photo_٢٠٢٤-٠٥-٠٢_١٢-٥٠-٠٤

«Ал-Басир»

«البصير»
«Ал-Басир»
Ал-Басир дар Қуръони карим 11 маротиба зикр шудааст. Ал-Басир, яъне он зоте, ки биноии Ӯ ҳама диданиҳоро дар тамоми гӯшаҳои замин ва осмон иҳота намудааст. Ӯ ҳатто пинҳонтарин чизро мебинад. Роҳи рафтани мӯрчаи сиёҳ дар зери санги сиёҳ дар шаби зулумотро мебинад. Ва тамоми аъзои зоҳирӣ ва ботинии мӯрча ва ҳаракати ӯро мушоҳида мекунад. Ҳаракати обро дар шохи дарахтон ва решаҳояшон мебинад. Навъҳои гиёҳҳои хурд ва бузургро мебинад. Рагҳои борики мӯрча, занбӯр, пашша ва майдатарин ҳашаротро мебинад. Пас Ӯ таъоло Парвардигорест, ки дар Азамат ва Бузургӣ пок аст. Аллоҳ таъоло хиёнати чашмҳо ва ҳаракати қалбҳоро мебинад. Чуноне, ки дар Қуръони карим фармуд: “Он Парвардигоре, ки туро мебинад, ба он гуна, ки ба намози таҳаҷҷуд бармехезӣ ва ҳамчунин ҳаракати қиём ва рукӯъ ва саҷдаатро дар миёни саҷдакунандагон мебинад, чаро ки Ӯ Шунаво ва Огоҳ аст”. (Сураи Шуаро: ояти 218,220). Инчунин фармудааст: “Аллоҳ таъоло хиёнати чашмҳо ва он чиро, ки синаҳо пинҳон медоранд, медонад”. (Сураи Ғофир: ояти 19). Ва инчунин фармудааст: “Ва Аллоҳ бар ҳар чизе Ҳозир ва Нозир аст”. (Сураи Буруҷ: ояти 9). Яъне, Аллоҳ таъоло огоҳ аст ва илм ва биноӣ ва шунавоии Ӯ тамоми коинотро иҳота кардааст. Аллоҳ таъоло он зоте аст, ки Биноӣ ва Шунавоии Ӯ ҳама сир ва сӯҳбатҳои пинҳониро дарбар гирифтааст. Аллоҳ он зоте аст, ки гуфтори бандагонаш ва ба он чизе, ки халқаш сухан мекунанд, мешунавад ва мебинад, бинобарин бар Ӯ таъоло чизе пӯшида намемонад. Ва Ӯ Шунаво ва Биноест, ки дуои дуокунандагонро иҷобат мекунад. Аллоҳ дар Қуръон фармуд: “Ва Ӯ Шунаво ва Биност”. (Сураи Шуро: ояти 11).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٠٢_١٢-٤٦-٠١

«Ал-Алим Ал-Хабир»

«العليم الخبير»
«Ал-Алим Ал-Хабир»
Аллоҳ мефармояд: “Ва Ӯ болои бандагони Худ Ғолиб аст. Ва Ӯ Донои Огоҳ аст”. Анъом:18. Ал-Алим он зотест, ки илми Ӯ ошкорҳо ва пинҳонҳо ва розҳову эълонҳоро фаро гирифтааст, пас бар Ӯ ягон чиз пӯшида намемонад, он чизе, ки буд ва мебошад, онро медонад. Номи Ал-Алим 157 маротиба дар Қуръони карим зикр шудааст. Аллоҳ фармуд: “Бегумон Аллоҳ таъоло ба ҳар чиз Огоҳ аст”. Анфол:75. Ӯ Доноест, ки Доноии Ӯ бар ҳар чиз иҳота дорад. Ӯ аз тамоми корҳои мумкин ва номумкин Бохабар аст. Аллоҳ аз чизҳое, ки вуҷуди он мумкин нест, Бохабар аст. Аллоҳ фармуд: “Агар дар осмонҳо ва замин ғайр аз Аллоҳи ягона маъбудоне чанд мебуданд, ҳатман осмонҳо ва замин табоҳ мегаштанд”. Анбиё:22. Ва фармуд: “Аллоҳ ҳеҷ фарзанд нагирифтааст ва ҳеҷ маъбуди дигар ҳамроҳи Ӯ нест. Онгоҳ ҳар маъбуде чизеро, ки офарида буд, мебурд ва ҳамоно баъзе аз онҳо бар баъзе ғолиб меомад. Покӣ аз они Аллоҳ аст, аз он чи баён мекунанд”. Муъминун:91. Ӯ Доное аст, ки доноӣ ва огоҳияш ҷаҳони боло ва поёнро иҳота намудааст ва ҳеҷ макон ва замоне нест, ки Ӯ бо он огоҳ набошад. Ӯ таъоло ошкор ва пинҳонро медонад, ҳамчуноне ки фармуд: “Албатта Аллоҳ ба ҳар чиз Доност”. Анфол:75. Ва ҳар заррачае дар осмонҳо ва замин аз нигоҳи Аллоҳ пинҳон намемонад. Ӯ таъоло на дар ғафлат мемонад ва на фаромӯш мекунад. Қудрат ва тавоноии мардум бе ягон асос ба қудрати Аллоҳ қобили муқоиса нест. Пас Аллоҳ таъоло аст, ки ба инсонҳо чизҳоро омӯзондааст, ки онро намедонистанд. Аллоҳ таъоло ояндаи ҷаҳонро медонад. Аҳволи инсонҳоро аз замоне, ки офарид ва миронид ва дар қиёмат зинда мекунад, медонад. Аллоҳ таъоло аз тамоми корҳои хубу бад ва савобу азоби мардум бохабар аст. Пас ҳеҷ чизе бар Ӯ пӯшида ва пинҳон нест.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٠١_١٧-٤٤-٤٧

ОФТОБ КАЙ АЗ ТАРАФИ МАҒРИБ МЕБАРОЯД?

متي تطلع الشمس من مغربها؟
ОФТОБ КАЙ АЗ ТАРАФИ МАҒРИБ МЕБАРОЯД?

Ҳаррӯз офтоб аз тарафи машриқ мебарояд ва рӯйи заминро равшан мегардонад ва дар охири рӯз ба тарафи мағриб менишинад, ки рӯйи заминро торикӣ фаро мегирад. Ва лекин дар охири замон ин ҳолат баракс шуда офтоб аз тарафи мағриб мебарояд, ки он нишонаи калони наздик шудани қиёмат аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Аввалин нишонае, ки пеш аз рӯйи қиёмат барои мардум зоҳир мешавад, ин баромадани офтоб аз тарафи мағриб аст. Ва ин нишонаи калони қиёмат аст. Агар инсон баъди мушоҳидаи ин ҳолат имон орад, барои ӯ ин имон фоидае намедиҳад. Ва баромадани ҳайвон низ аз аломатҳои калони рӯзи қиёмат аст, ки дар вақти баланд шудани офтоб меояд, ки он баромада ба мардум сухан мекунад, яъне ин ду нишонаи рӯзи қиёмат дар як вақти наздик бо ҳам рух медиҳад”. (Муслим). Ва охирин нишонаи калони қиёмат бо марги Исо писари Марям алайҳис салом ба поён мерасад. Ва шояд баромадани ҳайвон ва тулӯъи офтоб аз тарафи мағриб дар як рӯз бошад. Ва дар ҳамон рӯз дари тавба баста мешавад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳароина дар тарафи ғуруби офтоб дари кушодае ҳаст, паҳноӣ ва дарозии он ҳафтсолина роҳ аст, ки он то баромадани офтоб аз мағриб, кушода аст”. (Ибни Моҷа). Бинобарин дар он рӯз онҳое, ки имонашонро нав мекунанд, қабул карда намешавад. Дар он рӯз тавбаи гунаҳкор ва имони шахси кофир қабул намешавад. (Муслим). Инчунин Паёмбар ﷺ фармуданд: “Дар шаш кор саросема шавед, аз ҷумлаи онҳо баромадани офтоб аз тарафи мағриб”. (Муслим).

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٠١_١٧-٤٤-٢٦

МАҲРАМҲО КИСТАНД?

من هم المحارم؟
МАҲРАМҲО КИСТАНД?
Маҳрам касе аст, ки издивоҷ бо ӯ ҳаром аст. Шахсоне, ки бар писарон ва мардҳо маҳрам ҳисоб мешаванд: Модар ва модаркалон, духтар ва духтари фарзанд, хоҳар ва хоҳарзода (духтари хоҳар), бародарзода (духтари бародар), амма (аммаи худ ва аммаи падару модар), хола (холаи худ ва холаи падару модар). Шахсони мазкур ба сабаби хешовандии насабӣ бо ҳам маҳраманд ва гурӯҳи дигаре ҳам ба сабаби издивоҷ маҳрам мешаванд: Модар ва модаркалони зан, духтари зан, ҳарчанд духтари худаш набошад, зани падар, зани писар. Ба ҷуз афроде, ки гуфта шуд, дигар занҳо номаҳраманд, ҳатто зани бародар ва хоҳари зан, агарчанде хоҳари зан то муддате, ки хоҳараш ҳамсари ӯст ҳаром мебошад, яъне издивоҷ бо ду хоҳар ҷоиз нест, магар ин ки аз дунё биравад ва ё ӯро талоқ диҳад. Издивоҷи зани мусулмон бо марди ғайри мусулмон ҳаром аст ва низ издивоҷи марди мусулмон бо зани бутпараст ва мушрик ҳаром мебошад. Ва барои зани мусулмон ин ашхос маҳрам мебошанд ва издивоҷ бо онҳо ҳаром аст: Писар ва набера, падар ва бобо, бародар, бародари модар (тағо), бародари падар (амак), писар ва набераи бародар, писар ва набераи хоҳар. Ва гурӯҳи дигар бо сабаби хешовандӣ ва пас аз издивоҷ маҳрам мешаванд: Домоди худ ва домоди фарзанд, шавҳари модар (падарандар), писари шавҳар (ҳарчанд писари худаш набошад), падари шавҳар. Баъзе аз арабҳо дар қадим мегуфтанд: Шаш намуд занонро ба никоҳи худ нагиред: 1. Ал Аннона: Он зане, ки бисёр шикояткунанда ва ҳар соат асабонӣ аст. 2. Ал Маннона: Он зане, ки ба шавҳараш миннат мекунад ва мегӯяд, ки ба хотири ту чунин ва чунон кардам. 3. Ал Ҳаннона: Он зане, ки ҳамеша ба шавҳараш нолону гирён мекунад. 4. Ал Ҳаддоқа: Он зане, ки ҳар чизе ки мебинад онро орзу карда шавҳари худро маҷбур мекунад, то онро бихарад. Аз чизҳои хона бошад ва ё чизҳои хона. Чашми чунин занон гурсна аст, зеро ҳеҷгоҳ сер намегардад. 5. Ал Барроқа: Он зане аст, ки чашм ва назари бади шайтонӣ дорад. Ва он зане аст, ки аҳли оилаи худро ба чизе тӯҳмат мекунад. 6. Аш Шаддоқа: Он зане аст, ки бе ягон шарм доштан ва ё хаста шудан гапи бисёр мезанад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٠١_١٧-٤٤-١٧

«Ал-Ҳамид»

«الحميد»
«Ал-Ҳамид»
Ал-Ҳамид ҷалла ҷалолуҳу, яъне Ӯ таъоло дар ҳама кирдор, гуфтор, сифатҳо, номҳо, шаръ ва тақдираш Ситудашуда аст. Ҳамду ситоиш карда мешавад ва Ӯ барои сифатҳои комилаш ва эҳсони бисёраш ба сӯйи халқ шоистаи ҳамду сано аст. Ал-Ҳамид дар Қуръони карим 17 маротиба омадааст. Аллоҳ фармуд: “Ҳамоно Ӯ Ситудаи Бузургвор аст”. (Сураи Ҳуд, ояти: 73). Ва фармуд: “Эй мардум, шумо ниёзманди Аллоҳ ҳастед ва Аллоҳ Бениёзу Ситуда аст”. (Сураи Фотир, ояти:15). Ибни Қайюм раҳимаҳуллоҳ гуфт: “Аллоҳ таъоло аз ду ҷиҳат Ситуда аст; Яккум ин, ки ҳама махлуқот ситоиши Ӯро мекунанд. Пас ҳар ситоиш ва сипосе, ки аҳли осмонҳо ва замин ва гузаштагон ва ояндагони онҳо гуфтанду мегӯянд ва ҳар ситоише, ки нагуфтаанд, танҳо сазовори он Аллоҳ аст. Чун Аллоҳ аст, ки онҳоро офарид ва ризқу рӯзӣ дод ва неъматҳои зоҳирӣ ва ботинӣ ва динӣ ва дунявиро арзонӣ намуд ва ранҷҳоро аз онҳо дур кард. Пас ҳар неъмате, ки бандагон доранд, аз ҷониби Аллоҳ аст. Ва танҳо Ӯ таъоло бадиҳо ва балоҳоро аз онҳо дур менамояд, бинобарин Ӯ сазовори он аст, ки бандагон дар тамоми вақт ситоиши Ӯро карда, шукри Ӯро баҷо меоранд”. Дуввум ин, ки Аллоҳ таъоло бо номҳои ҳусно ва сифоти комили Худ ситоиш мешавад. Ӯ барои ҳар сифате сазовори комилтарин ситоиш мебошад. Пас Ӯ ба хотири зоташ ситоиш мегардад ва ҳам бар асоси сифоташ Ситуда мешавад ва ҳамчунин барои корҳояш Ситоиш мегардад. Чун корҳои Ӯ фазл, эҳсон, адл ва ҳикмат аст. Ӯ бар офариниш ва қонун ва аҳкоми тақдирӣ, шаръӣ ва ҷазоие, ки гузоштааст, мавриди Ситоиш аст. Ва ақлу фикри мо тавони шумурдани Ситоиши Ӯ таъолоро надоранд ва қаламҳо аз баёни ситоиши Ӯ нотавон ҳастанд. (Ал-ҳақ ал-возеҳ с;31,40).

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٠١_١٧-٤٢-٤٤

ҲУКМИ ИСТИФОДАИ АНГУШТАРИИ ТАСБЕҲ

حكم إستعمال خاتم التسبيح
ҲУКМИ ИСТИФОДАИ АНГУШТАРИИ ТАСБЕҲ
Суннат он аст, ки шахси мусалмон тасбеҳу таҳлил ва ғайра аз зикрҳоро бояд бо ангуштони дасти худ бишумурад. Аз Ҳумайза бинти Ёсир аз Юсайра ривоят аст, ки ба мо чунин хабар дод: “Ҳароина Паёмбар ﷺ амр ба риояи такбир, (Аллоҳу Акбар), ва қавли Субҳоналлоҳ ва таҳлил (Ло Илоҳа иллаллоҳ) карданд. Ва ин, ки ин зикрҳоро бо атрофи ангуштонашон ҳисоб бикунанд. Шумо эй занон ончи мекунед, пурсида хоҳед шуд, ба ҳамаи он ҳисобгирӣ аст, зеро он амалҳо бар соҳибаш шоҳидӣ медиҳад, он чи амал кард, он сухан хоҳад кард”. (Ривояти имом Аҳмад). Яъне, он ангуштон дар назди Аллоҳ ба он тасбеҳу таҳлилҳо шоҳид мешавад. Ҳеҷ боке надорад, ки шахси мусалмон Аллоҳро ба ҳама он чизҳое, ки ҷоиз аст, ёд бикунад. Ба мисли тасбеҳ ва ё ангуштарии тасбеҳ ва ғайраҳо, ки ба шумо барои шумури он ёрӣ медиҳад. Ва ин ҳама дар зери ин қоида аст: “Воситаҳо дорои аҳкоми мақсадҳо мебошад”. Агар инсон бо ин восита мақсади нек дошта бошад, барои ӯ ба қадри нияташ савоб дода мешавад. Шайхул Ислом раҳимаҳуллоҳ гуфт: “Аммо шумурдан бо ангуштон ва сангчаҳо ва дигар чизҳое, ки ба онҳо монанд аст, истифодаи он хуб аст. Аз Саҳобагон (разияллоҳу анҳум) касоне буданд, ки он чизҳоро истифода мебурданд. Ва Паёмбар ﷺ Уммул муъминин Оиша разияллоҳу анҳоро диданд, ки бо сангча тасбеҳ мегуфтанд, пас бо ин амалаш ба ӯ чизе нагуфтанд”. Ва дар ривояте омадааст; “Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) бо сангча тасбеҳ мегуфт”. Ва тасбеҳ гуфтан бо тасбеҳҳои доирамонанди ҳозирзамона, ки онро баъзе уламо иҷозат намедиҳанд ва баъзеи дигар онро иҷозат додаанд. Пас агар нияти ӯ хуб буд, истифодаи он ҷоиз аст. Ва аммо беягон зарурот ва ё барои худнамоӣ онро истифода бурд, ҷоиз нест. Ба мисли он шахсоне, ки тасбеҳро ба гарданашон овезон мекунанд. Ва ё ҳамчу дастбанд ба дасташон мебанданд ва ғайраҳо, ки ин ҳама риё ва ё худро ба дигарон монанд кардан аст. Пас агар чунин бошад, аввал он муҳаррам аст, дуввум он кароҳият дорад. Аллоҳ таъоло Доност.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-٣٠_٢١-١١-٤٠

«Ал-Ҳаким»

«الحكيم»
«Ал-Ҳаким»
Аллоҳ мефармояд: “Ӯ Ҳакиму Огоҳ аст”. Анъом: 18. Ҳаким касе аст, ки дорои илм ва огоҳ ба ҳама умур ва оқибати он аст. Ҳаким касе аст, ки ҳамди фаровон, қудрати комил ва раҳмати фаровон дорад. Ва ҳар чизро ба ҷойи муносиби он қарор медиҳад, ки ба он наметавонед эътироз кард. Ҳикмати Парвардигор бар ду навъ аст:
1.Ҳикмат дар офариниш, ки тамоми офаридаҳоро ба беҳтарин низом офарид ва тартиби комилро ба онҳо дод. Ва ҳар махлуқро ба гунае, ки шоистаи он аст, офарид. Ба ҳар махлуқоти шакли муносиб дод. Ҳеҷ камбудӣ ва ноқисие дар офариниши Ӯ дида намешавад. Агар ҳама махлуқоти аз аввал то охир ҷамъ шаванд ва ақлҳои худро ба кор баранд, то офаринише ба монанди офариниши Аллоҳ пешниҳод кунанд, нахоҳанд тавонист. Аллоҳ таъоло ба бандагонаш фармон дод, то ба офариниши Ӯ бингаранд.
2.Ҳикмати Парвардигор дар шариъат ва фармонҳои Ӯ қонунҳоро гузошт ва китобҳоро нозил фармуд ва Паёмбаронро фиристод то бандагон Аллоҳро бишносанд ва ибодат бикунанд. Парастиш ва ситоиши Парвардигор бузургтарин саъодат ва сабаби оромиш ва хурсандии қалбҳо ва рӯҳост. Агар дар фармону қонуни Илоҳӣ ба ҷуз ҳикмат чизи дигаре вуҷуд надошта бошад, боз ҳам он кофӣ аст. Зеро ин ҳикмат асоси хубиҳо ва комилтарин лаззатҳо мебошад. Ва офариниши биҳишту дӯзах ва ҳам офариниши мардум ба хотири ҳамин будааст. Аллоҳ таъоло дар аҳкоми тақдир, шариъат ва ҷазоии Худ боҳикмат аст. Пас ҳар хайр ва шарр ва гуноҳон мутаъаллиқ ба тобеъи ҳукми тақдирӣ ҳастанд ва ончи Аллоҳ дӯст медорад тобеъ ва мутааллиқ ба ҳукми шаръӣ мебошад. (Ал-Ҳақ Ал-Возеҳул-мубин: 48,56).

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-٣٠_٢١-١١-٢٠

МОҲИ ЗУЛҚАЪДА

شهر ذوالقعدة
МОҲИ ЗУЛҚАЪДА

Аллоҳ таъоло баъзе моҳҳоро ба баъзе дигар бартарӣ додааст. Ва аз моҳе, ки Аллоҳ таъоло онро фазилат додааст, моҳи Зулҳиҷҷа аст. Ин моҳро Зулҳиҷҷа номида шуд, зеро арабҳо ба хотири эҳтироми он омодагӣ ба Ҳаҷ мебинанд ва дар ин моҳи Зулқаъда аз ҷангидан бо ҳамдигар даст мекашиданд. Яке аз хусусиятҳои ин моҳ ин аст, ки моҳи Зулқаъда оғози моҳи ҳаром аст. Арабҳо ба хотири амнияти мардум ва ҳоҷиҳо дар роҳҳои Ҳаҷ ҷангиданро манъ карданд. Ин амалҳо пеш аз Ислом буд. Пас вақте ки Ислом омад, эҳтироми ин моҳ ва даст кашидан аз куштор сахттар гардид. Дар ин моҳ зулм ба якдигар манъ шуд, зеро ин амрро онҳо бузург медонистанд. Гарчанде зулм дар ҳама моҳҳо манъ шудааст. Ва дигар хусусиятҳои ин моҳ ин аст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам танҳо дар ҳамин моҳ чаҳор маротиба умра карданд. Аз Анас разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам чаҳор маротиба умра карданд, ки ҳамаи он дар моҳи Зулқаъда буд, магар умрае, ки ҳамроҳи Ҳаҷҷашон адо намуда буданд”. Имом Нававӣ раҳимаҳуллоҳ гуфт: “Албатта умра кардани Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ин моҳи Зулқаъда аз рӯйи фазилати ин моҳ ва мухолифат варзидан ба замони ҷоҳилият аст. Зеро дар замони ҷоҳилият умра кардан дар моҳҳои ҳаромро гуноҳ ва фисқу фуҷур медонистанд”. Аз Абубакра разияллоҳу анҳу омадааст, ки гуфт: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: “Сол дувоздаҳ моҳ дорад, аз онҳо чаҳор моҳ моҳҳои ҳаром мебошанд. Сетои онҳо пайи ҳам омадааст; Зулқаъда, Зулҳиҷҷа, Муҳаррам ва Раҷаб ҷудогона байни Ҷумодул-охир ва Шаъбон ҷой гирифтааст”. Бухорӣ ва Муслим.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-٣٠_٢١-١١-٠١

ДАҲ ШАБҲОИ МОҲИ ЗУЛҲИҶҶА

عشر ليالي شهر ذوالحجة
ДАҲ ШАБҲОИ МОҲИ ЗУЛҲИҶҶА
Аз фазли Аллоҳ таъоло ба бандагонаш ин аст, ки барои тоату ибодати Ӯ таъоло мавсимҳое падид овардааст, ки дар он ҳасанот ва аҷру савоб афзун мегардад. Онон дар ин рӯзҳо бо ҳам мусобиқа мекунанд, то ба Парвардигорашон наздик шаванд. Яке аз ин мавсимҳои бофазилат даҳ шаби аввали моҳи Зулҳиҷҷа аст. Аллоҳ таъоло фазлу карами Худро ба он шабҳо гузоштааст, то бандагон икром карда шаванд. Дар он даҳ рӯз рӯзи Тарвия, рӯзи Арафот ва рӯзи иди Қурбон аст. Ва ин даҳа дар назди Аллоҳ таъоло аҳмияти калон дорад, ки Аллоҳ қасам хӯрда чунин фармудааст: “Қасам ба сӯбҳ ва қасам ба шабҳои даҳгона”. Ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам хабар фармуданд: “Ин рӯзҳо, яъне даҳ рӯзи моҳи Зулҳиҷҷа аз афзалтарин рӯзҳои дунё аст”. Абу Усмонӣ Наҳдӣ раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: “Саҳобагон се даҳаро бузург медонистанд; Даҳаи охири моҳи Рамазон, даҳаи аввали моҳи Зулҳиҷҷа ва даҳаи аввали моҳи Муҳаррам”. Пас мо бояд чигуна ин рӯзҳоро истиқбол бигирем? Аз Ибни Аббос разияллоҳу анҳумо ривоят аст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: “Ҳеҷ рӯзе нест, ки амалҳои солеҳи он дар назди Аллоҳ таъоло маҳбубтар аз ин рӯзҳо бошад, (яъне даҳаи моҳи Зулҳиҷҷа). Гуфтанд: Эй Расули Аллоҳ, ҳатто ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ? Фармуданд: “Ва на ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ, магар ин ки марде бо ҷон ва молаш дар роҳи Аллоҳ аз хона берун мешавад ва ҳеҷ яке аз инҳоро барнагардонад”. (Бухорӣ). Пас аз чизҳое, ки дар ин рӯзҳо таъкид шудааст: 1. Рӯза гирифтан ин рӯзҳо, магар рӯзи ид. 2. Рӯза рӯзи Арафа, ки кафорати гуноҳони дусола аст. 3. Зикри Аллоҳ таъоло ва такбир гуфтан. 4. Қурбонӣ кардан. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: “Ҳаҷҷи қабул подоше надорад, магар ҷаннат”.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-٣٠_٢١-١٠-٢٥

«Ал-Ҳалим»

«الحليم»
«Ал-Ҳалим»

Ал-Ҳалим ҷалла ҷалолуҳу, яъне Бурдбор, бар уқубати бандагонаш дар муқобили гуноҳҳояшон шитоб намекунад ва ба онҳо муҳлат медиҳад, то аз гуноҳ бозгарданд ва тавба кунанд. Аллоҳ таъоло ба ҷазо додани онон Тавоно аст. Номи Ал-Ҳалим дар Қуръони карим яздаҳ маротиба зикр шудааст. Аллоҳ таъоло фармуд:”Бегумон Аллоҳ Омурзандаи Бурдбор аст”. (Оли Имрон: 155). Аллоҳ таъоло неъматҳои зоҳирӣ ва ботиниро ба сӯйи бандагон сарозер кардааст. Бо ин ҳама бандагон муртакиби гуноҳ мешаванд, аммо Аллоҳ Бурдбор аст, ба онҳо муҳлат медиҳад, то тавба кунанд ва ба сӯйи Ӯ таъоло боз гарданд. Аллоҳ таъоло дорои Бурдбории комил аст. Бурдбории Парвардигор, кофирон, фосиқон ва гунаҳкоронро дарбар гирифтааст. Зеро Ӯ ба онҳо муҳлат медиҳад ва зуд ба онҳо азобро намефиристад. Аллоҳ фармудааст: “Ва агар Аллоҳ мардумонро ба сазои он чи мекарданд, гирифтор мекард, бар пушти замин ҳеҷ ҷонвареро намегузошт, вале онҳоро то вақти муайян мавқуф медорад. Пас, чун вақти онҳо биёяд, пас дар воқеъ Аллоҳ ба бандагони Худ Бино аст”. (Сураи Фотир:45). Инчунин фармуд: “Ва агар Аллоҳ мардумонро ба сабаби ситами онҳо гирифтор мекард, бар замин ҳеҷ ҷунбандаеро намегузошт; валекин онҳоро то вақте муқаррар мавқуф медорад. Пас, чун он вақти муқаррарашон бирасад, на соате бозмонанд ва на соате пеш раванд”. (Сураи Наҳл:61). Ва фармуд: “Ва бидонед, ки Аллоҳ ончиро дар дил доред, медонад. Пас аз нофармонии Ӯ худро барҳазар доред ва бидонед, ки бегумон Аллоҳ Омурзанда ва Бурдбор аст”. (Бақара:235).

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ