HadeethEnc · 1.20.0
Ман марде будам, ки аз ман бисёр мазӣ хориҷ мешуд ва ба далели ҷойгоҳи духтари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) (чун Алӣ домоди Паёмбар буд) шарм мекардам, ки дар ин бора аз эшон бипурсам. Пас Миқдод ибни Асвадро амр кардам, ки аз эшон суол кунад. Пас фармуданд: "Олати худро мешӯяд ва таҳорат мекунад
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз Алӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Ман марде будам, ки аз ман бисёр мазӣ хориҷ мешуд ва ба далели ҷойгоҳи духтари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) (чун Алӣ домоди Паёмбар буд) шарм мекардам, ки дар ин бора аз эшон бипурсам. Пас Миқдод ибни Асвадро амр кардам, ки аз эшон суол кунад. Пас фармуданд: "Олати худро мешӯяд ва таҳорат мекунад" Ва назди Бухорӣ омадааст, ки: " Таҳорат бикун ва олати худро бишӯй."
02
Explanation
Алӣ ибни Абутолиб (разияллоҳу анҳу) хабар медиҳад, ки аз ӯ мазӣ бисёр хориҷ мешуд, (мазӣ оби тунук, шаффоф ва часпакест, ки ҳангоми шаҳват ё пеш аз алоқаи ҷинсӣ аз инсон берун меояд) ва намедонист, ки вақте мазӣ мебарояд, бояд чӣ кор кунад. Ӯ аз ин ки худаш аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бипурсад, шарм кард, зеро ӯ шавҳари Фотима духтари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) буд. Бинобар ин аз Миқдод ибни Асвад хоҳиш кард, ки аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ин бора бипурсад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чунин посух доданд, ки олати худро бишӯяд, сипас таҳорат кунад.
03
Benefits
Фазилати Алӣ ибни Абутолиб (разияллоҳу анҳу), зеро шармгинӣ ӯро аз тарки ин савол бознадошт, балки ба воситаи дигар кас онро пурсид.
Дар пурсидани фатво ҷоиз аст, ки ба воситаи як нафари дигар посухатро бигирӣ.
Барои инсон ҷоиз аст, ки дар бораи худаш чизеро, ки аз гуфтанаш шарм медорад, ба хотири манфиат бигӯяд.
Мазӣ наҷис аст ва шустани бадан ва либос аз мазӣ воҷиб аст.
Мазӣ аз шиканандаҳои таҳорат аст.
Шустани олат ва байзаҳо бо далиле, ки дар дигар ҳадис омадааст, воҷиб аст.
Дар пурсидани фатво ҷоиз аст, ки ба воситаи як нафари дигар посухатро бигирӣ.
Барои инсон ҷоиз аст, ки дар бораи худаш чизеро, ки аз гуфтанаш шарм медорад, ба хотири манфиат бигӯяд.
Мазӣ наҷис аст ва шустани бадан ва либос аз мазӣ воҷиб аст.
Мазӣ аз шиканандаҳои таҳорат аст.
Шустани олат ва байзаҳо бо далиле, ки дар дигар ҳадис омадааст, воҷиб аст.
Attribution
[متفق عليه]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

