Ҳар паёмбаре, ки Аллоҳ дар умматони пеш аз ман мабъус кардааст, ёрони мухлис ва асҳобе доштанд, ки ба суннати ӯ амал мекарданд ва ба фармони ӯ пайравӣ менамуданд
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар паёмбаре, ки Аллоҳ дар умматони пеш аз ман мабъус кардааст, ёрони мухлис ва асҳобе доштанд, ки ба суннати ӯ амал мекарданд ва ба фармони ӯ пайравӣ менамуданд. Баъд аз онҳо касоне меоянд, ки ба гуфтаҳояшон амал намекунанд ва корҳое мекунанд, ки ба он фармон дода нашудаанд. Ҳар касе, ки бо дасти худ бо онҳо ҷиҳод ва мубориза мекунад, муъмин аст. Ва ҳар касе, ки бо забонаш бо онҳо ҷиҳоду мубориза мекунад, муъмин аст. Ва ҳар касе, ки бо дили худ ҷиҳод мекунад (инкор мекунад), ӯ ҳам муъмин аст. Баъд аз ин мартаба, ба андозаи донаи хардал ҳам имон вуҷуд надорад."
Explanation
Benefits
Инкор накардани зулму мункар аз тарафи дил нишонаи сустии имон ё нобудшавии он аст.
Худованд барои паёмбарон касонеро омода кардааст, ки пас аз онҳо рисолаташонро ба дӯш гирифта, идома медиҳанд.
Ҳар кас, ки наҷот мехоҳад, бояд роҳи паёмбаронро пайравӣ кунад, зеро ҳар роҳе ғайр аз роҳи онҳо, роҳ ба ҳалокат ва гумроҳӣ аст.
Ҳар қадаре, ки замон аз даврони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва саҳобаҳо (разияллоҳу анҳум) дур шавад, мардум суннатҳоро тарк мекунанд ва хоҳишҳои нафсро пайравӣ карда, бидъатҳоро эҷод мекунанд.
Баёни дараҷаҳои ҷиҳод: Бо даст; барои онҳое, ки қудрати тағйир додан доранд, монанди ҳокимон, амирон ва масъулон. Бо забон; баён кардани ҳақ ва даъват ба он. Бо дил; нафрат доштан аз мункар ва рад кардани он.
Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар воҷиб аст.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

