HadeethEnc · 1.20.0
Ҳеҷ марде нест, ки гуноҳе содир кунад, сипас бархоста таҳорат кунад, сипас намоз гузорад ва аз Аллоҳ омурзиш бихоҳад, магар ин ки Аллоҳ ӯро мебахшад
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз Алӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: "Ҳаргоҳ аз Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳадисе мешунидам, Аллоҳ манро аз он чунон ки хоста буд судманд мекард. Ва агар марде аз асҳобаш бароям ҳадисе аз ӯ мегуфт, ӯро қасам медодам, агар қасам мехӯрд, ӯро ростгӯ мешуморидам ва ҳамоно Абубакр ба ман ҳадисе гуфт ва Абубакр рост гуфт, ки шунидам Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Ҳеҷ марде нест, ки гуноҳе содир кунад, сипас бархоста таҳорат кунад, сипас намоз гузорад ва аз Аллоҳ омурзиш бихоҳад, магар ин ки Аллоҳ ӯро мебахшад". Сипас ин оятро хонд: ( Ва [ҳамон] касоне, ки чун муртакиб [-и гуноҳи бузург ва] кори зиште шуданд ё [бо анҷоми дигар гуноҳон] бар худ ситам карданд, Аллоҳро ба ёд меоваранд ва барои гуноҳонашон омурзиш мехоҳанд...) (Сураи Оли Имрон, ояти 135).
02
Explanation
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки ҳеҷ бандае нест, ки гуноҳ кунад ва пас аз он таҳорат кунад ва сипас бархезад ва ду ракъат намоз ба нияти тавба аз он гуноҳ бихонад ва сипас аз Аллоҳ омурзиш бихоҳад, магар ин ки Аллоҳ ӯро мебахшад. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин оятро хонданд: (Ва [ҳамон] касоне, ки чун муртакиб [-и гуноҳи бузург ва] кори зиште шуданд ё [бо анҷоми дигар гуноҳон] бар худ ситам карданд, Аллоҳро ба ёд меоваранд ва барои гуноҳонашон омурзиш мехоҳанд – ва ҷуз Аллоҳ Таъоло чи касе гуноҳонро меомурзад? – Ва бар он чи кардаанд пофишорӣ намекунанд, дар ҳоле ки медонанд [гунаҳкоранд ва Аллоҳ Таъоло бахшоянда ва тавбапазир аст].) (Сураи Оли Имрон, ояти 135)
03
Benefits
Ташвиқ ба намоз ва сипас истиғфор кардан баъд аз гуноҳ.
Фаровонии мағфирати Аллоҳ Таъоло ва қабулаш барои тавба ва истиғфор.
Фаровонии мағфирати Аллоҳ Таъоло ва қабулаш барои тавба ва истиғфор.
Attribution
[رواه أبو داود والترمذي والنسائي في الكبرى وابن ماجه وأحمد]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

