photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١١-٣١-٥٦

10 НАСИҲАТИ ФОИДАНОК БАРОИ ЗАНОН

10 نصيحة مفيدة للنساء
10 НАСИҲАТИ ФОИДАНОК БАРОИ ЗАНОН
1.Дар зиндагӣ қаноъатро пеша кун. Дар хонаи шавҳар ҳавасҳои беҷо макун, агар чанде дар бадани дугонаҳои худ, ҳамсояҳои худ аз зебогиҳо мебинӣ ва дар хонаҳояшон аз зебогиҳо мебинӣ, вале ба он чизе, ки ту дар хона дорӣ, ба ӯ қаноъат бикун.
2.Бо шавҳар якдил ва якзабон бош. Гоҳо ҳолатҳое мешавад, ки ту дар ҳамон хона гуноҳе надорӣ, вале туро гунаҳгор мекунанд. Ту кӯшиш макун, ки шавҳарро гунаҳгор кунӣ, балки таҳаммул кун, ки хотимааш барои ту хайр аст.
3.Чашм барои дидан аст. Кӯшиш кун, ки бо ин чашм фақат шавҳари ту хубиҳо бинад, покизагиҳо бинад ва манзараҳои нек бинад.
4.Бинӣ барои бӯйидан аст. Шавҳар вақте, тозагии занро мебинад, бӯи хуши дохили хонаро мебинад, табиати ӯ дигаргун мешавад. Хоҳишоти мард, ба худи зан, дар хона ва дар зиндагӣ боз бештар мешавад.
5. Вақти ғизои шавҳар. Вақти ғизои шавҳарро хатман риоя кун. Кӯшиш кун, ки вақти ғизои ӯро таъхир макунӣ.
6. Вақти хоби шавҳар. Вақти хоби шавҳарро низ риоя кун. Вақте, ки соати хоби шавҳар омад, барои ӯ ҷойгаҳи хобашро омода кун.
7. Кадбону бош. Кадбонугӣ ҳам дар зиндагӣ хеле нақш мебозад. Дар ҳар як маҳсулоте, ки шавҳар мехарад, ба харҷи беҳуда роҳ мадеҳ. Зеро пайдо кардани маҳсулот, ин ба осонӣ ба даст намеояд.
8. Ҳаққи дигар нонхӯрҳои шавҳарро фаромӯш макун. (Падар, модар, бародар, хоҳар, хешу табори ӯ) . Онҳо ҳам нонхурҳои хонаи шавҳари ту ҳастанд.
9. Ҳар чӣ сире, ки дар хонаи шавҳар бошад, фош макун.
10. Агар шавҳарро дар ҳолати ғамнок дидӣ, хурсанд машав. Агар дар ҳолати шодӣ дидӣ, шод бош! Аллоҳ таъоло болои хоҳарон ва модарони мо шароитеро барпо кунад, ки ҳамагӣ, руҷӯъ ба Қуръон ва ҳадисҳои Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам) дошта бошанд.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١١-٣٠-٢٦

«Ал-Муҳит»

«المحيط»
«Ал-Муҳит»

Ал-Муҳит ҷалла ҷалолуҳу, яъне Ӯ таъоло он зоте аст, ки аз илми Ӯ чизе пӯшида намемонад ва ҳамаи чизро ба илм иҳота намудааст ва адади ҳар чизро шуморидааст. Ал-Муҳит ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони карим ҳашт маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Огоҳ бош, ки онҳо аз лиқои Парвардигорашон дар шакканд ва огоҳ бош, ки Ӯ ба ҳамаи чиз иҳота дорад”. (Сураи Фуссилат: 54). Ва фармудааст: “Аз они Аллоҳ аст, ончи дар осмонҳо ва ончи дар замин аст. Ва Парвардигор аз ҳар чиз комилан огоҳ аст ва ба ҳама чиз иҳота дорад”. (Сураи Нисо: 126). Ва фармудааст: “Ва агар бурдоборӣ ва тақво пеша кунед, ҳилагарии онҳо ба шумо ҳеҷ зараре намерасонад, ҳеҷ шакке нест, Аллоҳ ба ончи анҷом медиҳед медонад ва иҳота дорад”. (Оли Имрон:120). Ӯ зоте аст, ки илм, қудрат ва меҳрубонии Ӯ ҳар чизро иҳота намуда дарбар дорад. Илми Ӯ ҳама маълумот ва биноии Ӯ ҳама диданиҳо ва шунавоии Ӯ ҳама шунавоиҳоро дар иҳота дорад. Ва қудрату хости Ӯ дар тамоми мавҷудот нуфузкунанда аст. Раҳмати Ӯ аҳли замин ва осмонҳоро дарбар гирифта ва тамоми махлуқот мағлуби қудрати Ӯ ҳастанд. Аллоҳ фармудааст: “Ва Аллоҳ аз ҳар тарафи онҳо иҳотакунанда аст.”. (Сураи Буруҷ:20). Иҳота Аллоҳ таъоло иҳотаи комил аст, ки ҳеҷ кас аз он гурехта наметавонад. Аллоҳ фармудааст: “Аллоҳ он Зотест, ки ҳафт Осмонро офарид ва аз Замин монанди он (ҳафт қабат) офарид, ҳукми Аллоҳ дар миёни онҳо нозил мешавад, то бидонед, ки албатта, Ӯ бар ҳама чиз тавоност ва албатта ҳар чизро аз рӯйи илми Худ иҳота кардааст”. (Сураи Талоқ:12). Аллоҳ ба ончи кофирон макр мекунанд ва дурӯғ мегӯянд, медонад. Аллоҳ фармудааст: “Ҳароина Мо барои ситамгарон оташеро, ки саропардаҳои он онҳоро иҳота мекунад, муҳайё кардаем”. (Сураи Каҳф:29).

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

ماهو الاسلام قازاقي

Жаңа мұсылманның нұсқаулығы – Ислам – ол не? – Қазақ тілінде

دليل المسلم الجديد

*«Ислам деген не?» жаңа мұсылманның нұсқаулығы.*

Ислам дінін танып білуге және мұсылман адамды діннің маңызды құрамдас бөліктерін оқытып үйретуге арналған көрнекі құралдар жиынтығы.

Дайындаған шейх Хайсам Сархан (Аллаһ оны есендікте сақтасын).

Құрамында:

1. Бірқұдайшылық пен оның құрамдас бөліктері, діннің дәрежелері мен тыйым салынған істердің түрлері.
2. Дәрет, таяммум және ғұсыл алудың сипаттамасы.
3. Пайғамбарымыз (оған Аллаһтың игілігі мен сәлемі болсын) намазының сипаттамасы.
4. Яһуди болған адамның исламды қабылдауының қиссасы.
5. Зекет, ораза, қажылық пен умра рәсімдері.
6. Адамдық тума болмыс (фитра) сүннеттері.
7. Мұсылманның мінез-құлқы.
8. Адамдық болмыс үндейтін әрі шариғат бекіткен құқықтардың ықшамдалған нұсқасы.
9. Бақытты өмір сүрудің пайдалы құралдарының ықшамдалған нұсқасы.
10. Мухаммад пайғамбар (оған Аллаһтың игілігі мен сәлемі болсын) кім және біз ол туралы не білеміз?

Жаңа мұсылманның нұсқаулығы

ما هو الإسلام؟
Ислам – ол не?

اللغة القازاقية
Қазақ тілінде