photo_2024-03-01_20-50-34

عورتوں کے قدرتی خون کے مسائل ـ زبان: اردو

خواتین کے ذہن میں اکثر یہ سوالات گھومتے رہتے ہیں کہ ان کو آنے والے مختلف قسم کے خونوں کے بارے میں کیا حکم ہے؟ کیا ان کے لئے نماز پڑھنا جائز ہے یا نہیں؟ یا انہیں غسل کر کے نماز پڑھنی چاہئے؟

  • حیض

انہی خونوں میں سے ایک حیض ہے۔ یہ ایک قدرتی خون ہے جو رحم کے نچلے حصے سے مخصوص اوقات میں خارج ہوتا ہے۔ اللہ تعالیٰ نے اسے بچے کی غذا کے لئے پیدا کیا ہے۔

جب عورت اپنے رحم سے خون بہتا ہوا دیکھے تو اسے بغیر کسی خاص عمر کی پابندی کے حیض سمجھا جائے گا۔ اس کی کم از کم یا زیادہ سے زیادہ مقدار کی کوئی حد نہیں ہے، بلکہ جو عورت مسلسل دیکھتی ہے وہ حیض ہے۔

عام طور پر عورت کو چھ یا سات دن حیض آتا ہے۔ حیض سے پاک ہونے کی علامت سفید قطرے کا نزول ہے، جو حیض کے رک جانے کے بعد خارج ہوتا ہے۔ جس عورت کو یہ قطرہ نہیں آتا اس کے لئے پاک ہونے کی علامت خون کا مکمل طور پر خشک ہو جانا ہے۔

حائضہ عورت نماز اور روزہ چھوڑ دیتی ہے، البتہ وہ روزے بعد میں قضاء کرے گی، نماز نہیں۔

  • استحاضہ

استحاضہ رحم کے نچلے حصے میں کسی بیماری یا خرابی کی وجہ سے غیر مخصوص اوقات میں خون کا بہنا ہے۔

حیض کے خون اور استحاضہ کے خون میں فرق یہ ہے کہ حیض کا خون کالا، گاڑھا اور بدبو دار ہوتا ہے اور خارج ہونے کے بعد جم نہیں جاتا۔ جبکہ استحاضہ کا خون سرخ، پتلا اور بے بو ہوتا ہے اور خارج ہونے کے بعد جم جاتا ہے۔

رحم سے نکلنے والا ہر خون اصل میں حیض ہی سمجھا جائے گا جب تک کہ اس کے استحاضہ ہونے کی دلیل نہ ملے، کیونکہ یہی اصل اور قدرتی خون ہے۔

استحاضہ بیماری کی طرح ہے اور اصل چیز صحت ہے۔

لہذا مستحاضہ عورت ہر نماز کے وقت وضو کر کے نماز اور روزہ رکھے گی۔ اسے ظہر اور عصر کی نمازوں کو ایک وقت میں اور مغرب اور عشاء کی نمازوں کو ایک وقت میں جمع کرنے کی اجازت ہے، تاکہ اس پر بوجھ ہلکا ہو۔

تاہم، وہ حیض کی عادت کے دنوں میں نماز اور روزہ چھوڑ دیتی ہے۔

مستحاضہ کے لیے تین حالتیں ہیں:

* اگر اسے استحاضہ سے پہلے عادت تھی تو وہ اپنی عادت کی مدت تک بیٹھے گی پھر غسل کر کے نماز پڑھے گی۔

* اگر اسے عادت نہیں ہے، لیکن وہ صفات کے ذریعے حیض کے خون کو دوسرے خونوں سے تفریق کر سکتی ہے، تو وہ ان دنوں میں بیٹھے گی جن میں وہ حیض کے خون کی صفات دیکھے گی، پھر غسل کر کے نماز پڑھے گی۔

* اگر اسے نہ عادت ہے اور نہ ہی وہ خون کی تفریق کر سکتی ہے، تو وہ ہر ماہ چھ یا سات دن حیض کے غالب حصے میں بیٹھے گی۔

  • نفاس

نفاس وہ خون ہے جو ولادت کی وجہ سے رحم سے خارج ہوتا ہے۔ اس کی کم از کم یا زیادہ سے زیادہ مقدار کی کوئی حد نہیں ہے، لیکن عام طور پر یہ چالیس دن تک جاری رہتا ہے۔

ام سلمہ رضی اللہ عنہا فرماتی ہیں کہ رسول اللہ صلی اللہ علیہ وسلم کے زمانے میں نفساء چالیس دن بیٹھتی تھیں۔

لہذا عورت پر لازم ہے کہ وہ ان احکامات کو سیکھے اور اپنی نمازوں اور عبادتوں میں ان پر عمل کرے تاکہ وہ اپنے رب کی رضا اور جنت النعیم میں ثواب حاصل کر سکے۔

٢٠٢١٠٢٠٧_٠٩٠٩٠١

Yaushe ake karanta ayatul Kursiyyu?

*Yaushe ake karanta ayatul Kursiyyu?*
1- *Bayan Sallolin farillah biyar;*
Manzon Allah -Sallallahu Alaihi wasallam- ya ce:
” *Duk wanda ya karanta ayatul Kursiyyu a bayan kowace Sallah ta farillah, babu abin da zai hanashi shiga Aljannah se mutuwa*”.

2- *Kafin a kwanta barci;*
Ya tabbata a hadisi cewa: ( *duk wanda ya karanta ayatul Kursiyyu kafin ya kwanta barci to wani mai gadi bazai gusheba yana gadinsa, kuma Shaidan bazai kusanceshi ba har ya wayi gari*).

Ayatul Kursiyyu itace Aya mafi girma a cikin littafin Allah, kamar yanda Annabi -sallallahu Alaihi wasallam- ya fada.

Tashar yara
Koyon karatu tareda wasa kwakwalwa karkashin kulawar: Shaikh Haitham Sarhan.

photo_2024-03-01_16-51-51

ИФТОР БИКУН, ҲЕҶ ТАРСЕ НЕСТ!

Аллоҳ таъоло тарс ва тангиҳоро аз бандагонаш бардоштааст. Дар бисёр аз аҳкомҳо ба онҳо онро ба сабаби узрҳое, ки ба он рӯ ба рӯ мешаванд, сабук гардонид. Аз ҷумлаи онҳо рӯза, ки агар шахсе дар рӯзи Рамазон аз рӯйи фаромӯшӣ чизе бихӯрад, ҳеҷ боке надорад, рӯзааш дуруст аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Шахсе, ки рӯзадор буд ва аз рӯйи фаромӯшӣ чизе хӯрд, пас рӯзаи худро давом бидиҳад, зеро Аллоҳ ӯро таъом ва шароб додааст”. Шахсе, ки ба сабаби бемор буданаш аз рӯза доштан оҷиз бошад ва беморӣ аз ӯ дур нагардад ва ё ба сабаби калонсол буданаш рӯзадорӣ машаққат бошад, пас рӯза надорад ва ба ҳар рӯзи он ба як мискин таъом бидиҳад.
Ҳар зане, ки ҳайз ва нифос мебинад, ба ӯ воҷиб аст, ки ифтор бикунад. Ва зани ҳомиладор ва ҳам зане, ки кӯдаки ширхор дорад, хӯрдани рӯза иҷозат аст.
Ба шахси мусофире, ки намозашро қаср мехонад, ҷоиз аст, ки ифтор бикунад. Ва ба онҳо воҷиб аст, ки қазои онро баъди моҳи Рамазон бидоранд.
Барои беморон дар рӯзадорӣ се аҳвол аст:
1.Агар рӯза доштан барои онҳо машаққат ва зараре надошта бошад, пас рӯза доштан ба онҳо фарз аст.
2.Агар рӯза доштан барои онҳо машаққат бошад, вале ягон зараре надошта бошад, пас ӯро ба рӯзадорӣ маҷбур карда мешавад.
3. Агар рӯза доштан дар ҳақиқат ба ӯ зарар меорад, пас рӯза доштан ба ӯ ҳаром аст.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_2024-03-01_16-49-49

ФОИДАҲО АЗ СУННАТҲОИ РӮЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Агар хоҳӣ, ки савоби рӯзаро комилан бигирӣ ва онро ҳис бикунӣ, пас ба суннатҳои рӯза ҳарис бош;
1.Саҳар хестан; Паёмбар ﷺ фармуданд: “Саҳархӯрӣ барака дорад, пас онро тарк накунед, агарчанде яке аз шумо дар саҳархӯрӣ каме ҳам аз об нӯшад. Ва албатта Аллоҳ ва фариштагон ба саҳаркунандагон салому дуруд мефиристад”.
2.Рӯзаро бо хурмои тар кушодан: Паёмбар ﷺ фармуданд: “Дар ифтор кардан бо хӯрмои тар дар вақти азони шом шитоб бикун, агар онро пайдо накардӣ бо хурмои хушк ва агар онро пайдо накардӣ бо об рӯзаатро бикӯшо”.
3.Дар вақти ифтор дуо бикун; Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ташнагӣ рафт, арақҳо хушк шуд ва иншоаллоҳ савоб ҳосил гардид”.
4.Ифтор додани рӯзадорон; Паёмбар ﷺ фармуданд: “Шахсе, ки рӯзадореро ифтор медиҳад, аз ӯ чизеро кам накарда барои ифтордиҳанда аҷру савоб дода мешавад”.
5.Умра кардан дар ин моҳи муборак; Паёмбар ﷺ фармуданд:“Дар Рамазон умра кардан баробари ҳаҷ аст”.
6.Мо бояд дар рӯзҳои моҳи Рамазон бо дуо, қироъати Қуръон ва ҳама он ибодатҳое, ки моро ба Аллоҳ наздик месозад , машғул бошем. Албатта моҳи Рамазон фурсат барои қувват бахшидани имон ва ноил шудан ба ҷаннат ва наҷот ёфтан аз оташи дӯзах аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ба хок олуда шавад, бинии он марде, ки моҳи Рамазонро дармеёбад, пеш аз ин, ки гуноҳаш бахшида шавад”.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_2024-03-01_16-47-26

ФАРЗИ РӮЗА

Рӯза доштан чаҳорум рукн аз аркони Ислом аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Бинои Ислом панҷ аст: 1.Гувоҳӣ додан ба ин ки нест маъбуди бар ҳақ ба ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад фиристодаи Ӯст. 2.Барпо доштани намоз. 3.Закот додан. 4.Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон. 5.Ҳаҷ намудан барои шахсе, ки тавоноӣ дошта бошад”.
Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон ба ҳар шахси мусалмон, болиғ, оқил, қодир ва муқим фарз аст.
Даромадани моҳи Рамазонро ба дидани моҳ ва бо чашм ва ё бо асбобҳои нави замонавӣ муайян карда мешавад. Агар моҳро дида нашуд, пас моҳи Шаъбонро сӣ рӯзи комил карда, пас рӯза мегиранд. Дар муайян кардани моҳ ҳисоби фалакӣ ба эътибор гирифта намешавад.
Воҷиб аст, ки мо дар шаби аввали моҳи Рамазон нияти рӯза бикунем. Ва як нияти аввали моҳи Рамазон барои як моҳ кифоя аст, магар узре ки рӯзаро қатъ мекунад, пас бояд ниятро нав бикунад.
Аз тулӯъи фаҷри содиқ то ғуруби офтоб нахӯрдан ва наошомидан аз фарзҳои рӯза аст. Шахсе, ки гумон кард ва аз рӯйи надонистан чизе хӯрд ва ё чизе нӯшид, пас рӯзааш дуруст аст. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: “Албатта Аллоҳ таъоло ҳар хато ва фаромӯширо аз уммати ман мегузарад ва авф мекунад. Модоме, ки онро бад набинад”.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_2024-03-01_16-45-29

АҶОИБИИ ТАЛАБИ МАҒФИРАТИ ГУНОҲ

Бо талаби мағфирати гуноҳ кардан, дуоҳо қабул гашта, дари раҳмат боз гашта баракот нозил мегардад. Истиғфор ин ҳимояву сипар аз бадиҳои гуноҳ ва пӯшидани он аст. Пас агар бандаеро Аллоҳ мағфират кунад, пас ӯро аз гуноҳ нигаҳ дошта он гуноҳро пӯшидааст. Истиғфор сабаби нуронӣ гаштани қалб ва ҳидояти он аст. Аллоҳ фармуд: “Солеҳ (алайҳис салом) гуфт: Эй қавми ман, чаро пеш аз накӯӣ бадиро ба шитоб талаб мекунед? Чаро аз Аллоҳ талаби омӯрзиш намекунед? Шояд, ки бар шумо раҳм карда шавад”. Намл:46.
Истиғфор аз бузургтарин тоатҳо, наздик шудан ба Аллоҳ, ҷило додани қалб, дур шудани вазнинии амал ва тарки фаромӯшхотириву ғафлат аст. Мо бояд бо истиғфор кардан бисёр ибодатҳо, намоз, ҳаҷ ва ҳар маҷлису муносибатҳоро ба охир бирасонем. Истиғфор аз зикрҳои Аллоҳ аст, ки қалбҳо зинда гашта ором меёбанд. Аллоҳ фармуд: “Огоҳ шав, дилҳо ба ёди Аллоҳ ором мегиранд”. Раъд:28.
Истиғфор давои қалб аз гуноҳ аст. Имом Қатода раҳимаҳуллоҳ гуфт:“Албатта Қуръон шуморо далолат ба доруву даво мекунад. Аммо доруҳо он ҳамон гуноҳони шумо ва давоҳо он ҳамон истиғфор аст”. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳароина ҳиссиёт ва таъсире дар қалбам ҳаст, ки ман ҳаррӯз сад маротиба талаби мағфирати гуноҳ мекунам” Муслим. Баъзе уламо мегӯянд: Аллоҳ ба баъзе инсонҳо истиғфорро насиб накардааст, зеро ӯ мехоҳад он шахсро азоб бидиҳад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_2024-03-01_16-43-39

ОДОБ ВА АҲКОМИ ҚАЗОИ ҲОҶАТ

Ҳар мусалмон бояд таҳорати ҳиссӣ ва маънавии худро ҳифз бикунад. Паёмбар ﷺ назофату покиро нисфи имон номиданд. Ва инчунин фармуданд: “Покӣ аз шохаҳои имон аст”. Дини Ислом ба роҳ ва ба ҷойҳои нишаст қазои ҳоҷат карданро манъ мекунад. Паёмбар ﷺ фармуданд:“Аз ду лаънатгар дурӣ ҷӯед. Онҳо кистанд? Фармуданд: Онҳое, ки дар роҳи мардум ва дар сояи дарахт ва ҷойи нишасти онон, қазои ҳоҷат мекунанд”. Муслим.
Ба оби истода қазои ҳоҷат карданро манъ карданд:“Ба оби истода яке аз шумо пешоб накунад”. Ба мо амр шудааст, ки худ ва либосамонро аз пешоб эҳтиёт кунем: “Аз пешоб эҳтиёт кунед, зеро бештари азоби қабр аз он аст”. Ба мо воҷиб аст, ки баъди қазои ҳоҷат бо об, санг ва ё коғаз ва ба монанди инҳо худро пок бикунем. Ва дар вақти қазои ҳоҷат аз рӯйи эҳтиром дасти ростро истифода набарем:“Агар яке аз шумо дохили ҳоҷатхона мешавад, пас олати худро бо дасти росташ нагирад”. Ва бояд мо дуои даромадан ва баромадан аз ҳоҷатхонаро бихонем: “Ба номи Аллоҳ, Парвардигоро! Ман аз шайтонҳои нарина ва модина ба Ту паноҳ мебарам”. “Ғуфронака”. (яъне маро мағфират намо). Рӯ ба сӯйи қибла нанишинад ва сухан ва хитоб накунад ва ҳам зикри Аллоҳ накунад. Аз мардум худро пинҳон дорад. Аллоҳ таъоло аҳли Қуборо таъриф карда чунин фармуд: “Дар онҷо мардоне ҳастанд, ки пок шаванд. Ва Аллоҳ пок бошандагонро дӯст медорад”. Тавба:108.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_2024-03-01_16-42-05

ЧИ ТАВР ТАҲОРАТ БИКУНАМ?

Таҳорат карданро ба дигарон таълим бидиҳем. Ва пеш аз таҳорат кардан Аллоҳро ба ёд оварда “Бисмиллоҳ” бигӯем. Пас дастонамон ба пуррагӣ се бор бишӯем. Ва бояд об ба мобайни ангуштонамон дохил гардад. Пас обро ба даҳон гирифта се бор онро ба хубӣ бишӯем. Ин амалро “мазмаза” меноманд. Пас обро се бор ба бинӣ дохил кунем, ки ин амалро “истиншоқ” меноманд. Пас рӯямонро бо таври комил бишӯем, ки ба тамоми рӯй об бирасад. Пас дастамонро се маротиба то оринҷ бишӯем. Пас тамоми сарамон як маротиба масҳ бикашем. Ва ба берун ва даруни гӯш низ масҳ кашем. Сипас пойи худро се бор ҳамроҳи ошиқи пой бишӯем, ки шӯстан аввал пойи рост ва сипас пойи чап аст. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: “Дин покизагист”. Албатта дини Ислом қалби мардумро аз ҳама бемориҳо пок месозад. Покизагии бадан низ сабаби тандурустӣ ва хушбахтии ҳарду дунё аст. Агар бадан нопок бошад, қалб хира мегардад. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: “Таҳорат калиди намоз аст ва намоз калиди ҷаннат аст”. Инчунин фармуданд: “Ҳар касе, ки ба монанди ман таҳорат бикунад ва сипас ду ракат бихонад, Аллоҳ таъоло гуноҳони гузаштаи ӯро мағфират мекунад”.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_2024-03-01_16-40-08

ЧИ ТАВР НАМОЗ ХОНЕМ

Дӯстони ман, албатта аз шукри неъмати Аллоҳ ин аст, ки мо бояд Ӯро бо беҳтарин амалҳое, ки онро дӯст медорад, ибодат намоем. Ва як аз он ибодатҳо намоз аст. Пас оё медонед, ки чи тавр намозро адо намоем? Пеш аз намоз мо бояд худро ба баъзе корҳо тайёр намоем, ба мисли: Таҳорат кардан, пӯшидани либоси тоза, ихтиёри ҷойи пок ва рӯ овардан ба сӯйи қибла. Пас бо қалби худ нияти намоз намоем. Ду дастро ба баробари гӯшҳо баланд кунем ва “Аллоҳу акбар” гуфта такбир бигӯем. Ва дасти ростро болои дасти чап гузошта ба болои шикам гузорем. Дуои истифтоҳ ва сураи Фотиҳаро хонем. Ва ояте аз Қуръон хонда пас “Аллоҳу акбар” гуфта ба рукуъ равем. Ва дар рукуъ се бор “Субҳона раббиял аъзим” бигӯем. Пас қоматро рост карда ором гирем. Ва “Самияллоҳу лиман ҳамида” ва “Аллоҳу акбар” гуфта ба саҷда равем. Дар саҷда се бор “Субҳона раббиял аъло” гуфта, дар байни ду саҷда ин дуоро хонем; “Раббиғфирли, варҳамнӣ, ваҳдинӣ ва офинӣ”. Пас ба саҷдаи дуввум рафта дуои онро хонем. Баъди он ба ракати дуввум рост шавем. Ва ракати дуввумро ба мисли ракати яккум адо намоем. Ва баъди саҷдаи дуввум нишаста Аттаҳиёт ва салавотро хонем ва ба тарафи дасти рост ва чап салом бидиҳем. Ва агар намоз се ракат бошад, баъди хондани Аттаҳиёт ба ракати севвум рост шавем. Ва як ракати дигар хонда баъд салом бидиҳем. Ва мо барои ракати чаҳорум низ рост мешавем, агар намоз ба мисли намози хуфтан чаҳор ракат бошад. Ҳамин тавр мо намозро комил ба охир мерасонем. Аз Аллоҳ таъоло мехоҳем, ки амалҳои моро қабули даргоҳи Худ гардонад.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ