HadeethEnc · 1.27.0
Ҳар касе, як муҷоҳидро дар роҳи Худо омода созад (бо мол ё таҷҳизот), гӯё худаш ҷиҳод кардааст. Инчунин ҳар касе, дар вақти ғоиб будани муҷоҳид хонаводаашро сарпарастӣ намояд, гӯё ҷиҳод кардааст
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз Зайд ибни Холид (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар касе, як муҷоҳидро дар роҳи Худо омода созад (бо мол ё таҷҳизот), гӯё худаш ҷиҳод кардааст. Инчунин ҳар касе, дар вақти ғоиб будани муҷоҳид хонаводаашро сарпарастӣ намояд, гӯё ҷиҳод кардааст."
02
Explanation
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки ҳар кас муҷоҳидеро дар роҳи Худо бо омода кардани василаҳои сафар ва он чи ӯ ба он ниёз дорад, монанди силоҳ, маркаб, хӯрок, нафақа ва ғайра, кумак кунад, ӯ дар ҳукми худи муҷоҳид аст ва савоби ҷиҳодро соҳиб мешавад.
Ҳамчнин ҳар кас, ки масъулияти хонаводаи муҷоҳидро бар уҳдаи худ гирад, бо некию эҳсон ва дар вақти набудани ӯ аҳли хонаводаву наздикони ӯро нигоҳубин кунад, пас ӯ низ дар ҳукми ғозист ва савоби ӯро мегирад.

03
Benefits
Тарғиби мусалмонон ба ҳамкорӣ ва кумак ба якдигар дар корҳои нек.
Ибн Ҳаҷар мегӯяд: Дар ин ҳадис ташвиқест ба некӯкорӣ нисбат ба касе, ки ба манфиати мусалмонон коре анҷом додааст ё масъулияти муҳиме аз умури онҳоро бар дӯш гирифтааст.
Қоидаи умумӣ: Касе, ки ба касе дар ибодати Худо кумак кунад, мисли ба даст овардани подоши он шахс, подоши пурра мегирад, аз подоши ӯ чизе кам намешавад.

Attribution
[متفق عليه]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options
3Views0Cards0Shares