HadeethEnc · 1.20.0
Ҳеҷ рузе нест, ки амали нек назди Худованд маҳбубтар аз ин рӯзҳо бошад". Яъне: рӯзҳои даҳгона
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз ибни Аббос (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ҳеҷ рузе нест, ки амали нек назди Худованд маҳбубтар аз ин рӯзҳо бошад". Яъне: рӯзҳои даҳгона (Даҳаи моҳи зилҳиҷҷа), гуфтанд: эй Расули Аллоҳ, ҳатто ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ? Фармуд: "Ҳатто ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ, магар марде, ки бо ҷону молаш дар роҳи Худо баромад ва чизе аз онро барнагардонид".
02
Explanation
Паёмбар (Салому дуруди аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки амали нек дар даҳаи аввали моҳи Зулҳиҷҷа беҳтар аз дигар рӯзҳои сол аст.
Саҳобагон (Худованд аз онҳо розӣ бод) аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди ҷиҳод дар рӯзҳои ғайр аз ин даҳа пурсиданд, ки оё он беҳтар аст ё амалҳои нек дар ин рӯзҳо? Чун онҳо бар ин буданд, ки, ҷиҳод аз беҳтарин амалҳо аст.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар посух гуфтанд: амали нек дар ин рӯзҳо беҳтар аз ҷиҳод дар рӯзҳои дигар аст, магар марде, ки ба ҷиҳод баромад ва ҷону моли худро дар роҳи Аллоҳ фидо намуд. Ин аст ягона амал, ки бар дигар амалҳо дар рӯзҳои мазкур бартарӣ дорад.

03
Benefits
Фазилати амали нек дар даҳаи зулҳиҷҷа. Бинобарин мусалмон бояд ин рӯзҳоро ғанимат дониста то метавонад бештар ибодат намояд, аз ҷумла зикри Аллоҳ, Қуръон хондан, такбиру таҳлилу ҳамду сано гуфтан, намоз хондан, рӯза гирифтан, садақа додан ва амалҳои неки дигар анҷом додан.
Attribution
[رواه البخاري وأبو داود، واللفظ له]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares