photo_٢٠٢٤-٠٤-١٥_٠٨-٢٤-٥٣

НАВЪҲОИ РУҚЯ

أنواع الرقية
НАВЪҲОИ РУҚЯ
Руқя ба ду қисм тақсим мешавад: Руқяи шаръӣ ва руқяи ширкӣ. Се шарти руқяи шаръӣ ва ё яке аз онҳо таҳқиқ наёбад, пас он аз шаръӣ ба ширкӣ интиқол меёбад ва дар ҳамин ҳолат шахси соҳирро шинохта мешавад.
1.Руқяи шаръӣ бояд аз китоби Қуръон, ба мисли сураи Фотиҳа, ва суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васаллам, ба мисли “Аъузу бикалимотиллоҳит томмоти мин шарри мо халақ”, ва ё аз номҳо ва сифоти Аллоҳ таъоло бошад, ба мисли “Ё Ҳайю ё Қайюм”.
2. Руқяи шаръӣ бояд бо ҷумлаҳо ва калимаҳои маълум ва мафҳум бошад. Ва он бо овози баланд бошад, ки онро шунида шавад. Аммо надонем, ки он чӣ мегӯяд, ба ӯ бояд гуфта шавад, ки ончи мегӯйи мехоҳам бишнавам. Руқяи шаръӣ бояд бо луғати арабӣ бошад, магар дуо кардан бо луғати худаш бошад, иҷозат аст. Ва инчунин ҷоиз нест, ки номҳои некӣ Аллоҳро бо забони худаш бигӯяд.
3.Эътиқод дошта бошад, ки руқя танҳо сабаб аст. Оне, ки танҳо манфиатҳоро ҷалб карда зарарҳоро дур мекунад, танҳо Аллоҳ таъоло аст. Пас агар як шарти руқя таҳқиқ наёбад, руқяи шаръӣ ба руқяи ширкӣ табдил меёбад. Бисёр мушкилиҳо дар мардуми мо вуҷуд дорад, ки ба назди шайхе рафта мегӯяд: “Ман бемор ҳастам, сеҳр ва чашм шудаам. Шайх мегӯяд: Ҳама даво дар назди ман аст”.
Сеҳр ва чашм мавҷуд аст, лекин мардум бояд қалби худро ба Холиқи якто баста бошанд ва дари шарро ба мардум накушоянд. Бинобарин бо он мардуме, ки эътиқоде надоранд ва ё ҷоҳил ҳастанд, бояд бирасонем, ҳамчуноне ки Паёмбар ﷺ руқяи шаръӣ ва ширкиро ба мардум расонданд ва таълим доданд.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_2024-04-27_10-52-38

БАРТАРӢ ВА БУЗУРГИИ КАЛИМАИ “ЛО ИЛОҲА ИЛЛАЛЛОҲ”

فضل و تعظيم كلمة “لا إله إلا الله”
БАРТАРӢ ВА БУЗУРГИИ КАЛИМАИ
“ЛО ИЛОҲА ИЛЛАЛЛОҲ”
“Аллоҳ гувоҳӣ дод, ки ҳеҷ маъбуде нест, магар Ӯ. Ва фариштагон ва донишмандон дар он ҳоле гувоҳӣ доданд, ки Аллоҳ ба адл тадбиркунандаи ин олам аст. Ҳеҷ маъбуде нест ба ҷуз Ӯ, ки Ғолибу Устуворкор аст”. Оли Имрон:18. Муфассирин дар баёни сабаби нузули ин оят гуфтанд: Ин оят дар ҷавоби суоли ду тан аз Шомиҳо нозил шуд, ки ба Мадина омаданд ва аз Паёмбар ﷺ пурсиданд, ки бузургтарин гувоҳӣ ва шаҳодати Аллоҳ дар китобаш чист? Ва чун ин оят нозил шуд, пас он ду нафар имон оварданд.
“Ло Илоҳа иллаллоҳ” ин калимаест, ки шахси кофир бо гуфтани он ба Ислом дохил мегардад. Ин калимаро дар азон ва иқомат ва хутбаҳо гуфта мешавад. Тамоми Паёмбарон барои ин калима фиристода шуданд. Ин калима калиди “Дорус салом” аст. Дар қиёмат аз аввалину охирин аз ин калима пурсида мешаванд. Аллоҳ фармуд: “Аллоҳ мӯъминонро ба сабаби эътиқоди устуворашон дар дунёву охират пойдор медорад. Ва золимонро гумроҳ месозад ва ҳар чӣ хоҳад, ҳамон мекунад”. Иброҳим-27. Паёмбар ﷺ фармуданд; «Бинои Ислом панҷ аст; 1. Гувоҳӣ додан ба он, ки нест маъбуди барҳақ ба ҷуз Аллоҳ». Ибни Уяайна раҳимаҳуллоҳ гуфт; “Бузургтарин неъмат ин калимаи “Ло илоҳа иллаллоҳ” аст”. Ибни Аббос разияллоҳу анҳу гуфт: “Калимаи Таййиба дар Қуръон ин калимаи Ло илоҳа иллаллоҳ аст”. Калимаи Таййиба ин шаҳодати ҳақ, даъвати ҳақ ва дурӣ аз ширк аст. Ин калимаро мо бояд бо забон бигӯем ва бо қалб тасдиқ намоем ва онро эълон бикунем. Ва ин калима шомили чаҳор лафз аст: 1. Ло. 2. Илоҳ. 3. Илло. 4. Аллоҳ.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-١٤_٢٢-١٠-٤٥

ҲИММАТБАЛАНДӢ

علو الهمة
ҲИММАТБАЛАНДӢ
Дар ин ҳаёт чи кор кардӣ, оё ба ҳимматбаландӣ саъйу кӯшиш кардаӣ? Зеро гуфта шуд, ки “қадру қимати ҳар шахс ба миқдори некиҳои ӯст”. Аллоҳ ҳимматбаландиро дӯст медорад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Албатта Аллоҳ таъоло Карим аст ва бо карам буданро дӯст медорад”. Ва ахлоқҳое, ки дараҷаи баланд дорад, онро дӯст медорад. Ва ахлоқҳои паст, ба мисли ғайбат ва суханчиниро бад мебинад. Саъйу кӯшиш дар ахлоқҳои нек аз сифатҳои муъминон аст. Аллоҳ фармуд: “Ин ҷамоа дар некуҳо саъй мекунанд ва онҳо ба сӯйи он мусобиқакунанда ҳастанд”. Муъминун:61. Ва барои боло рафтани мусалмон дар ҳар намуд фурсатҳо ба ӯ лозим аст, ки дар саъйу кӯшиши худ содиқ ва ҳимматбаланд бошад, то ба он бирасад. Ибни Қаййим раҳимаҳуллоҳ гуфт: “Ба ҳиммати олӣ расидан нияти дуруст лозим аст. Пас агар ҳимматбаландӣ ва нияти дуруст бо ҳам ҷамъ гарданд, ба поёни мақсад бирасанд”. Фавоид; ҷ1.с200. Оне, ки ҳимматбаланд аст, тамоми сабабҳоро ба худ мегирад. Ҳамчуноне, ки Аллоҳ дар бораи Зулқарнайн фармуд: “Ба дурусти, ки мо ба ӯ дар замин дастрасӣ додем ва ба ӯ дар ҳар чиз сабабе додем. Пас дар пайи сабабе афтод”. Каҳф:84,85. Яъне, Аллоҳ ба ӯ сабабҳоеро ато мекард, ки бо он амал мекард ва ба мақсад мерасид. Шахси ҳимматбаланд бо ақлаш кор мекунад, то дар ҳама майдонҳо ба олитарин мартабаҳо бирасад. Оне, ки ҳиммати баланд дорад, ҳеҷгоҳ аз охират ғофил намемонад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳар шахсе, ки ғаму андӯҳаш ва қасдаш дар ин дунё танҳо охират бошад, Аллоҳ дар қалбаш бойиро ато мекунад. Ва ба ризқаш қаноат мекунад, тамаъ намекунад. Ҳама кораш барояш осон ва ҷамъ гардад. Ва ба ӯ дунёе ояд, ки онро бад медид”. Тирмизӣ.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-١٤_٠١-١٢-٠٩

НАВЪҲОИ ХИЁНАТ

أنواع الخيانة
НАВЪҲОИ ХИЁНАТ
Хиёнат ҳаром аст. Хиёнат сифати мунофиқон ва амонат сифати муъминон аст. Амонат яке аз неъматҳои Аллоҳ таъоло бар бандагонаш аст. Тамоми гуноҳони пинҳонӣ ва дурӣ аз амри Аллоҳ ва амри Расули Ӯ ﷺ хиёнат аст. Уламо хиёнатро гуноҳи кабира номиданд. Аллоҳ фармуд: “Ва Аллоҳ ҳилаи хоинонро ба мақсад намерасонад”. Сураи Юсуф:52. Дар байни қавме, ки хиёнаткорӣ шурӯъ гардид, он қавм хароб гардад. Ва бадтарин мардуме, ки корашон дар қиёмат ба расвоӣ меанҷомад, хиёнаткоронанд. Аллоҳ фармуд: “Агар медонӣ, ки гурӯҳе дар паймон хиёнат мекунанд, ба онон эълом кун, ки монанди худашон амал хоҳӣ кард. Зеро Аллоҳ хоинонро дӯст надорад!”. Сураи Анфол;58. Хиёнат бо ҳамдигар сабаби бардошта шудани баракат аст. Бояд мусалмон ба ҳар хиёнаткор бо мавъизаҳои хуб насиҳат карда бошад. Касе, ки ба ту хиёнат мекунад, ба ӯ хиёнат макун. Ақидаи мо “Ло Илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадур Расуллуллоҳ” аст, пас ин калимаро дар нафси худ ва бар дигарон таҳқиқ накардан, хиёнат ба Аллоҳ аст. Дӯстӣ бо душманони Аллоҳ, поймол кардани шариъат, касби ҳаром, фиреб додан, дурӯғ гуфтан, истифода аз мансаб, дар соҳаи худ кор накардан, назар кардан ба муҳаррамот, ҳифз накардани аъзои бадани худ аз гуноҳ, амал накардани олим ба илми худ ва зулми сардор ба зердастони худ, ки ин ҳама хиёнат аст.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-١٤_٠١-١٠-٠٦

ҲУКМИ ҚИРОЪАТИ КИТОБҲОЕ, КИ ДАР ОН ХИЛОФИ БАЙНИ САҲОБАГОН АСТ

حكم قراءة الكتب التي فيه الخلاف بين الصحابة رضي الله عنهم
ҲУКМИ ҚИРОЪАТИ КИТОБҲОЕ, КИ ДАР ОН ХИЛОФИ БАЙНИ САҲОБАГОН АСТ
Баъзе мардумро Аллоҳ таъоло ҳидояташон кунад, китобҳоеро мехонанд, ки дар он баъзе аз муноқаша ва ҷангу ҷидоли баъзе саҳобагон (разияллоҳу анҳум) омадааст. Ба ин масъала Ибни Усаймин раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: (Хондани чунин китобҳои чопшудаи аҳли суннат, ки дар он муноқишаи байни саҳобагон омадааст, ҷоиз нест. Барои чӣ ҷоиз нест? Барои он ҷоиз нест, ки ба қалбат чизе воқеъ гардад. Аллоҳ таъоло моро аз муноқишаи онҳо дар рӯзи қиёмат намепурсад. Оё нашуниди, ки Аллоҳ таъоло дар Қуръон чи гуфтааст: “Ва низ аз они касоне аст, ки баъди муҳоҷирон омаданд, мегӯянд: Эй Парвардигори мо, мо ва бародаронамонро, ки ба имон овардан бар мо сабқат карданд, биомӯрз ва дар қалбҳои мо нисбат ба онон, ки имон оварданд, ҳеҷ кинае пайдо макун. Эй Парвардигори мо, ба дурусти, ки Ту Бахшандаву Меҳрубонӣ”. Ҳашр:10.
Оё нахондӣ, ки Паёмбар ﷺ чунин фармуданд: “Асҳоби маро дашном мадиҳед”. Бинобарин, вақте ки ин шубҳаҳо ба қалб дохил гардад, наметавонем онро берун кунем.
Як нафар пурсид, ки агар ба ман сухане бикунанд ва ба қалби ман шубҳае пайдо гардад, пас илоҷи он чист? Гуфт: Ба уламо бозгард.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-١٤_٠١-٠٨-٢٥

ЧАҲОР НАВЪИ АМОНАТ

أربعة من أنواع الأمانة
ЧАҲОР НАВЪИ АМОНАТ
1.Амонати таклиф; Аллоҳ фармуд: “Мо ин амонатро бар осмонҳову замин ва кӯҳҳо арза доштем, аз таҳаммули он рӯй гардонданд ва аз он тарсиданд. Инсон он амонатро бар дӯш гирифт, ки ӯ ситамкору нодон буд”. Сураи Аҳзоб ояти 72.
2.Амонати баёни ҳуҷҷат бар Уламо; Аллоҳ фармуд: “Касоне, ки паёмҳои Аллоҳро мерасонанд ва аз Ӯ метарсанд ва аз ҳеҷ кас ғайри Ӯ наметарсанд, Аллоҳ барои ҳисоб кардани амалҳояшон кофист!”. Сураи Аҳзоб ояти 39.
3.Амонати расонидани рисолати Илоҳӣ бар Паёмбарон, ки меросхурӣ онҳо уламо мебошанд; Аллоҳ фармуд:”Эй Паёмбар, он чиро ки аз Парвардигорат бар ту нозил шудааст, ба мардум бирасон. Агар чунин накунӣ, амри фиристодаи Ӯро адо накардаӣ. Аллоҳ туро аз мардум ҳифз мекунад, ки Аллоҳ мардуми кофирро ҳидоят намекунад”. Сураи Моида ояти 67.
4.Амонати ҳифзи калимаи тавҳид; Бояд ҳама мусалмонон дар нашри тавҳид саъйу кушиш дошта бошанд, зеро ин амонат аст, ки ба он бояд хиёнат накунанд. Аллоҳ фармуд: “Эй касоне, ки имон овардаед, медонед, ки набояд ба Аллоҳ ва Паёмбар хиёнат кунед ва дар амонат набояд хиёнат кунед”. Сураи Анфол:27.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-١١_٢٢-٥٩-٤٧

*La recommandation de jeûner Six jours du mois de Chaŵal après celui de Ramadan*

*La recommandation de jeûner Six jours du mois de Chaŵal après celui de Ramadan*

Selon Abou Ayoub le ansâry qu’Allah l’agrée, le messager d’Allah paix et bénédiction d’Allah sur lui a dit: “*Celui qui jeûne le mois de Ramadan puis le fait suivre par le jeûne de six jours durant le mois de Chaŵal, cela lui est équivalent au jeûne de toute l’année*”.
L’authentique de Muslim – numéro : (1174)

L’éminent savant ibn ‘Otheïmine qu’Allah lui fasse miséricorde a dit:

“*Il n’y a pas de mal à ce que ces jours débute immédiatement après le jour de l’aïd, où qu’ils soient effectués à la fin du mois que ceux-ci soit à la suite ou séparés, mais ce qui est important c’est qu’ils soient effectués après l’achèvement du jeûne obligatoire, donc si une personne à un rattrapage à effectuer elle devra le faire devancer sur les six jours de Chaŵal*”.
Les fatwas de El Otheïmine : (20/20)

Le mémorisateur ibn Rajab qu’Allah lui fasse miséricorde a dit :

“*La continuité du jeûne après le mois de Ramadan est un signe d’ acceptation du jeûne de Ramadan, car lorsque Allah accepte l’action d’un serviteur Il lui favorise l’accomplissement d’une œuvre pieuse succèssive*”
Lataîf elma’arif : (221)

https://t.me/Hsarhan06