро касе чашидааст, ки ба Аллоҳ ҳамчун Парвардигори худ ва ба Ислом ҳамчун дини худ ва бар Муҳаммад ҳамчун паёмбари худ розӣ бошад."
Explanation
Аввал: Худовандро ҳамчун Парвардигор пазируфтааст, яъне дилаш бо он чизе, ки аз ҷониби Аллоҳ Таъоло ба ӯ тибқи муқтазаёти илоҳӣ - аз тақсими ризқу рӯзӣ ва дигар ҳолатҳо мерасад - дилкушод ва хушҳол мешавад ва дар дилаш ба ягон чизе эрод намегирад ва ҷуз Аллоҳ Таъоло парвардигоре намеҷӯяд.
Дуюм: Ба Ислом ҳамчун дин розӣ аст, яъне дилаш бо он чизе, ки Ислом аз масъулиятҳо ва воҷибот дорад, дилкушод ва хушҳол бошад ва дар роҳи дигаре ғайр аз Ислом талош накунад.
Сеюм: Ба Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамчун Паёмбар розӣ будан, яъне дилаш кушода ва хушҳол бошад бо ҳамаи он чизе, ки ӯ овардааст, бе ҳеҷ шакку шубҳа ва танҳо роҳи ҳидояти ӯро пайравӣ кунад.
Benefits
Ҷисм лаззати хӯроку нӯшокиҳоро танҳо дар ҳолати саломатӣ эҳсос мекунад, ҳамчунин вақте ки дил аз бемориҳо ва хоҳишҳои гумроҳкунанда ва ҳавову ҳаваси мамнуъ пок бошад, ширинии имонро дармеёбад. Вақте ки дил бемор ва заиф бошад, ширинии имонро ҳис намекунад, балки мумкин аст ба хоҳишҳо ва гуноҳоне, ки сабаби ҳалокати ӯ мешаванд, майл пайдо кунад.
Вақте инсон чизеро қабул кунад ва онро нек пиндорад, анҷом додани он барояш осон мегардад, ҳеҷ мушкиле барояш эҷод намешавад ва бо ҳар чизе, ки анҷом медиҳад хушҳол мегардад. Муъмин ҳам ҳамин тавр аст, вақте имон дар дилаш ҷой гирифт, тоати Парвардигораш барояш осон мешавад, ва рӯҳаш аз он лаззат мебарад ва сахтиҳои он барояш тоқатфарсо нахоҳад буд.
Ибни Қайим мегӯяд: Ин ҳадис маънои розигӣ ба Рубубият ва Улуҳияти Аллоҳ ва розигӣ ба Паёмбараш ва пайравӣ кардан аз ӯ ва розигӣ ба дини Ислом ва таслим шудан ба он мебошад.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

