Эй мардум! Салом гуфтанро паҳн кунед, таом бидиҳед, робитаи хешовандиро нигоҳ доред, шабҳо ҳангоми хоб будани мардум намоз хонед, бо осоиш ва саломатӣ (бидуни ҳеҷ ранҷе) ба биҳишт дохил мешавед
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абдуллоҳ ибни Салом (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Ҳангоме ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба шаҳри Мадина омад, мардум зуд ба пешвози ӯ шитофтанд ва мегуфтанд: Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад! Расули Худо омад! Се маротиба. Ман низ миёни мардум баромадам, то ӯро бубинам. Вақте ки ба рӯяш нигоҳ кардам, фаҳмидам, ки рӯи ӯ рӯи дурӯғгӯ нест. Аввалин чизе, ки аз забони мубораки ӯ шунидам, ин буд: "Эй мардум! Салом гуфтанро паҳн кунед, таом бидиҳед, робитаи хешовандиро нигоҳ доред, шабҳо ҳангоми хоб будани мардум намоз хонед, бо осоиш ва саломатӣ (бидуни ҳеҷ ранҷе) ба биҳишт дохил мешавед."
Explanation
Аввал: Паҳн кардани саломи исломӣ, изҳор кардани он ва зиёд гуфтанаш ба ҳар кас, чи мешиносӣ ё намешиносӣ.
Дуюм: Таом додан ба дигарон, бо садақа додан ё туҳфа ё меҳмондорӣ кардан.
Сеюм: Пайванд хешовандиро нигоҳ доштан, онҳое, ки аз ҷониби падар ё модар бо ту қаробати хешутаборӣ доранд.
Чаҳорум: Хондани намози қиёми лайл (нафл) дар шаб, ҳангоме ки мардум хобанд.
Benefits
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

