حكم اتخاذ الكلاب لحراسة البيوت
ҲУКМИ ГИРИФТАНИ САГ
БАРОИ НИГАҲБОНИИ ХОНАҲО
Сагҳое, ки барои посбонии замин, ҳавлӣ, анбор, галаҳо ва ё он сагҳое, ки барои шикор нигоҳ дошта мешаванд, доштани он бар асоси заруратҳои боло ҷоиз аст. Бидуни ин навъ заруратҳо, барои бозиву ҳавас саг нигоҳ доштан дар хона амали ҳаром ва гуноҳ буда сабаби ҳамарӯза кам шудани аҷру савоб аз амалҳои неки соҳибаш мегардад. Сагҳое, ки нигоҳ доштанашон ҷоиз аст, хариду фурӯшаш (бар асоси мазҳаби ҳанафӣ) ҷоиз аст. Саге, ки нигоҳ доштанаш ҳаром аст, низ он пуле, ки аз фурӯши он ба даст меояд ҳаром аст. Нигоҳ доштани он барои ниёз ва зарурат, ки барои мо он саг вазифаеро, ҳамчун шикор кардани сайд ва посбонии анборҳову хонаҳо аст, ҷоиз аст. Сагҳое, ки барои тафтиши ҷиноятҳо ба кор бурда мешаванд ва барои пайдо намудани ҷинояткорон муфаттишонро мусоидат мекунанд, ҷоиз аст. Навъи дуввуми нигаҳдории саг ҳамон аст, ки чунин заруратҳои номбурда мавҷуд набошад ва шахс барои бозиву ҳаваси худ ва ё ба хотири тақлид аз кадом як шахсияти машҳури шарқӣ ё ғарбӣ барои худ саг гирад, ин навъ доштани саг шаръан ҳаром буда, будани он дар хона гуноҳи ҳамарӯза такроршаванда ба ҳисоб меравад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳарки саге нигоҳ дорад, ки саги шикорӣ ё барои нигаҳбонии гала ё посбонии замин набошад, ҳаррӯз аз аҷри амалҳои некаш ду қирот кам мегардад”. Баъзеҳо гуфтанд, як қирот аз савоби амалҳои фарзаш ва як қирот аз савоби амалҳои нафлаш кам мегардад. Сабаби дигар ин аст, ки мавҷуд будани саг дар хона сабаб мегардад, ки фариштагон ба он хона надароянд. Сабаби дигар дар ин аст, ки арақи бадан ва оби даҳони саг наҷосату палид аст.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
«Ар-Раб»
«الرب»
«Ар-Раб»
Ар-Раб ҷалла ҷалолуҳу. Яъне он зоте, ки Офаридгор, Молик, Идоракунандаи ҳама халқ ва ба неъматҳояш Тарбиякунанда аст. Ва дӯстонашро ба он чизе, ки дилҳои ононро ислоҳ мекунад, тарбия менамояд. Ва равона кардани номи Ар-Раб бар ғайри Аллоҳ таъоло ҷоиз намебошад, магар ба таври музоф, ба монанди Раббул-Усра (соҳиби оила). Ар-Раб ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони Карим зиёда аз нуҳсад маротиба зикр шудааст. Аллоҳ таъоло фармуд:”Сипосу ситоиш барои Аллоҳ, ки Парвардигори оламиён аст”. Фотиҳа: 1. Ва фармудааст: “Бигӯ: Оё ғайри Аллоҳ Парвардигоре талабам? Ва ҳол он ки Ӯ Парвардигори ҳама чиз аст”. (Сураи Анъом:164). Ӯ Парвардигори ҳама бандагон мебошад ва ба тадбири корҳои онҳо мепардозад ва онҳоро бо навъҳои неъматҳо парвариш медиҳад. Аллоҳ таъоло бандагон баргузидаашро бо ислоҳи қалбҳояшон ва бо ислоҳи рӯҳҳо ва ахлоқҳояшон тарбият намуда парвариш медиҳад. Бинобарин, бандагон Ӯро бо ин ном бисёр садо мекунанд. Зеро онҳо аз Ӯ ин тарбияти хосро мехоҳанд. Номи “Раб” аз номҳои зебои Парвардигор аст, ки банда худро баъди гуфтан дар амон ва оромӣ ҳис мекунад. Зеро бештари мардум дар ҳолати бало ва зулм мегӯянд, ки “Мо Парвардигор дорем”. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Ӯст Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чӣ миёни онҳост, пас, ибодати Ӯро бикун ва дар ибодати Вай босабр бош. Оё барои Вай ҳамноме медонӣ?”.(Сураи Марям:62). Ва фармудааст: “Оё он шахсеро, ки бо Иброҳим дар боби Парвардигораш, бо сабаби он ки Аллоҳ ӯро (Намрудро) подшоҳӣ дода буд, бо ҳуҷҷат гуфтугӯ кард, надидӣ? Чун Иброҳим гуфт: «Парвардигори ман Он аст, ки зинда мекунад ва мемиронад”. (Сураи Бақара: 258).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
МУРОҚАБАТИ ФАРЗАНДОН АЗ ТАРАФИ ПАДАРУ МОДАР
رقابة الوالدين لأولادهما
МУРОҚАБАТИ ФАРЗАНДОН АЗ ТАРАФИ ПАДАРУ МОДАР
Дар ҳар вақт ва ё дар як ҳафта як маротиба падару модар чизҳои шахсии фарзандони худро бояд тафтиш бикунанд, зеро ҳеҷ шакке нест, ки шайтон ҳама он чизҳои манъшударо ба фарзандонашон зиннат медиҳад. Хоссатан чизҳое, ки назар кардан ба онҳо ҳаром аст ва ё он чизҳое, ки гӯш кардани онҳо ҷоиз нест. Ин ҳамон масъулияте аст, ки Аллоҳ таъоло ба падару модар онро воҷиб гардонидааст. Ва бисёр писарону духтаронро падару модар сабаб шудаанд, ки ҳидоят ёбанд ва он гуноҳ ва мункаротеро, ки мекарданд, онро тарк намоянд. Зеро падару модар аз аввал дар муроқабати онҳо буданд. Онҳоро аз рӯзе, ки ба роҳ даромаданд аз дӯст ва дугонаҳои бад ҳазар мекунонданд ва ба назди онҳо намемонданд. Ва дар бисёр вақтҳо падару модар аз гуноҳу мункароти фарзандонашон бохабар мешуданд ва бо роҳи тафтиш кардани халтаи китоб ва ё бо хондани китоби онҳо ва ё бо донистани дӯстони онҳо. Чанд аз писарону духтарон таманно мекунанд, ки эй кош падару модар медоштем ва онҳо моро тарбия медоданд. Ин ҳама муроқибатҳо баъди зоҳир шудани бадии онҳо аст, лекин фарзанде, ки дар ҳақиқат хуб аст ва аз ҳама бадиҳо худро дур медошт, пас муроқабати онҳо ба падару модар шарт нест. Зеро дар чунин ҳолат онҳоро тафтиш карда шавад, дар байни онҳо гумони бад ва ҷосусӣ пайдо мешавад. Аллоҳ таъоло фармуд: “Эй муъминон аз гумони бисёр дурӣ ҷӯед, ҳароина баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст ва ҷосусӣ макунед”. Ва агар рӯзе падару модар аз чизҳои шахсии фарзандони худ чизи манъшударо пайдо карданд, пас ба онҳо воҷиб аст, ки онро нест кунанд ва он гуноҳро ба гардани фарзанд монда онҳоро насиҳат бикунанд. Паёмбар ﷺ фармуданд: (Касе аз шумоён агар мункареро бубинад, пас бо дасташ онро тағйир бидиҳад, агар натавонист, бо забонаш тағйир диҳад ва агар натавонист, пас онро бо қалбаш бад бубинад, ки он аз заъифтарин имон аст”. Муслим.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
«Ал-Ҳаййу Ал-Қайюм»
«الحي القيوم»
«Ал-Ҳаййу Ал-Қайюм»
Ал-Ҳаййу ҷалла ҷалолуҳу, яъне он зоти зиндае, ки намемирад ва ҳаёти Ӯ субҳонаҳу ва таъоло комилтарин ҳаёт аст. Ӯ таъоло ҳамаи сифатҳои камолро лозим мегирад ва зидди онро аз ҳамаи ваҷҳҳо нафӣ мекунад. Камоли ҳаёти Ӯ лозим мегирад, ки Ӯро ғанаб ва хоб намегирад. Ал-Ҳаййу ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони Карим панҷ маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло мефармояд: “Аллоҳ Парвардигорест, ки ҳеҷ маъбуде ба ҷуз Вай нест, Зиндаву Тадбиркунандаи олам аст”. (Сураи Бақара, ояти 255). Ва фармудааст: “Аллоҳ Парвардигорест, ки ҳеҷ маъбуде сазовори ибодат нест, магар Ӯ Зиндаву Поянда ва Тадбиркунандаи олам аст”. (Сураи Оли Имрон, ояти 2). Ал-Қайюм ҷалла ҷалолуҳу, яъне он зоте аст, ки ба нафси худ қоим аст, пас ба касе эҳтиёҷ надорад ва ҳамаи чиз ба Ӯ қоим аст, пас ҳамаи чиз ба ҷуз Ӯ ба суйи Ӯ ба зоташ муҳтоҷ аст. Ал-Қайюм ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони Карим се маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло мефармояд: “Аллоҳ Парвардигорест, ки ҳеҷ маъбуде ба ҷуз Вай нест, Зиндаву Тадбиркунандаи олам аст”. (Сураи Бақара: 255). Ва фармудааст: “Ва ниёиш кунад чеҳраҳои мардум барои Зиндаи Поянда, ҳароина, ҳар касе ки бори ситамро бардошт, ба матлаб нарасид”. (Сураи Тоҳо, ояти 111). Ал Ҳаййу, Ал Қайюм аз номҳои зебои Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло аст, ки лафз ва маънои он хос барои Ӯст. Ал Қайюм ба маънои он аст, ки Ӯ таъоло ба ягон чиз муҳтоҷ нест, ҳама чиз ба Ӯ таъоло муҳтоҷ ҳастанд. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Оё касе ки Ӯ бар ҳар шахс ва ба ҷазои он чӣ амал кардааст, нигаҳбон бошад”. (Сураи Раъд, ояти 33). Ва фармудааст: “Ва ин аст тариқаи дини дуруст”. (Сураи Баййинаҳ, ояти 5). Ва фармудааст: “Пас, рӯи худро барои дин ҳаниф (дини яктопарастӣ) шуда рост кун, ки мардумро бар вай офарида аст! Офариниши Аллоҳро иваз кардан нест. Ин дини дуруст аст, валекин аксари мардум намедонанд”. (Сураи Рум, ояти 30).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
ОЁ МАҲДӢ ҲАҚИҚАТ АСТ ВА Ё НЕ?
هل المهدي حقيقة أم لا ؟
ОЁ МАҲДӢ ҲАҚИҚАТ АСТ ВА Ё НЕ?
Ҳадисҳои саҳеҳ ба омадани имом Маҳдӣ хабар медиҳад, ки ӯ дар охири замон меояд. Ва он нишонае аз нишонаҳои рӯзи қиёмат ва шарте аз шартҳои он аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Аз уммати ман аз охиринҳои онҳо Маҳдӣ мебарояд, ки он аз аломатҳои рӯзи қиёмат аст. Вақте ки он меояд, Аллоҳ таъоло баракатро ато фармуда, боронро медиҳад, ки ҳама замин сабзу хуррам мегардад. Ва дар аҳди ӯ мол бисёр гардад. Ва муддати аҳди ӯ ҳафт ва ё ҳашт сол аст”. (Ҳокам). Инчунин фармуданд: “Маҳдӣ аз мо аст ва аз аҳли байт аст, яъне аз фарзандони Фотима разияллоҳу анҳо. Ва номаш Муҳаммад ибни Абдуллоҳ аст. Аммо кай таваллуд шудани онро Аллоҳ таъоло медонад. Вақте ки меояд, Аллоҳ таъоло кори ӯро ислоҳ мекунад ва қадру қимати ӯро дар як шаб ва ё дар як соат боло мекунад”. (Ибни Моҷа ва Аҳмад). Инчунин Паёмбар ﷺ фармуданд: “Маҳдӣ аз насли ман аст. Пешонии васеъ ва бини дароз дорад. Вақте меояд, рӯйи замин бо адл пур мешавад. Ҳамчуноне, ки ҷавру ситам пур гардад. Ва ӯ ҳафт сол ҳукм мекунад”. Ва инчунин фармуданд: “Исо ибни Марям алайҳис салом аз осмон нозил мешавад ва мегӯянд: Биё ба намоз ва ба мо имом бишав. Пас мегӯяд: Не, албатта имомӣ аз шумо аст, мусалмон ба бародари мусалмонаш имом мешавад, ки ин такрими Парвардигор барои ин уммати ислом аст”. Аллома Муҳаммад ибни Саффоринӣ гуфт: (Ба баромадани Маҳдӣ ривоятҳо бисёр гардид, ки ҳатто ба дараҷаи тавотурии маънавӣ расид. Ва дар байни уламои аҳли суннат ва ҷамоъат паҳн гардид). Имом Шавконӣ гуфт: (Ҳадисҳое, ки дар ҳаққи Маҳдӣ омадааст, панҷоҳ ҳадис аст, ки баъзеи он саҳеҳ ва ҳасан буда ва баъзеи дигар заиф аст). Бинобарин, бар ҳар мусалмон талаби илм кардан фарз аст, зеро дурӯғгуён низ дар ҳаққи Маҳдӣ ҳадисҳои дурӯғ бофтаанд.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
«Ал-Муҳаймин»
«المهيمن»
«Ал-Муҳаймин»
Ал-Муҳаймин ҷалла ҷалолуҳу. Яъне Ӯ таъоло қоим бар амалҳо, ризқҳо ва аҷалҳои халқи Худ мебошад. Ва Ӯ ҳоли халқро медонад ва бар онҳо қодир, ҳифзкунанда ва ба илми Худ онҳоро иҳотакунанда аст. Ал-Муҳаймин ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони карим як маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Ӯст он Аллоҳе, ки нест ҳеҷ маъбуде магар Ӯ, подшоҳу аз ҳамаи айбҳо ниҳоят пок аст. Аз нуқсон солим, амондиҳанда, нигоҳбону ғолибу худихтиёру бузургвор аст. Аз шарик муқаррар кардани онҳо Ӯ пок аст”. (Сураи Ҳашр: 23). Парвардигоре, ки бар чизҳои пӯшида ва ончи дар дилҳо пинҳон аст, огоҳ ва хабардор аст. Ӯ зоте аст, ки илм ва огоҳии Ӯ ҳар чизеро дар иҳота дорад. Аллоҳ таъоло фармуд: “Ва он касе ки аз аҳли Миср Юсуфро харид, ба зани худ гуфт: «Гиромӣ дор ҷои ӯро, шояд, ки моро нафъ диҳад ё ӯро фарзанд гирем». Ва ҳамчунин Юсуфро дар замини Миср ҷой додем ва то ба ӯ илми таъбири хобҳоро биёмӯзонем ва Аллоҳ ба амри Худ ғолиб аст, ва лекин бештари мардум намедонанд”. (Сураи Юсуф:21). Имом Бағавӣ раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: (Муҳаймин, яъне он зоте аст, ки Муроқиб ва Гувоҳ бар амалҳои бандагонаш мебошад. Ва ин қавли Ибни Аббос, Муҷоҳид ва дигарон аст, ки яъне Муҳаймин ба маънои Муроқиб аст). Дар Қуръони карим қиссаи Мусо алайҳис салом ва Фиръавн омадааст, ки дар он Муроқиб будани Аллоҳ таъоло хабар медиҳад, Аллоҳ таъоло фармуд: “Ва ба сӯи модари Мӯсо илҳом фиристодем, ки «Шир бидеҳ ӯро, пас, чун бар вай битарсӣ, ӯро дар дарё бияндоз ва матарс ва андӯҳ махӯр, ҳаройина, Мо ӯро ба сӯи ту бозрасонанда ва ӯро аз пайғамбарон гардонанда ҳастем!”. (Сураи Қасас:7). Ва фармудааст: “Ва ба ростӣ ба сӯйи ту Китобро фурӯ фиристодем, он чӣ аз китобе ки пеш аз вай буд, боваридоранда ва нозиру нигаҳбон бар вай аст”. (Сураи Моида:48).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
10 НАСИҲАТИ ФОИДАНОК БАРОИ ЗАНОН
10 نصيحة مفيدة للنساء
10 НАСИҲАТИ ФОИДАНОК БАРОИ ЗАНОН
1.Дар зиндагӣ қаноъатро пеша кун. Дар хонаи шавҳар ҳавасҳои беҷо макун, агар чанде дар бадани дугонаҳои худ, ҳамсояҳои худ аз зебогиҳо мебинӣ ва дар хонаҳояшон аз зебогиҳо мебинӣ, вале ба он чизе, ки ту дар хона дорӣ, ба ӯ қаноъат бикун.
2.Бо шавҳар якдил ва якзабон бош. Гоҳо ҳолатҳое мешавад, ки ту дар ҳамон хона гуноҳе надорӣ, вале туро гунаҳгор мекунанд. Ту кӯшиш макун, ки шавҳарро гунаҳгор кунӣ, балки таҳаммул кун, ки хотимааш барои ту хайр аст.
3.Чашм барои дидан аст. Кӯшиш кун, ки бо ин чашм фақат шавҳари ту хубиҳо бинад, покизагиҳо бинад ва манзараҳои нек бинад.
4.Бинӣ барои бӯйидан аст. Шавҳар вақте, тозагии занро мебинад, бӯи хуши дохили хонаро мебинад, табиати ӯ дигаргун мешавад. Хоҳишоти мард, ба худи зан, дар хона ва дар зиндагӣ боз бештар мешавад.
5. Вақти ғизои шавҳар. Вақти ғизои шавҳарро хатман риоя кун. Кӯшиш кун, ки вақти ғизои ӯро таъхир макунӣ.
6. Вақти хоби шавҳар. Вақти хоби шавҳарро низ риоя кун. Вақте, ки соати хоби шавҳар омад, барои ӯ ҷойгаҳи хобашро омода кун.
7. Кадбону бош. Кадбонугӣ ҳам дар зиндагӣ хеле нақш мебозад. Дар ҳар як маҳсулоте, ки шавҳар мехарад, ба харҷи беҳуда роҳ мадеҳ. Зеро пайдо кардани маҳсулот, ин ба осонӣ ба даст намеояд.
8. Ҳаққи дигар нонхӯрҳои шавҳарро фаромӯш макун. (Падар, модар, бародар, хоҳар, хешу табори ӯ) . Онҳо ҳам нонхурҳои хонаи шавҳари ту ҳастанд.
9. Ҳар чӣ сире, ки дар хонаи шавҳар бошад, фош макун.
10. Агар шавҳарро дар ҳолати ғамнок дидӣ, хурсанд машав. Агар дар ҳолати шодӣ дидӣ, шод бош! Аллоҳ таъоло болои хоҳарон ва модарони мо шароитеро барпо кунад, ки ҳамагӣ, руҷӯъ ба Қуръон ва ҳадисҳои Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) дошта бошанд.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
«Ал-Муҳит»
«المحيط»
«Ал-Муҳит»
Ал-Муҳит ҷалла ҷалолуҳу, яъне Ӯ таъоло он зоте аст, ки аз илми Ӯ чизе пӯшида намемонад ва ҳамаи чизро ба илм иҳота намудааст ва адади ҳар чизро шуморидааст. Ал-Муҳит ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони карим ҳашт маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Огоҳ бош, ки онҳо аз лиқои Парвардигорашон дар шакканд ва огоҳ бош, ки Ӯ ба ҳамаи чиз иҳота дорад”. (Сураи Фуссилат: 54). Ва фармудааст: “Аз они Аллоҳ аст, ончи дар осмонҳо ва ончи дар замин аст. Ва Парвардигор аз ҳар чиз комилан огоҳ аст ва ба ҳама чиз иҳота дорад”. (Сураи Нисо: 126). Ва фармудааст: “Ва агар бурдоборӣ ва тақво пеша кунед, ҳилагарии онҳо ба шумо ҳеҷ зараре намерасонад, ҳеҷ шакке нест, Аллоҳ ба ончи анҷом медиҳед медонад ва иҳота дорад”. (Оли Имрон:120). Ӯ зоте аст, ки илм, қудрат ва меҳрубонии Ӯ ҳар чизро иҳота намуда дарбар дорад. Илми Ӯ ҳама маълумот ва биноии Ӯ ҳама диданиҳо ва шунавоии Ӯ ҳама шунавоиҳоро дар иҳота дорад. Ва қудрату хости Ӯ дар тамоми мавҷудот нуфузкунанда аст. Раҳмати Ӯ аҳли замин ва осмонҳоро дарбар гирифта ва тамоми махлуқот мағлуби қудрати Ӯ ҳастанд. Аллоҳ фармудааст: “Ва Аллоҳ аз ҳар тарафи онҳо иҳотакунанда аст.”. (Сураи Буруҷ:20). Иҳота Аллоҳ таъоло иҳотаи комил аст, ки ҳеҷ кас аз он гурехта наметавонад. Аллоҳ фармудааст: “Аллоҳ он Зотест, ки ҳафт Осмонро офарид ва аз Замин монанди он (ҳафт қабат) офарид, ҳукми Аллоҳ дар миёни онҳо нозил мешавад, то бидонед, ки албатта, Ӯ бар ҳама чиз тавоност ва албатта ҳар чизро аз рӯйи илми Худ иҳота кардааст”. (Сураи Талоқ:12). Аллоҳ ба ончи кофирон макр мекунанд ва дурӯғ мегӯянд, медонад. Аллоҳ фармудааст: “Ҳароина Мо барои ситамгарон оташеро, ки саропардаҳои он онҳоро иҳота мекунад, муҳайё кардаем”. (Сураи Каҳф:29).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
Handleiding voor de nieuwe moslim: wat is de islam? – Nederlands
دليل المسلم الجديد، ما هو الإسلام؟
Handleiding voor de nieuwe moslim: wat is de islam?
Nederlands
اللغة الهولندية
Guide for den nye muslimen. Hva er Islam? – Norsk
دليل المسلم الجديد .
ما هو الإسلام؟
Guide for den nye muslimen.
Hva er Islam?
Norsk
اللغة النرويجية











