Беҳтарин рӯзе, ки бар он офтоб тулуъ кардааст, рӯзи ҷумъа аст
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Беҳтарин рӯзе, ки бар он офтоб тулуъ кардааст, рӯзи ҷумъа аст. Одам дар он рӯз офарида шуд ва дар он рӯз ба биҳишт дароварда шуд ва дар он рӯз аз биҳишт берун оварда шуд. Ва қиёмат барпо намешавад, магар дар рӯзи ҷумъа."
Explanation
Benefits
Ташвиқ ба зиёд анҷом додани амалҳои нек дар рӯзи ҷумъа ва омода шудан барои ба даст овардани раҳмати илоҳӣ ва дур сохтани ғазаби Ӯ аз худ.
Дар бораи вижагиҳое, ки барои рӯзи ҷумъа дар ин ҳадис омадааст, гуфта шудааст: Ин барои фазилати рӯзи ҷумъа нест, зеро берун сохтани Одам аз биҳишт ва барпо шудани қиёмат фазилат ба ҳисоб намеравад. Ва баъзе дигар мегӯянд, ки ҳамаи инҳо фазилат ба шумор меравад. Ва ҳамин берун кардани Одам аз биҳишт боиси ба вуҷуд омадани зуррияи ӯ, аз ҷумла паёмбарон ва некукорону анбиё шуд. Ва барпо шудани қиёмат сабаби тезонидани подоши некукорон аст ва боис мешавад, ки каромотеро, ки Аллоҳ барояшон омода сохтааст, зудтар ба даст оваранд.
Барои рӯзи ҷумъа вижагиҳои дигаре низ ба ҷуз он чи дар ин ривоят омадааст, зикр шудааст, аз ҷумла: Дар ин рӯз тавбаи Одам пазируфта шуд ва дар ин рӯз аз дунё чашм пӯшид. Дар ин рӯз соате аст, ки бандаи муъмин дар ҳоли намоз аз Аллоҳ чизе бихоҳад, барояш ато мекунад.
Беҳтарин рӯзҳои сол, рӯзи Арафа аст -бархеҳо гуфтанд, рӯзи иди Қурбон аст- ва беҳтарин рӯзҳои ҳафта, рӯзи ҷумъа аст ва беҳтарин шабҳо, шаби қадр аст.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

