photo_2024-03-01_16-27-01

Stvari koje kvare post

Znacenje posta jeste-Obozavanje Boga ostavljanjem jela,pica i telesnih uzivanja od zore (prave) do zalaska Sunca
Obaveza svakom muslimanu je da cuva svoj post od stvari koji ga kvare,a to su:
Hrana i pice i ono sto potpada pod to i sto hrani telo,poput hranljivih inekcija
Vadjenje krvi i transfuzija
Intimni odnos,direktna ejakulacija,masturbiranje i sl.

Sto se tice mokrih snova oni ne kvare post po jednoglasnom misljenju

Namerno povracanje,ako dodje do povracanja nenamerno onda njegov post je ispravan.
Zbog govora Bozijeg Poslanika,mir i spas neka je na njega:“Koga savlada povracanje ne mora to da nadoknadjuje,a ko to namerno uradi pokvario je“
Hidzama i doniranje krvi
A ko je u potrebi da donira krv neka prekine post dok ne boravi u svome mestu,jel to kvari post po koncenzusu ucenjaka,kao i menstrualna ili postporodjajna krv u bilo kom delu dana
Čak iako bi se desila da izadje pre zalaska Sunca minut.
Ko uradi nešto što kvari post ne poznavajući propis,u zaboravu,ili pod prisilom,njegov post je validan
Osim mesecnog i postporodjajnog ciklus koji svakako kvare
Doista post ima svoje obaveze i granice na koje trebamo paziti
Uzviseni Bog kaze na kraju stiha koji govori o postu:“To su Božije granice pa ih nemojte prelaziti.Tako Bog želi da pojasni njegove stihove ljudima kako bi bili bogobojazni“

photo_2024-02-28_20-06-58

АҶОИБИИ ТАЛАБИ МАҒФИРАТИ ГУНОҲ

عجائب الاستغفار
АҶОИБИИ ТАЛАБИ МАҒФИРАТИ ГУНОҲ
Бо талаби мағфирати гуноҳ кардан, дуоҳо қабул гашта, дари раҳмат боз гашта баракот нозил мегардад. Истиғфор ин ҳимояву сипар аз бадиҳои гуноҳ ва пӯшидани он аст. Пас агар бандаеро Аллоҳ мағфират кунад, пас ӯро аз гуноҳ нигаҳ дошта он гуноҳро пӯшидааст. Истиғфор сабаби нуронӣ гаштани қалб ва ҳидояти он аст. Аллоҳ фармуд: “Солеҳ (алайҳис салом) гуфт: Эй қавми ман, чаро пеш аз накӯӣ бадиро ба шитоб талаб мекунед? Чаро аз Аллоҳ талаби омӯрзиш намекунед? Шояд, ки бар шумо раҳм карда шавад”. Намл:46.
Истиғфор аз бузургтарин тоатҳо, наздик шудан ба Аллоҳ, ҷило додани қалб, дур шудани вазнинии амал ва тарки фаромӯшхотириву ғафлат аст. Мо бояд бо истиғфор кардан бисёр ибодатҳо, намоз, ҳаҷ ва ҳар маҷлису муносибатҳоро ба охир бирасонем. Истиғфор аз зикрҳои Аллоҳ аст, ки қалбҳо зинда гашта ором меёбанд. Аллоҳ фармуд: “Огоҳ шав, дилҳо ба ёди Аллоҳ ором мегиранд”. Раъд:28.
Истиғфор давои қалб аз гуноҳ аст. Имом Қатода раҳимаҳуллоҳ гуфт:“Албатта Қуръон шуморо далолат ба доруву даво мекунад. Аммо доруҳо он ҳамон гуноҳони шумо ва давоҳо он ҳамон истиғфор аст”. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳароина ҳиссиёт ва таъсире дар қалбам ҳаст, ки ман ҳаррӯз сад маротиба талаби мағфирати гуноҳ мекунам” Муслим. Баъзе уламо мегӯянд: Аллоҳ ба баъзе инсонҳо истиғфорро насиб накардааст, зеро ӯ мехоҳад он шахсро азоб бидиҳад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_2024-02-28_16-05-27

АЗ САБАБҲОИ РАҲМАТИ ПАРВАРДИГОР

من موجبات رحمة الله
АЗ САБАБҲОИ РАҲМАТИ ПАРВАРДИГОР
Ҳама халқ ба раҳмати Аллоҳ муҳтоҷ ҳастанд. Пас агар раҳмати Аллоҳро мехоҳӣ, сабабҳои онро бигир ва ба амрҳояш амал бикун:
1.Имон ба Аллоҳ; “Эй Парвардигори мо, имон овардем, пас моро биомурз ва бар мо бибахшоӣ ва Ту беҳтарин Бахшояндагонӣ”. Муъминун:102.
2.Эҳсон дар ибодат; “Аллоҳро чунин ибодат бикун, ки гуё Ӯро мебинӣ, пас агар Ӯро намебинӣ, албатта Ӯ туро мебинад”. Бухорӣ ва Муслим.
3.Эҳсон ба халқ ва раҳм кардан ба инсону ҳайвонот; “Ба дурусти ки Раҳмати Парвардигор ба некӯкорон наздик аст”. Аъроф:56.
4.Тақво ва худотарсие, ки байни худ ва байни азоби Парвардигор виқоя бигирӣ; “Итоати Аллоҳ ва Расул бикунед, шояд ба шумо раҳм карда шавад”. Оли Имрон:132.
5.Пайравӣ ба Қуръон ва амал бар он ва гӯш кардани он; “Ва чун хонда шавад, пас ба сӯйи он гӯш ниҳед ва хомӯш бошед, то бар шумо раҳм ва меҳрубонӣ карда шавад”. Аъроф:204.
6.Сабр бар тоат ва сабр аз маъсият ва сабр ба тақдири Илоҳӣ; “Ба ин гурӯҳ аз Парвардигорашон дурудҳо ва бахшоиш аст ва онҳо роҳёфтагонанд”. Бақара:157. 7.Тавбаи содиқона ҳамроҳ бо ислоҳ шудан. 8. Дар роҳи Аллоҳ нафақа кардан.
Аллоҳ фармуд: “Ва бигӯ, эй Парвардигори ман, биомурзу бибахшой ва Ту беҳтарини Бахшояндагонӣ”. Муъминун:118.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_2024-02-28_16-05-25

МЕЪЁРҲОИ ҲИҶОБИ ЗАН

ضوابط حجاب المرأة
МЕЪЁРҲОИ ҲИҶОБИ ЗАН
Ҳиҷоби зани мусалмон ҳиҷобе аст, ки аз дигар ҳиҷобҳо фарқ дорад. Масалан аз ҳиҷоби занони яҳуд ва насоро. Зани мусалмонро дар байни занони беҳиҷоб шинохта мешавад. Ҳиҷоб танҳо рӯймол нест, ки танҳо бо он сари худро бипӯшонад ва ё чодаре, ки тамоми баданашро бипӯшонад, балки бар он шарт ва маҳдудиятҳост:
1.Дар назди мардони бегона тамоми бадани худро бипӯшонад: “Эй Паёмбар ба занони худ ва духтарони худ ва занони муъминон бигӯ, ки чодарҳои худро бар худ фурӯ гузоранд”. Аҳзоб:59.
2.Либос шаффоф ва тунук набошад, ки аъзои баданаш намоён гардад. Паёмбарﷺ аст, ки фармуданд:“Ва гурӯҳи дуввуми дӯзахиён занони нимбараҳнае, ки либос доранд, аммо дар ҳақиқат бараҳнаянд. Ва аз роҳи дуруст ва итоати Парвардигор дур ҳастанд ва дигаронро ба дур шудан ва ба фитна мекашанд. Муйи сарашонро ба монанди кӯҳони шутур баланд месозанд. Инҳо дохили биҳишт намешаванд ва бӯйи биҳишт ба бинияшон намерасад. Ҳол ин, ки бӯйи биҳишт аз масофаи дур эҳсос мешавад”. Муслим.
3.Либос танг набошад, ки ҳаҷми аъзои бадан намоён гардад. Умми Салама разияллоҳу анҳо гуфт: “Паёмбар ﷺ он шаб аз хоб хестанд ва гуфтанд: “Субҳоналлоҳ, ин чи фитнаҳо, ки имшаб нозил гардид. Занони нимбараҳна дар охират бараҳна ҳастанд”. Бухорӣ.
4.Зинати худро ошкор накунанд. Аллоҳ фармуд: “Ва ороиши худро ошкор накунанд”. Нур:31.
5.Хушбӯйизада ва бухуркарда набошад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Эй занон, агар яке аз шумо ба масҷид ҳозир шудан хоҳед, ҳамон шаб хушбӯйи истифода набаред”. Муслим.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_2024-02-28_16-05-21

МАҲДУДИЯТИ ЛИБОС

ضوابط اللباس
МАҲДУДИЯТИ ЛИБОС
Дини Ислом ташвиқ ба зинат ва зебоӣ мекунад. Аллоҳ таъоло фармуд: “Эй фарзандони Одам, наздики ҳар намоз зинати худро бигиред”. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Албатта Аллоҳ таъоло дӯст медорад, ки асари неъматашро дар бандааш бубинад”. Бухорӣ. Дар зинати либоспӯшӣ маҳдудиятҳо аст:
1.Либоси занон набояд ба либоси мардон монанд бошад: “Аллоҳ лаънат кард он мардҳоеро, ки ба занон ва он заноне, ки ба мардон монандӣ мекунанд”. Аҳмад.
2.Ба либоси кофирон ва фосиқон монанд бошад: “Он шахсе, ки ба як қавме монанд мешавад, пас он аз ҷумлаи онҳост”. Абудовуд.
3.Либосе, ки машҳур бошад: “Шахсе, ки дар ин дунё либоси шӯҳратёфтаро мепӯшад, Аллоҳ дар рӯзи қиёмат ба ӯ либоси хоркунанда пӯшонда ба дӯзах мепартояд”. Ибни Моҷа. Мақсад аз либоси шӯҳратёфта, яъне байни мардум машҳӯр бошад. Агарчанде он либос қимату фахркунанда ва ё оддиву хоксор ва ё барои худнамоӣ бошад.
4.Либосе, ки дар он исроф бошад: “Бихӯред ва биошомед ва исроф накунед, ба дурустӣ ки Аллоҳ исрофкунандагонро дӯст намедорад”. Аъроф:31.
5.Либоси ҳаромгардида бошад; Ба мисли либосе, ки сурати чизҳои ҷондор дорад ва ё салиб ё ситораи яҳӯд ва ё либоси тангу тунук ва кутоҳ бошад.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_2024-02-28_16-05-33

АҲКОМИ НАМОЗИ ЗАН

أحكام صلاة المرأة
АҲКОМИ НАМОЗИ ЗАН
Намоз сутуни Дин аст ва муҳимтарин аркони Ислом баъди шаҳодатайн аст. Намоз аввалин чизе аст, ки дар рӯзи қиёмат аз банда пурсида мешавад. Барои намози зан ҳукмҳо ва шартҳои хос аст, ки он аз намози мардон фарқ мекунад:
1.Воҷиб аст, ки зан аз ҳайзу нифос пок бошад. “Паёмбар ﷺ ба Фотима бинти Абуҳубайш фармуданд: “Агар ҳайз дидӣ, намозатро тарк бикун”. Бухорӣ.
2.Воҷиб аст, ки зан дар вақти намоз тамоми баданашро бипӯшонад, ба ғайр аз рӯй ва ду кафи даст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Намози ҳайздида қабул нест, магар бо чодар”. Абудовуд.
3.Намози ҷамоъат барои занон воҷиб нест, лекин ҷоиз аст, ки ба ҷамоъати масҷид ҳозир шаванд. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Агар занони шумо иҷозати масҷид рафтанро пурсанд, пас ба онҳо иҷозат бидиҳед”. Муслим.
4.Сафи занон дар масҷидҳо дар оқиби сафи мардон аст.
5.Ҷоиз аст, ки зан ба ҷамоъати занон имом шавад. “Паёмбар ﷺ ба Варақа бинти Навфал разияллоҳу анҳо амр карданд, ки дар хона ба аҳлаш имом бошад”. Абудовуд. Ва агар зане ба занони дигар имом шавад, пас ӯ дар мобайни онҳо бошад.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ