Шуморо ба тақвои Аллоҳ Таъоло ва гӯш кардан ва итоат кардан (-и фармонраво) васият мекунам, ҳарчанд бардае бар шумо ҳукмрон шавад. Ҳар ки баъд аз ман зинда монад, ихтилофоти бисёре хоҳад дид. Пас, бар шумо лозим аст аз суннати ман ва суннати халифаҳои роҳнамо ва ҳидоятёфтаи ман пайравӣ кунед
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абӯ Наҷиҳ ал-Ирбоз ибни Сория (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) моро панде дод, ки қалбҳо аз он ба ларза омаданд ва ашкҳо аз чашмҳо ҷорӣ шуд. Гуфтем: Эй Расули Худо! Ин гӯё мавъизаи касест, ки бо мо видоъ мекунад. Ба мо васият кун! Фармуд: "Шуморо ба тақвои Аллоҳ Таъоло ва гӯш кардан ва итоат кардан (-и фармонраво) васият мекунам, ҳарчанд бардае бар шумо ҳукмрон шавад. Ҳар ки баъд аз ман зинда монад, ихтилофоти бисёре хоҳад дид. Пас, бар шумо лозим аст аз суннати ман ва суннати халифаҳои роҳнамо ва ҳидоятёфтаи ман пайравӣ кунед. Ба он сахт чанг занед ва онро бо дандонҳои курсӣ нигоҳ доред. Ва аз корҳои навпайдо (дар дин) эҳтиёт кунед, зеро ҳар бидъате гумроҳист".
Explanation
Benefits
Таваҷҷуҳ ба мавъиза ва нарм кардани дилҳо (бо мавъиза).
Фармони пайравӣ аз чаҳор халифаи рошиди ҳидоятёфта баъд аз ӯ, яъне Абубакр, Умар, Усмон ва Алӣ, (Худованд аз онҳо розӣ бод).
Наҳйи аз бидъаткорӣ дар дин ва ин ки ҳар бидъат гумроҳӣ аст.
Шунидан ва итоат кардани ҳар касе, ки сардории мусалмононро бар уҳда гирифтааст, дар ғайри гуноҳ.
Аҳамияти тақвои Аллоҳ Таъоло дар ҳама ҳолатҳо ва замонҳо.
Ихтилоф дар ин уммат рӯй медиҳад ва ҳангоми рӯй додани ихтилоф, баргаштан ба суннати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва суннати халифаҳои рошидин лозим аст.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

