HadeethEnc · 1.20.0
Ҳар кӣ шаби Қадрро аз рӯйи имон ва дарёфти савоб шабзиндадорӣ намояд, гуноҳони гузаштаи ӯ омурзида мешавад
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар кӣ шаби Қадрро аз рӯйи имон ва дарёфти савоб шабзиндадорӣ намояд, гуноҳони гузаштаи ӯ омурзида мешавад"
02
Explanation
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди фазилати қиёми шаби қадр, ки дар даҳаи охири рамазон аст, хабар дода фармудааст, ки ҳар кӣ онро аз рӯи ихлосу имондорӣ ва огоҳ будан аз фазоили он ва бо умеди касби савоб, на барои худнамоӣ ва риё, бо намозу дуо ва зикру тиловати Қуръон сипарӣ намояд, гуноҳони гузаштаи ӯ омурзида мешавад.
03
Benefits
Фазилати шаби қадр ва ташвиқ барои шабзиндадории он.
Амали нек танҳо бо нияти холис пазируфта мешавад.
Аз фазл ва раҳмати Худованд аст, ки ҳар кӣ шаби қадрро аз рӯи имондорӣ ва бо ҳадафи касби аҷру савоб шабзиндадорӣ намояд, гуноҳони гузаштаи ӯ омурзида мешавад.

Attribution
[متفق عليه]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares