Оё намехоҳед ба шумо як амали беҳтар аз он чи хоҳиш доред, нишон диҳам? Вақте ки ба бистари хоб рафтед, 33 маротиба тасбеҳ гӯед, 33 маротиба ҳамд гӯед ва 34 маротиба такбир бигӯед. Ин бароятон беҳтар аз хизматгор аст
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Алӣ (разияллоҳу анҳу ) ривоят аст, ки Фотима (разияллоҳу анҳо) назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омада, то аз ранҷе, ки ба сабаби кори сангини дастгоҳи осиёб ба дасташ расида буд, шикоят кунад. Ӯ хабар ёфта буд, ки ба назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бардагоне оварда буданд. (Ӯ мехост Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барояшон хидматгоре бидиҳад). Аммо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро пайдо накард ва мақсади омаданашро ба Оиша (разияллоҳу анҳо) гуфт. Ҳангоме ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад, Оиша (разияллоҳу анҳо) аз омадани Фотима ӯро хабар кард. Алӣ (разияллоҳу анҳу) мегӯяд: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳоле назди мо омад, ки мо дар бистари хобамон будем. Хостем аз ҷоямон бархезем, ки гуфт: дар ҷойи худ бимонед ва байни ману Фотима нишаст, то ҷое, ки ман хунукии пойҳояшро дар шикамам эҳсос кардам. Он гоҳ фармуд: "Оё намехоҳед ба шумо як амали беҳтар аз он чи хоҳиш доред, нишон диҳам? Вақте ки ба бистари хоб рафтед, 33 маротиба тасбеҳ гӯед, 33 маротиба ҳамд гӯед ва 34 маротиба такбир бигӯед. Ин бароятон беҳтар аз хизматгор аст."
Explanation
Benefits
Ин зикр фақат ҳангоми хоб рафтан дар шаб гуфта мешавад. Лафзи он дар ривояти Муслим аз Муъоз аз Шуъба чунин омадааст: "Ҳангоме ки шаб ба бистари хобатон рафтед..."
Агар мусалмон дар аввали шаб гуфтани ин зикрро фаромуш кунад ва дар охири шаб ба ёдаш ояд ва бигӯяд, ишколе надорад. Зеро Алӣ (разияллоҳу анҳу), ровии ҳадис, мегуфт: Шаби Сиффин онро дар аввали шаб фаромӯш кард ва вақте ба ёдаш омад, пеш аз субҳ, онро гуфт.
Муҳаллаб мегӯяд: Дар ин ҳадис ишора ба он аст, ки инсон бояд аҳли худро низ бар он чи худ бар он амал мекунад, яъне тарҷеҳ додани охират бар дунё, ташвиқ намояд, агар онҳо низ тавоноии он амалро дошта бошанд.
Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ мегӯяд: Ҳар касе бар ин зикр мудовимат кунад, аз зиёдии кор зиёне намебинад ва агар хастагӣ ҳам барояш пеш ояд, бар ӯ мушкил нахоҳад шуд.
Айнӣ мегӯяд: Ваҷҳи беҳтар будани (ин зикр) ё ин аст, ки он ба охират тааллуқ дорад ва хидматгор ба дунё ва охират беҳтару боқимонданист. Ё ин ки нисбат ба он чизе, ки Фотима (разияллоҳу анҳо) талаб кард, беҳтар аст, ба ин маъно, ки ин зикрҳо сабаби қувват мегарданд, ки бо он Фотима (разияллоҳу анҳо) метавонад бештар аз як хидматгор кор кунад.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

