Гӯш кунед ва итоат кунед, зеро онҳо масъулияти худро ба дӯш доранд ва шумо масъулияти худро
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Воили Ҳазрамӣ ривоят аст, ки Салама ибни Язиди Ҷуъфӣ (разияллоҳу анҳу) Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро пурсид ва гуфт: Эй Паёмбари Худо! Агар бар мо ҳокимоне (амирон) ҳоким шаванд, ки ҳаққи худро талаб мекунанд, вале ҳаққи моро намедиҳанд, дар ин ҳолат ба мо чӣ фармон медиҳӣ? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ӯ рӯй гардонд. Бори дигар пурсид, вале боз рӯй гардонд. Бори дувум, ё севум ки пурсид, Ашъас ибни Қайс ӯро ба тарафи худ кашид, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:" Гӯш кунед ва итоат кунед, зеро онҳо масъулияти худро ба дӯш доранд ва шумо масъулияти худро."
Explanation
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз пурсанда рӯй гардонд, гӯё ки аз ин масъалаҳо нороҳат буд, вале пурсанда бори дуюм ва сеюм боз пурсид. Дар ин ҳолат Ашъас ибни Қайс (разияллоҳу анҳу) пурсандаро ба тарафи худ кашид, то ӯро сокит кунад.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) посух дода фармуд: Ба суханони онҳо гӯш кунед ва фармонҳояшонро иҷро кунед, зеро масъулияти онҳо ҳамон аст, ки ба онҳо супурда шудааст, адолат кардан ва ҳаққи раиятро додан. Ва масъулияти шумо ҳамон аст, ки бар шумо бор шудааст, итоат кардан, адои ҳаққи мардум ва сабр кардан дар азобу машаққат.
Benefits
Тақсир кардани ҳокимон дар иҷрои вазифаҳои онҳо сабаб намешавад, ки мардум дар иҷрои вазифаҳои худ кӯтоҳӣ кунанд, зеро ҳар кас дар кору вазифааш масъул аст ва барои тақсираш ҷавобгар аст.
Дин бар асоси муомила (доду гирифт) нест, балки бар пояи риояи уҳдадориҳост, ҳатто агар тарафи дигар дар иҷрои уҳдадориҳояш кӯтоҳӣ намояд, чунонки дар ин ҳадис омадааст.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

