Одамизод ҳеҷ зарферо бадтар аз шикамаш пур накардааст. Барои инсон кофӣ аст чандон бихӯрад, ки зинда бимонад, агар ночор ба хӯрдани бештар аз он шуд, пас, бояд сеяки меъдаи худро барои хӯрданиҳо ва сеяки дуюмро ба нӯшиданиҳо ва сеяки дигарро барои нафас кашидан ихтисос диҳад
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Миқдом ибни Маъди Кариб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мефармояд: "Одамизод ҳеҷ зарферо бадтар аз шикамаш пур накардааст. Барои инсон кофӣ аст чандон бихӯрад, ки зинда бимонад, агар ночор ба хӯрдани бештар аз он шуд, пас, бояд сеяки меъдаи худро барои хӯрданиҳо ва сеяки дуюмро ба нӯшиданиҳо ва сеяки дигарро барои нафас кашидан ихтисос диҳад".
Explanation
Benefits
Мақсади хӯрок хӯрдан нигоҳ доштани сиҳатӣ ва қувват аст, ки бо онҳо ҳаёт солим мемонад.
Серхӯрӣ ба бадан ва дин зарар дорад. Умар (разияллоҳу анҳу) гуфт: "Аз серхӯрӣ парҳез кунед, зеро он баданро табоҳ мекунад ва сабаби сустии инсон дар намоз мешавад".
Хӯрдан аз нигоҳи ҳукм бар панҷ қисм ҷудо мешавад: Воҷиб, он чизе, ки барои ҳифзи ҳаёт зарур аст ва тарки он ба зарар меанҷомад. Ҷоиз, зиёда аз ҳадди зарурӣ, ки зарараш эҳтимолӣ нест. Макрӯҳ, он чизе, ки эҳтимоли зарар доштанаш вуҷуд дорад. Ҳаром, он чизе, ки зиён доштани он маълум аст. Мустаҳаб, он чизе, ки дар ибодати Худо кумак мекунад. Ин мафҳум дар ҳадис бо се марҳила ҷамъбаст шудааст. Аввал: пур кардани шикам. Дувум: чанд луқма барои устувории бадан. Севум: "Як сеюм барои таом, як сеюм барои нӯшокӣ ва як сеюм барои нафаскашӣ". Ин ҳама дар сурате дуруст аст, ки навъи хӯрок ҳалол бошад.
Ин ҳадис яке аз қоидаҳои асосии тиб ба шумор меравад. Азбаски илми тиб бар се асос такя мекунад: нигоҳдории қувват, парҳез ва тоза кардани бадан, ҳадис ду асоси аввалро дар бар мегирад. Чуноне, ки Худованд мефармояд: (ва [дар зиндагӣ, аз хӯрокҳои покиза] бихӯред ва биошомед, вале исроф накунед, [ки] бе тардид, Аллоҳ Таъоло исрофкунандагонро дӯст намедорад) (Сураи Аъроф, ояти 31).
Камолоти ин шариати исломӣ дар он зоҳир аст, ки ҳамаи манфиатҳои инсонро, чи дар динаш ва чи дар дунёяш дарбар мегирад.
Аз ҷумлаи илмҳои шариат бахшҳои асосии тиб ва навъҳои гуногуни он низ ҳастанд, чунончи, дар бораи асал ва сиёҳдона (ҳаббат-ус-савдо) омадааст.
Аҳкоми шариат шомили ҳикмат аст, ки асоси онҳо ҳикмат ва бар пояи пешгирии зарарҳо ва ҷалби манфиатҳо қарор гирифтаанд.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

