افتتاح البرنامج الدعوي السبت القادم، ٩ / ٣ / ١٤٤٨هـ بعد صلاة الفجر مباشرة مسجد محمد بن إبراهيم، الجامعة الإسلامية بالمدينة المنورة فضيلة الشيخ د. هيثم بن محمد سرحان دورة اليوم الواحد، وختم كتاب كل سبت بإذن الله حياكم الله ونفع بكم. افتتاح البرنامج الدعوي السبت القادم، ٩ / ٣ / ١٤٤٨هـ بعد صلاة الفجر مباشرة مسجد محمد بن إبراهيم، الجامعة الإسلامية بالمدينة المنورة فضيلة الشيخ د. هيثم بن محمد سرحان دورة اليوم الواحد، وختم كتاب كل سبت بإذن الله حياكم الله ونفع بكم. افتتاح البرنامج الدعوي السبت القادم، ٩ / ٣ / ١٤٤٨هـ بعد صلاة الفجر مباشرة مسجد محمد بن إبراهيم، الجامعة الإسلامية بالمدينة المنورة فضيلة الشيخ د. هيثم بن محمد سرحان دورة اليوم الواحد، وختم كتاب كل سبت بإذن الله حياكم الله ونفع بكم. افتتاح البرنامج الدعوي السبت القادم، ٩ / ٣ / ١٤٤٨هـ بعد صلاة الفجر مباشرة مسجد محمد بن إبراهيم، الجامعة الإسلامية بالمدينة المنورة فضيلة الشيخ د. هيثم بن محمد سرحان دورة اليوم الواحد، وختم كتاب كل سبت بإذن الله حياكم الله ونفع بكم. افتتاح البرنامج الدعوي السبت القادم، ٩ / ٣ / ١٤٤٨هـ بعد صلاة الفجر مباشرة مسجد محمد بن إبراهيم، الجامعة الإسلامية بالمدينة المنورة فضيلة الشيخ د. هيثم بن محمد سرحان دورة اليوم الواحد، وختم كتاب كل سبت بإذن الله حياكم الله ونفع بكم. افتتاح البرنامج الدعوي السبت القادم، ٩ / ٣ / ١٤٤٨هـ بعد صلاة الفجر مباشرة مسجد محمد بن إبراهيم، الجامعة الإسلامية بالمدينة المنورة فضيلة الشيخ د. هيثم بن محمد سرحان دورة اليوم الواحد، وختم كتاب كل سبت بإذن الله حياكم الله ونفع بكم. افتتاح البرنامج الدعوي السبت القادم، ٩ / ٣ / ١٤٤٨هـ بعد صلاة الفجر مباشرة مسجد محمد بن إبراهيم، الجامعة الإسلامية بالمدينة المنورة فضيلة الشيخ د. هيثم بن محمد سرحان دورة اليوم الواحد، وختم كتاب كل سبت بإذن الله حياكم الله ونفع بكم. افتتاح البرنامج الدعوي السبت القادم، ٩ / ٣ / ١٤٤٨هـ بعد صلاة الفجر مباشرة مسجد محمد بن إبراهيم، الجامعة الإسلامية بالمدينة المنورة فضيلة الشيخ د. هيثم بن محمد سرحان دورة اليوم الواحد، وختم كتاب كل سبت بإذن الله حياكم الله ونفع بكم.
#3636[Саҳеҳ]
HadeethEnc · 1.30.0

Ман назди гумони бандаи Худ ҳастам (яъне, ман бо бандаам мутобиқи гумоне, ки нисбат ба ман дорад рафтор мекунам), ҳар вақт ки Манро ёд кунад, Ман бо ӯ ҳастам

Available translations

Choose an available translation of this Hadeeth

01

Hadeeth text

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: "Аллоҳ Азза ва Ҷалла мегӯяд: Ман назди гумони бандаи Худ ҳастам (яъне, ман бо бандаам мутобиқи гумоне, ки нисбат ба ман дорад рафтор мекунам), ҳар вақт ки Манро ёд кунад, Ман бо ӯ ҳастам. Агар Манро дар дили худ ёд кунад, Ман ӯро дар назди Худ ёд мекунам. Агар Манро дар миёни ҷамъе ёд кунад, Ман ӯро дар ҷамъе беҳтар аз онҳо ёд мекунам. Агар ба андозаи як ваҷаб ба Ман наздик шавад, Ман ба ӯ ба андозаи зироъ (як даст) наздик мешавам. Агар ба андозаи як зироъ наздик шавад, Ман ба андозаи як боъ (ду дасти боз) ба ӯ наздик мешавам. Агар ӯ ба сӯи Ман қадамзанон биёяд, Ман ба сӯи ӯ бо шитоб меоям."
02

Explanation

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки Аллоҳ Таъоло мефармояд:

Ман ҳамон тавре ҳастам, ки бандаи Ман дар ҳаққи Ман гумон мебарад. Бо ӯ мувофиқи гумонаш муомила мекунам; агар умед ба раҳмати Ман ва афв дошта бошад, ба ӯ некиро мерасонам ва он чи аз Ман умедвор аст, барояш анҷом медиҳам. Ман бо ӯ ҳастам, бо раҳмату тавфиқ, ҳидоят, нигоҳдорӣ ва ёриям, вақте ки Маро ёд мекунад.

Агар Манро дар танҳоӣ ва бо тасбеҳу таҳлил дар дилаш ёд кунад, Ман низ ӯро дар нафси Худ ёд мекунам.

Агар Манро дар миёни ҷамъе аз мардум ёд кунад, Ман ӯро дар миёни гурӯҳе беҳтар ва афзунтар аз онҳо ёд мекунам.

Ҳар ки ба сӯи Аллоҳ ба андозаи як ваҷаб наздик шавад, Аллоҳ ба сӯи ӯ ба андозаи як даст наздик мешавад.

Агар банда ба сӯи Аллоҳ ба андозаи як зироъ наздик шавад, Аллоҳ ба ӯ ба андозаи ду дасти кушода наздик мешавад.

Агар ба сӯи Аллоҳ қадамзанон роҳ равад, Аллоҳ ба сӯи ӯ бо шитоб (давон-давон) меояд.

Вақте банда бо итоат ва рӯ овардан ба Парвардигораш наздик мешавад, Худованд низ ба ӯ наздик мешавад ва подоши ӯро аз ҳамон ҷинси амалаш ато мекунад.

Ҳар қадар бандагии муъмин ба Парвардигораш комилтар шавад, ҳамон қадар ба Худо наздиктар мешавад. Ато ва подоши Худованд ҳамеша бештар аз амали банда аст, ҳам аз ҷиҳати кайфият ва ҳам аз ҷиҳати миқдор.

Пас, муъмин бо гумони нек ба Аллоҳ зиндагӣ мекунад, амал мекунад, шитоб меварзад ва бар аъмолаш меафзояд, то ин ки ба дидори Аллоҳ бирасад.
03

Benefits

Ин ҳадис аз ҷумлаи ҳадисҳоест, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҷониби Парвардигораш ривоят мекунад. Онро ҳадиси қудсӣ ё илоҳӣ меноманд, ки лафзу маънояш аз ҷониби Аллоҳ аст. Аммо ҳадиси қудсӣ вижагиҳои Қуръонро надорад, аз ҷумла: Тиловати Қуръон худ ибодат ҳисоб мешавад, ҳадиси қудсӣ не. Барои даст расондан ба Қуръон вузӯ доштан шарт аст, барои ҳадиси қудсӣ не. Дар Қуръон эъҷоз ва муборизаталабӣ (ба чолиш кашидан) вуҷуд дорад, дар ҳадиси қудсӣ не. Қуръон муъҷиза аст, ҳадиси қудсӣ не.
Оҷуррӣ гуфтааст: Аҳли ҳақ Аллоҳ Азза ва Ҷалларо ба он сифатҳое тавсиф мекунанд, ки Аллоҳ худашро ба он васф кардааст, ё Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Ӯро ба он васф кардааст, ё саҳобаҳо (разияллоҳу анҳум) Ӯро ба он васф кардаанд. Ва ин мазҳаби уламои пайрав (аз Паёмбар ва салафи солеҳ) аст, на аҳли бидъат. поён. Аҳли суннат барои Аллоҳ ҳамон номҳо ва сифотеро собит мекунанд, ки Аллоҳ барои худаш собит кардааст, бе таҳриф (тағйир), бе таътил (инкори маънӣ), бе такйиф (кайфият муайян кардан) ва бе тамсил (мисол задан). Онҳо ҳамчунин ҳар чизеро, ки Аллоҳ аз худаш нафй кардааст, нафй мекунанд ва дар чизҳое, ки Аллоҳ на собит ва на нафй кардааст, сукут мекунанд. Аллоҳ Таъоло фармудааст: "Ҳеҷ чиз ҳаммонанди Аллоҳ Таъоло нест ва Ӯ Шунаво ва Бино аст." (Сураи Шуро, ояти 11).
Гумони нек ба Аллоҳ Таъоло бояд ҳамроҳ бо амал бошад. Ҳасани Басрӣ гуфтааст: Муъмин нисбат ба Парвардигораш гумони нек дорад, бинобар ин амали нек анҷом медиҳад. Аммо шахси бадкор ба Парвардигораш гумони бад мекунад, бинобар ин амалаш ҳам бад мешавад.
Қуртубӣ мегӯяд: маънои "гумони бандаам ба Ман" ин аст, ки: гумони иҷобат дар вақти дуо кардан, гумони қабули тавба вақти тавба кардан, гумони мағфирати гуноҳ ҳангоми истиғфор ва гумони подош ва мукофот ҳангоми ибодат бо иҷрои шартҳояш, аз рӯйи чанг задан ба ваъдаи ростини Ӯст. Аз ин рӯ, бояд инсон дар иҷрои вазифаҳои худ кӯшиш намояд ва ба қабули онҳо аз ҷониби Худованд яқин дошта бошад, ки Худованд қабул мекунад ва мебахшад, зеро Ӯ ваъда додааст ва ваъдаи Худованд хилоф намешавад. Аммо агар касе гумон кунад, ки Худо намепазирад ва амалҳояш фоида надорад, ин ноумедӣ аз раҳмати Худост, ки гуноҳи кабира аст. Агар касе бо чунин гумон бимирад, ба ҳамон чизе, ки гумон дошт, вогузор мешавад. Чунон ки дар як ривояти дигари ҳамон ҳадис омадааст: "Пас бандаи Ман, дар бораи Ман ҳар чи хоҳад, гумон барад". Аммо гумон ба мағфирати Худо дар ҳоле ки бар гуноҳ исрор дорад, ин танҳо нодонӣ ва фиреби нафс аст.
Ташвиқ ба зиёд зикр кардани Худованд дар дил ва забон. Инсон дар нафс ва дили худ аз Аллоҳ Таъоло метарсад, бузургии Ӯро зикр мекунад ва ҳаққашро эҳтиром мекунад, умед аз Ӯ, бузургдошти Ӯ, дӯст доштани Ӯ, гумони нек ба Ӯ ва корҳоро холисона барои Ӯ анҷом медиҳад. Бо забон мегӯяд: Субҳоналлоҳ, Алҳамдулиллоҳ, Ло илоҳа иллаллоҳ, Аллоҳу акбар, Ва Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ.
Ибни Абуҷамра мегӯяд: Касе, ки Худовандро дар ҳоли тарс зикр кунад, ӯро дар амн қарор медиҳад. Агар танҳо бошад ва дар ҳолати эҳсоси хатар бошад, ба ӯ муонисат ва ҳамдамӣ мебахшад.
Шибр: масофае аст, байни нуги ангушти кӯчак ва нуги ангушти бузурги даст ҳангоми боз кардани он (ваҷаб). Зироъ: масофае байни нуги ангушти миёна ва устухони оринҷ аст. Боъ: дарозии ду зироъ ва банду паҳнои синаи инсон мебошад, ки тақрибан баробар ба чаҳор зироъ аст.

Attribution

[متفق عليه]

Categories

Share

Share hadeeth

Sharing options

3Views0Cards0Shares
Share

← Back to encyclopedia
Shopping Basket

Loading...