HadeethEnc · 1.20.0
Ҳар кӣ ба манзиле ояд ва сипас бигӯяд: "Аъӯзу бикалимотиллоҳит-томот мин шарри мо халақ" (Паноҳ мебарам ба калимаҳои комили Аллоҳ аз шарри он чи офаридааст), то замоне, ки онҷо аст ба ӯ зиёне нахоҳад расид
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз Хавла бинти Ҳакими Суламӣ ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегӯяд: "Ҳар кӣ ба манзиле ояд ва сипас бигӯяд: "Аъӯзу бикалимотиллоҳит-томот мин шарри мо халақ" (Паноҳ мебарам ба калимаҳои комили Аллоҳ аз шарри он чи офаридааст), то замоне, ки онҷо аст ба ӯ зиёне нахоҳад расид".
02
Explanation
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) уммати худро ба парҳезгорӣ ва паноҳгоҳи судманд ҳидоят мекунад, ҳар кас бояд ба он аз хатаре, ки ҳангоми истиқрор дар ҳар ҷое аз рӯӣ замин битарсад, хоҳ дар мусофират бошад ё дар саёҳат ва ё дар ғайра, ба калимаҳои комили Аллоҳ, ки дар фазлу баракат ва судмандӣ комил ва аз ҳар айбу нуқсон солим аст, аз шарри ҳар махлуқот, ки дар он шарр аст паноҳ бибарад, дар натиҷа то замоне дар он манзилгоҳ аст, аз ҳар озоре дар амон бимонад.
03
Benefits
Паноҳ бурдан ба Аллоҳ, ба ном ва сифатҳои Ӯ Таъоло ибодат аст.
Паноҳ бурдан ба каломи Аллоҳ ҷоиз аст, зеро он яке аз сифатҳои Ӯ Таъоло аст, бар хилофи паноҳ бурдан ба дигар махлуқот, ки ширк аст.
Фазилат ва баракати ин дуъо.
Паноҳ бурдан бо зикр ва дуоҳо сабаби дар амон мондан аз шар ва бадиҳост.
Паноҳ бурдан ба ғайр аз Аллоҳ, ба монанди ҷин, ҷодугар, фолбинон ва ғайра нораво аст.
Машруъияти ин дуо барои касоне, ки дар хона ва ё дар сафар қарор доранд.

Attribution
[رواه مسلم]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares