Мисоли касе, ки Парвардигорашро ёд мекунад ва касе, ки Парвардигорашро ёд намекунад, мисоли зинда ва мурда аст
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абумусо (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Мисоли касе, ки Парвардигорашро ёд мекунад ва касе, ки Парвардигорашро ёд намекунад, мисоли зинда ва мурда аст".
Ва дар ривояти Муслим омадааст: "Мисоли хонае, ки дар он Худованд ёд карда мешавад ва хонае, ки дар он Худованд ёд карда намешавад, мисоли зинда ва мурда аст."
Explanation
Ҳамчунин хона низ бо ҳаёт тавсиф мешавад агар сокинонаш Худоро ёд кунанд, вагарна он хона мурда шуморида мешавад, зеро сокинонаш аз зикри Худованд ғофиланд. Ҳангоме ки "зинда" ё "мурда" ба хона нисбат дода мешавад, дар асл манзур сокинони он хона мебошанд.
Benefits
Зикри Худо ҳаёти рӯҳ аст, чунон ки рӯҳ ҳаёти ҷисм аст.
Аз суннати Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин аст, ки барои фаҳмондани маънӣ зарбулмасалҳо меоварданд.
Имом Нававӣ мегӯяд: Дар ин ҳадис ташвиқ ба зикри Худо дар хона аст ва лозим аст, ки хона аз зикри Худо холӣ набошад.
Имом Нававӣ ҳамчунин мегӯяд: Зиндагии тӯлонӣ дар итоати Худо фазилат аст, ҳарчанд, ки мурда (и некӯкор) ба некӣ меравад, зеро зинда метавонад ба дараҷаи мурда расад ва бо тоати бештар аз он пеш равад.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

