марде аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид: Кадом (амал дар ) Ислом беҳтар аст? Он ҳазрат фармуданд: "Таом додан ва салом додан бар ҳар касе, ки мешиносӣ ё намешиносӣ
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки марде аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид: Кадом (амал дар ) Ислом беҳтар аст? Он ҳазрат фармуданд: "Таом додан ва салом додан бар ҳар касе, ки мешиносӣ ё намешиносӣ."
Explanation
Якум: Зиёд таом додан ба фақирон. Ва дар ин таом додан, садақа, меҳмонӣ, зиёфати тӯй дохил аст. Таом додан дар замони қаҳтӣ ва гуруснагӣ ва қимматӣ фазилати бештар дорад.
Дуюм: Салом додан бар ҳамаи мусалмонон, хоҳ ӯро бишносӣ ё нашиносӣ.
Benefits
Салом додан ва таом додан аз беҳтарин амалҳо дар Ислом аст. Бинобар фазилати он ва ниёзи ҳамешагии мардум барои он.
Инсон бо ин ду хислат, хайрхоҳӣ дар гуфтору кирдорро ба ҳам мепайвандад ва ин комилтарин хайрхоҳист.
Ин хислатҳо барои муносибат байни мусалмонон бо ҳамдигар аст. Ва хислатҳои дигаре низ вуҷуд дорад, ки барои таомули банда бо Парвардигораш аст.
Оғози салом додан махсус байни мусалмонон аст. Бинобар ин набояд бо кофир нахуст салом дод.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

