ХОНАҲО СИР ДОРАНД
Аз неъматҳои Парвардигор ин хона аст, ки мо дар он зиндагӣ мекунем. Ва дар ҳар хона сирҳоест, ки кушодани он ҷоиз нест. Ва он амонатест, аз амонатҳост. Зеро Аллоҳ дар сураи Таҳрим ояти 3, баъзе модари муъминонро итоб кард, то сирри хонаро накушояд. Ва аз бузургтарин сирҳо, алоқаи байни зану шавҳар, ки ифшои он ба ҳардуи онҳо ҳаром аст: “Пас занони некӯкор фармонбардоранд ва дар набудани шавҳар ончиро нигоҳдорандаанд, ки Аллоҳ онро нигоҳ доштааст”. (Нисо 34).
Паёмбар ﷺ фармуданд: “Дар рӯзи қиёмат бадтарин ҷойгоҳ дар назди Аллоҳ аз они он марде аст, ки бо ҳамсараш ҳамбистар мешавад ва онгоҳ сирри ҳамсарашро фош мекунад”. Муслим.
Фош кардани сирри хона ҷоиз нест, агарчи бо хурсандиву илҳом ба шумо гуфта бошанд. Зеро фош кардани сирри хона, навъе аз хиёнатҳост, магар мушкилие, ки онро касе ҳал карда наметавонад, ба ҷуз шахси бо ҳикмат. Ва мо аз сурат гирифтани баъзе хонаҳо ва нашри он барҳазар бошем, зеро ин амали мо зарари бузург дорад. Ва бар мо воҷиб аст, ки мушкилоти хонаро дар дохили девори ҳамон хона ҳал бикунем, зеро агар он фош гардад, он зиёд ва бузург шавад. Ва агар зану шавҳар бо ҳам баҳсу ҷанҷол карданд, метавонанд аз ҳарду тараф ду нафарро, ки аз аҳли ҳикмат ҳастанд, ба ҷанҷоли худ ҳамроҳ кунанд.
ВАҚТЕ, КИ АЛЛОҲ ХОСТИ ТУРО ТАБДИЛ ДИҲАД
ВАҚТЕ, КИ АЛЛОҲ ХОСТИ ТУРО ТАБДИЛ ДИҲАД
Оё ту ба ёд овардӣ он ҷавонеро, ки Хизр алайҳис салом кушт ва падару модари ӯ аз муъминон буданд. Ту миқдори он хурсандии падару модаре, ки барояшон як кӯдак таваллуд мешавад, фикр бикун. Ва ту миқдори он ғаму андуҳи падару модаре, ки барояшон хабари кушта шудани фарзандашон меояд, фикр бикун. Ва ин ҳама бар ин ки он ҷавон бо тақдири Илоҳӣ кофир бошад ва падару модарашро ба гуноҳ ва куфр даъват кунад. Пас чанд чизҳое ҳаст, ки бо омадани он хурсанд гаштем, вале надонистем, ки он бо худ бадиҳои бузурге дорад. Ва чанд чизҳое ҳаст, ки бо гум кардани он мо хеле ғамгин гаштем, вале надонистем, ки чи қадар бадиҳои бузург аз мо дур гаштааст. Агар ғайбро медонистем, ба сӯйи хурсандиҳое, ки гум карда будем, парвоз мекардем.
Аллоҳ таъоло фармуд: “Ва шояд, ки шумо чизеро нохуш доред ва ҳол он, ки вай барои шумо беҳтар бошад ва шояд, ки шумо чизеро дӯст доред ва ҳол он, ки он барои шумо бад бошад. Ва Аллоҳ медонад ва шумо намедонед”. Бақара 216.
ВАСИЯТ БА ХУДОТАРСЙ
ВАСИЯТ БА ХУДОТАРСӢ
Аллоҳ фармуд: “Ҳамоно ононро пеш аз шумо, ки китоб дода шуданд ва шуморо низ ҳукм фармудем, ки аз Аллоҳ битарсед ва агар кофир шавед, пас ба дурусти, ки он чи дар осмонҳо аст ва ончи дар замин аст, аз они Аллоҳ аст ва Аллоҳ тавонгари сутудашуда аст”. Нисо 131.
Аллоҳ амр ба васияти тақводорӣ кард, зеро ба чизе васият кардан чизи фоиданоке аст, ки дар он тамоми хайру некиҳо ҷамъ гаштааст.
Марде ба Шайхул Ислом (раҳимаҳуллоҳ) номае навишт ва талаби васият кард, ки дар он ислоҳи дин ва дунё бошад. Пас шайх дар ҷавоб чунин навишт: “Аммо барои шахсе, ки ақл дорад ва пайрави Аллоҳ ва Расул аст, аз васияти Аллоҳ ва Расул дида, фоидаовартар васияте надидам, зеро Аллоҳ фармудааст: “Ҳамоно ононро пеш аз шумо, ки китоб дода шудаанд ва шуморо низ ҳукм фармудем, ки аз Аллоҳ битарсед”.
Паёмбар ﷺ вақте ки Маъоз (разияллоҳу анҳу)ро ба Яман фиристоданд, чунин васият карданд: “Ҳарҷо ки бошӣ, тақвои Илоҳиро дошта бош ва пас аз ҳар бадӣ, некӣ кун, то он бадиро аз байн бубарад ва бо мардум бо ахлоқи некӯ рафтор бикун”. Тирмизӣ ва Аҳмад.
ПАРДАИ ҚАЛБ
ПАРДАИ ҚАЛБ
Қалбе, ки бо парда пӯшида шудааст, ҳақро намебинад ва бо он амал намекунад. Пас ҳар тоате мекунад, ба ҷасад таъсире намекунад. Ва сабаби парда гирифтани қалб он аст, ки ҳар фитнаву шубуҳот ва шаҳавоте, ки ба қалб меафтад, онҷо месабзад.
Қалб ду навъ аст: 1.Қалби сафед, ба монанди санги сафед, ки ҳеҷ зараре аз фитнаҳои замин ба он нарасад. 2. Қалби сиёҳ ва ғуборолуд, ки ба монанди зарфе аст, ки он парешон аст, хайру некиро намешиносад ва кори мункарро рад ва инкор намекунад, магар ин, ки оғӯшта ба ҳавову ҳавас аст”. Муслим ва Аҳмад.
Паёмбар ﷺ фармуданд: “Агар банда гуноҳе кард, ба қалбаш як нуқтаи сиёҳ гузошта мешавад ва агар аз он гуноҳ тавба кард, он сиёҳӣ пок гардад. Ва агар боз ба гуноҳ бозгашт, он сиёҳӣ бузург гардад ва он ҳамон занге аст, ки Аллоҳ таъоло дар Қуръон онро чунин зикр кард: “Ҳаргиз чунин нест, балки ончи мекарданд бар қалбҳояшон занг бастааст”.
Мутаффифин 14.
ҚАЛБАШОН МЕТАРСАД
ҚАЛБАШОН МЕТАРСАД
Барои ба даст овардани самараҳо, зикр бояд бо забон ва бо қалб бошад ва танҳо зикри забон бо ҳаракат кунондани ду лаб кифоя нест.
Ибни Қаййим раҳимаҳуллоҳ гуфт: “Зикри қалб маърифатро зиёда гардонда муҳаббатро дар қалб мекорад ва инсонро боҳаё гардонда аз Аллоҳ метарсад. Ва зикри қалб даъват ба тарси Аллоҳ мекунад, ки ӯ дар муроқаба аст. Дар тоатҳо кӯтоҳӣ намекунад ва аз гуноҳу маъсиятҳо рӯ мегардонад”.
Қозӣ Иёз раҳимаҳуллоҳ гуфт: “Зикри Аллоҳ ду навъ аст: Зикри қалбӣ ва зикри забонӣ. Аммо зикри забонӣ он зикре аст, ки аз заъифтарин зикрҳост”.
Шайхул Ислом раҳимаҳуллоҳ гуфт: Мардум дар зикр кардан чаҳор гурӯҳ ҳастанд: 1. Зикр бо қалб ва зикр бо забон, ки онҳо ба он амршудаанд. 2. Зикр бо қалб. 3. Зикр бо забон, ки ҳамеша забонаш бо он тар аст. Аллоҳ фармуд: “Ман ҳамроҳи бандаам ҳастам, ончи маро ба ёд меорад ва ду лабаш дар ёди ман дар ҳаракат аст”. 4. Тарки зикр бо қалб ва тарки зикр бо забон, ки ин гурӯҳ инсонҳо аз ҷумлаи хасоратётагонанд.
Қалби пок аз фиребу ҳасад
Қалби пок аз фиребу ҳасад
Аз Паёмбар ﷺ пурсиданд, ки кадом мардум афзалтаранд? Фармуданд: “Онҳое, ки забони ростгӯ ва қалби пок доранд”. Пас ҳар кори неке, ки қалби пок мекунад, ба худи он ва ё ба аҳлаш боз мегардад. Қалби пок дӯст дорад, ки ҳама мусалмонон низ ба некиҳо дучор гарданд ва ҳар бадиро бад мебинад ва намеҳоҳад, ки дигарон низ гирифтори он шаванд, агарчи он кори динӣ бошад ва ё дунявӣ. Шахси диндор қалби мулоим дорад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Муъмин бародари муъмин аст. Моли ӯро ҳифз карда зойеъ намегардонад ва дар набудани ӯ ҳама роҳҳои бародариро ҳифз мекунад”.
Мусалмон ба касе зулм, таҳқир, кина, ғайбат, фиреб ва айб намекунад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Мусалмон бародари мусалмон аст, зулм намекунад, паст намешуморад. Оне, ки дар ғами баровардани ҳоҷати бародараш бошад, Аллоҳ дар баровардани ҳоҷати ӯст. Оне, ки аз мусалмоне як ғаму андӯҳро дур гардонад, Аллоҳ ғаму андӯҳи рӯзи қиёматро аз ӯ дур мекунад. Оне, ки айби як мусалмонро мепӯшонад, Аллоҳ айби ӯро дар рӯзи қиёмат мепӯшонад”. Бухорӣ.
ҚАЛБИ ДЎСТДОР
ҚАЛБИ ДӮСТДОР
Қалби дӯстдор ҳамеша дар зикру ибодати Аллоҳ аст. Ҳар роҳе, ки ӯро ба Аллоҳ наздик месозад, он роҳро ба худ лозим мегирад. Ҳамеша дар роҳи Аллоҳ ва даъвати мардум аст. Ӯ дар ҳолати рӯйгардон шудани мардум аз Парвардигорашон, ғамгин мешавад. Ҳама каломи Аллоҳро қабул дорад. Рӯзона ва шабона тиловати Қуръон мекунад. Муштоқи тоат аст, ки он хурсандиву оромии ӯст.
Қалби дӯстдор, гуноҳ ба Парвардигорро бад мебинад. Ба хотири Аллоҳ рашку ғазабнок мегардад. Барои ризогии Аллоҳ ҷиҳоди нафс мекунад.
Қалби дӯстдор номҳо ва сифоти Аллоҳро эътироф мекунад ва медонад, ки ҳама хазинаҳои осмону замин дар дасти Ӯст. Ӯ наздик аст, ки дуоро иҷобат мекунад. Паёмбар ﷺ чунин дуо мекарданд: “Ва аз Ту муҳаббатат ва муҳаббати касоне, ки Туро дӯст медоранд ва муҳаббати амалеро, ки ба муҳаббати Ту наздик мегардонад, хоҳонам”. Тирмизӣ ва Аҳмад.
ҚАЛБИ ПОК
ҚАЛБИ ПОК
Паёмбар ﷺ дар ҳаққи ҷавоне ба Аллоҳ дуо карданд, ки қалбашро пок гардонад, зеро қалби пок аз ҳама фаҳшо пок аст. Ва қалбҳо ду навъ аст: Қалби пок ва қалби наҷас. Аллоҳ таъоло поконро дӯст медорад. Аллоҳ фармуд: “Аллоҳ мехоҳад, ки шуморо пок созад ва бар шумо неъмати Худро тамом кунад, то шавад, ки шукргузорӣ кунед”. Сураи Моида.
Дар асл Аллоҳ таъоло қалбро пок офарид, вале гуноҳ онро нопок гардонид. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Бор Илоҳо, ҳамчуноне ки матои сафед аз чирк поку соф мегардад, гуноҳонамро пок ва соф бигардон”. Муслим.
Ифлостарини гуноҳ ин ширк аст. Аллоҳ таъоло фармуд:“Пас аз палидии бутон дурӣ ҷӯед”. Ҳаҷҷ 30.
Ва баъзе аз муҳаррамот палидтар аз баъзеи дигар аст. Бинобарин Аллоҳ таъоло тавба карданро кафорат барои гуноҳони кабира гардондааст. Аллоҳ фармуд: “Эй мӯъминон, ҷуз ин нест, ки хамр ва қимор ва нишонаҳои маъбудони ботил ва тирҳои фол палид ва аз кирдори шайтон аст, пас аз вай дурӣ ҷӯед, то бошад, ки растагор шавед”. Моида 90.
ҚАЛБИ ТАБДИЛЁФТА
ҚАЛБИ ТАБДИЛЁФТА
Барои гуноҳон азоб ва ҷазост, ки ба қалб ва ба ҷисм ҷорӣ мешавад:
1. Масх, яъне дигаргун гаштан ва ба шакли бад даромадани афту андоми инсон. Аллоҳ таъоло қавмеро аз Бани Исроил ба маймун ва ба хук табдил дод: “Пас ба онҳо гуфтем: Бузинаҳои хоршуда бошед”. Бақара 65.
2.Дигаргун шудани қалби инсон, ки он ба мисли қалби ҳайвон гардад. Ва баъзе қалбҳо табдил ба қалби хук, саг, мор ва каждум ва ғайра аз ҳайвонҳо мегардад. Зеро Аллоҳ таъоло аҳли дӯзахро боре ба харҳо ва боре ба саг ва боре ба ҳайвонот монанд кард. Ва дигаргун гаштани шакли инсон ба онҳое амалӣ мешавад, ки дини Исломро дигаргун ва аз ҳақиқати он рӯй гардонда поймол карданд. Ба мисли он, ки дар ин замони мо рибо ва ришваро фоидаву ҳадия ва беҳиҷобиро илму ҳунар ва зиноро садақа ва дурӣ аз шариъатро нафъӣ кор номиданд. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Шумо он гуноҳони қавми Яҳудро такрор накунед, зеро бо майдатарин ҳилла ҳаромкардаҳои Аллоҳро ҳалол мегардонед”.
ҚАЛБИ АСИР
ҚАЛБИ АСИР
Паёмбар ﷺ соҳиби динор ва дирҳамро банда номиданд, зеро ӯ асири он аст. Ва ӯ ба хотири динору дирҳам фарзу воҷиботро тарк карда ба муҳаррамот даст задааст. Аллоҳ таъоло он шахсе, ки ба фитнаи занон гирифтор шудааст, қалби мариз номид. Ва бемории қалб, яъне баромадан аз ҳудуди худ ва гирифтор шудан ба бемории шубҳа, бемории шаҳавот, бемории мунофиқон ва бемории гуноҳ аст, зеро ҳамаи инҳоро Аллоҳ дар Қуръон мариз номид. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳароина ман бар шумо аз ду бемории хатарнок метарсам, ки он бемории шаҳавот ва шубуҳот аст”. Аҳмад.
Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ончи аз ду гурги гурснае, ки ба галаи гусфандон даромада онҳоро кушта ҳалок мекунад, аз ин дида фосидтар он шахсе аст, ки ҳарис ба ҷамъи мол ва ҳарис ба обрӯ доштан дар байни мардумро дошта бошад”. Тирмизӣ.
Ва давои ин беморӣ тарсидан аз Аллоҳ ва мухолифат кардан ба талаботи ҳавову ҳавас ва ҳаракат кардан ба сӯйи ризоияти Парвардигор аст.











