Ин амр ба он ҷое мерасад, ки шабу рӯз расидааст. Ва Аллоҳ Таъоло ҳеҷ хонаеро дар шаҳр (ва русто) ва бодия раҳо намекунад, магар ин динро вориди он мекунад
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Тамими Дорӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегуфт: "Ин амр ба он ҷое мерасад, ки шабу рӯз расидааст. Ва Аллоҳ Таъоло ҳеҷ хонаеро дар шаҳр (ва русто) ва бодия раҳо намекунад, магар ин динро вориди он мекунад. Бо иззати азиз ё зиллат ва хории залил ҳамроҳ мегардонад. Иззате, ки Аллоҳ ба воситаи он Исломро иззат мебахшад ва зиллате, ки Аллоҳ ба воситаи он куфрро залил ва хор мегардонад". Тамими Дорӣ мегуфт: Инро дар миёни хонаводаам шоҳид будам, касоне аз хонаводаам, ки Исломро пазируфта буданд, ба хайру шараф ва иззат даст ёфтанд ва онон ки кофир монданд, хору залил шуда ҷизя пардохтанд.
Explanation
Сипас саҳобӣ Тамими Дорӣ (разияллоҳу анҳу) гуфт: Он чи Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфта буд, дар хешовандони худ дидам. Он тавр ки ҳар ки аз онон Исломро пазируфт, хайру шараф ва сарбаландӣ ба даст овард. Ва онон ки кофир шуданд, ба замми пуле, (ҷизя) ки ба мусалмонон мепардохтанд, дучори зиллат ва хорӣ шуданд.
Benefits
Иззат аз они Ислом ва мусалмонон аст ва хорӣ аз они куфру кофирон аст.
Дар он далеле аз далоили нубувват аст, зеро ҳамон тавр ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар дода буданд, рух дод.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

