HadeethEnc · 1.20.0
Ҳаққи мусалмон бар мусалмон панҷ аст: посухи салом, аёдати бемор, иштирок дар ҷаноза, иҷобати даъват ва посух бар касе, ки атса мезанад
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Ҳаққи мусалмон бар мусалмон панҷ аст: посухи салом, аёдати бемор, иштирок дар ҷаноза, иҷобати даъват ва посух бар касе, ки атса мезанад"
02
Explanation
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баъзе аз ҳуқуқи як мусалмон бар мусалмони дигарро ингуна баён фармуданд: Нахустин ҳақи як мусалмон бар бародараш ин аст, ки посухи саломи ӯро гӯяд.
Ҳаққи дуюм: Аёдат ва дидори шахси бемор аст.
Ҳаққи сеюм: иштирок дар ҷаноза ва то қабристон рафтан аз пушти ҷаноза ва то дафн кардани майит онҷо мондан.
Ҳаққи чаҳорум: Пазируфтани даъват, ки агар ӯ ба тӯйи арусӣ ё маросими дигар даъват шавад, бипазирад.
Ҳаққи панҷум: касе, ки атса мезанад ва "Алҳамдуллилоҳ" мегӯяд дар посух ба ӯ "Ярҳамукаллоҳ" гуфта шавад, ки сипас худи атсазананда боз бигӯяд: "Яҳдикум Аллоҳ ва юслиҳ болакум" (Худованд шуморо ҳидоят ва хаёлатонро нек бидорад).

03
Benefits
Аҳамияти дини Ислом бар устувории ҳуқуқ байни мусалмонон ва таҳкими бародарӣ ва муҳаббат байни онҳо.
Attribution
[متفق عليه]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares