Дашном додан ба мусалмон фисқ ва ҷангидан бо ӯ куфр аст
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Дашном додан ба мусалмон фисқ ва ҷангидан бо ӯ куфр аст".
Explanation
Benefits
Азим будани оқибати дашном додани мусалмон ба ноҳақ. Зеро дашномдиҳанда фосиқ аст.
Дашном додани мусалмон ва ҷангидан бо ӯ имонро заиф ва кам мекунад.
Баъзе амалҳо куфр номида мешаванд, ҳарчанд ба куфри бузург, ки шахсро аз дини Ислом хориҷ мекунад, намерасанд.
Мақсад аз куфр инҷо куфри асғар аст, ки бо иттифоқи аҳли суннат шахсро аз дини Ислом хориҷ намекунад. Зеро Аллоҳ Таъоло бародарии имониро барои муъминон ҳангоми ҷанг ва ихтилофашон собит намудааст. Чунончи, Худованд мефармояд: "Агар ду гурӯҳ аз муъминон бо ҳам даргир шуданд, миёнашон оштӣ барқарор кунед..." то "Албатта, муъминон бародари якдигаранд." (Сураи Ҳуҷурот, оятҳои 9-10).
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

