Ҳаққи Худованд бар бандагонаш он аст, ки Ӯро ибодат кунанд ва чизеро шарики Ӯ қарор надиҳанд, ва ҳаққи бандагон бар Худованд он аст, ки Ӯ Таъоло онҳоро дар ҳоле,ки ба Ӯ таъоло шарик қоил нашудаанд азоб надиҳад
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Муъоз (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Пушти Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар маркабе ки Уфайр ном дошт, нишаста будам. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтанд: "Эй Муъоз оё медони ҳаққи Худованд бар бандагонаш ва ҳаққи бандагонаш бар Худованд чист? Гуфтам: Худованд ва Паёмбараш хубтар медонанд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ҳаққи Худованд бар бандагонаш он аст, ки Ӯро ибодат кунанд ва чизеро шарики Ӯ қарор надиҳанд, ва ҳаққи бандагон бар Худованд он аст, ки Ӯ Таъоло онҳоро дар ҳоле,ки ба Ӯ таъоло шарик қоил нашудаанд азоб надиҳад". Муъоз (Худованд аз ӯ розӣ бод) мегӯяд: гуфтам эй Расули худо! Оё мардумро мужда надиҳам? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Башорат надеҳ, ки онҳо ба ин такя (ва танбалӣ) мекунанд".
Explanation
Benefits
Ҳаққи бандагон бар Худованд, ки Ӯ Таъоло ба унвони фазл ва неъмат бар худ ниҳодааст, ин аст, ки Ӯ Таъоло онҳоро азоб надиҳад ва дохили биҳишт гардонад.
Инҷо муждаи бузурге барои касоне аст, ки танҳо Худовандро мепарастанд ва чизеро бо Ӯ Таъоло шарик қарор намедиҳанд, ва сарнавишташон биҳишти ҷовидон аст.
Муъоз (Худованд аз ӯ розӣ бод) пеш аз вафот, аз тарси онки мабодо дар гуноҳи пинҳонкунандаи илм гирифтор нашавад, ин ҳадисро ривоят кардааст.
Як насиҳат ё огоҳӣ мабнӣ бар адами интишори баъзе аз аҳодис дар миёни баъзе аз мардум аз тарси касоне, ки маънои онро дарк намекунанд. Ин огоҳӣ дар мавриди аҳодисе аст, ки дар он ҳадде аз ҳудуди шариъат ё амале аз амалҳои зарурӣ дар дин набошад.
Муъминоне, ки даст ба гуноҳ мезананд зери ирода ва машиати Худованд ҳастанд, агар бихоҳад онҳоро азоб медиҳад ва агар бихоҳад онҳоро меомурзад ва сипас сарнавишташон биҳишт хоҳад буд.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

