Оғозгари салом бар яҳудиён ва насрониён набошед; агар дар роҳ бо яке аз онон рӯ ба рӯ шудед, ногузираш кунед, ки ба тангтарин қисми роҳ биравад
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Оғозгари салом бар яҳудиён ва насрониён набошед; агар дар роҳ бо яке аз онон рӯ ба рӯ шудед, ногузираш кунед, ки ба тангтарин қисми роҳ биравад."
Explanation
Benefits
Аммо агар онҳо аввал салом кунанд, иҷозат дода шудааст, ки бо ҷумлаи "ва алайкум" посух дода шаванд.
Барои мусалмон ҷоиз нест, ки бо мақсади зарар расонидан ба кофир роҳро барояш танг кунад, яъне бе ҳоҷат ӯро ба рафтан дар роҳи танг маҷбур созад. Аммо агар роҳ танг ё серодам бошад, ҳаққи роҳ ба мусалмон аст ва кофир бояд аз роҳ канорагирӣ кунад.
Нишон додани иззати мусалмонон ва кучак ҳисобидани ғайри онҳо, бидуни зулм ё суханони ноҷо.
Сабаби танг кардани роҳ бар кофирон, куфр ва зиддияташон бар Аллоҳ Таъоло аст. Шояд аз донистани ин сабаб онҳо мусалмон шаванд ва аз оташ наҷот ёбанд.
Мусалмон метавонад ба кофир дар ибтидо бигӯяд: Чи ҳол дорӣ, чӣ гуна субҳ намудӣ? Чӣ гуна рӯзро бегоҳ кардӣ? Ба монанди инҳо, агар зарурат бошад, зеро манъ аз оғоз кардани салом, ба маънои салом гуфтан аст.
Тайибӣ гуфтааст: Беҳтар ин аст, ки барои мубтадиъ оғозгари салом набошед, агар шахсе ба касе, ки намешиносад салом диҳад, сипас фаҳмида шавад, ки ӯ зимӣ ё мубтадиъ аст, бояд барои таҳқири ӯ бигӯяд: Саломамро пас гирифтам.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

