photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١١-٥٤-٤٣

«Ал-Раззоқ, Ар Розиқ»

«الرزاق الرازق»
«Ал-Раззоқ, Ар Розиқ»

Ар-Раззоқ, Ар-Розиқ ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Кофили ризқи ом барои ҳамаи махлуқҳо ва ризқи хос ба бандагони мӯъминаш аст. Ризқи хос ҳамон имон доштан ба Ӯ таъоло ва илми нофеъ ва ризқи ҳалол мебошад. Ва Раззоқ бар бисёрии ризқи Ӯ барои халқаш далолат мекунад. Номи (Ар-Розиқ ҷалла ҷалолуҳу) панҷ маротиба, ва аммо номи (Ар-Раззоқ ҷалла ҷалолуҳу) як маротиба дар Қуръони Карим омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд:”Ва ба мо рӯзӣ деҳ, ки Ту беҳтарини Рӯзидиҳандагонӣ”. (Сураи Моида:114). Ва фармуд: “Бегумон Аллоҳ аст, ки Рӯзидиҳанда аст ва Ӯ Қудратманди Устувор аст”. (Сураи Зориёт:58). Ва фармуд: “Ҳеҷ ҷунбандае дар замин нест, магар ин ки рӯзии он ба уҳдаи Аллоҳ аст”. (Сураи Ҳуд:4). Паёмбар ﷺ фармуданд: “Аллоҳ таъоло нархгузор, бозгиранда, кушоишгар ва рӯзидиҳанда аст”. (Абудовуд ва Тирмизӣ). Аллоҳ таъоло бо ду сурат бандагонашро рӯзӣ медиҳад, яке бо сурати ом ва дигаре бо сурати хос: 1. Рӯзи додани умумии Ӯ ин аст, ки ба ҳама офаридаҳо ончиро, ки дар зиндагӣ ва ҳаёти худ ба он ниёз доранд, медиҳад. Бинобарин барои ҳама касби рӯзиро муяссар намудааст, ки ба он шахси гунаҳкор, некукор, кофир, мусалмон, инсонҳо, ҷинҳо, фариштагон ва ҳайвонот шомиланд. Ва гоҳе ризқу рӯзӣ аз роҳи ҳалол ба даст меояд, ки банда дар ба даст овардани он ранҷ мебинад. Ва гоҳе аз роҳи ҳаром ба даст меояд. Ва ончи аз ҳалолу ҳаром ба даст меорад, рӯзӣ номида мешавад ва гуфта мешавад, ки Аллоҳ ба ӯ ризқу рӯзӣ додааст. 2. Ризқу рӯзии мутлақ, ки он ба шахсони хос аст. Ин рӯзӣ муфид аст, ки фоидаи он дар дунё ва охират идома дорад. Он ризқу рӯзие аст, ки ба василаи Паёмбар ﷺ ба мардум расидааст ва он ду навъ аст: 1.Рӯзи додан ба қалбҳо, ки он бо илм, имон ва ҳақоиқи он аст. 2. Рӯзи додан ба ҷисми мо, ки он беягон ранҷ ба даст меояд.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١١-٥٤-٠١

«Ал-Ҳаййу»

«الحي»
«Ал-Ҳаййу»

Ал-Ҳаййу ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, он Зиндае аст, ки намемирад ва ҳаёти Ӯ субҳонаҳу ва таъоло комилтарин ҳаёт аст. Ӯ таъоло ҳама сифатҳои камолро лозим мегирад ва зидди онро аз ҳамаи ваҷҳ нафӣ мекунад ва камоли ҳаёти Ӯ лозим мегирад, ки Ӯро ғанаб ва хоб намегирад. Ал-Ҳаййу ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони Карим панҷ маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Аллоҳ Илоҳест, ки ҳеҷ маъбуде ба ҷуз Ӯ нест, Зиндаву Тадбиркунандаи олам аст”. (Сураи Бақара:255). Ва фармудааст: “Аллоҳ Илоҳест, ки ҳеҷ маъбуде сазовори ибодат нест, магар Ӯ, Зиндаву Поянда ва Тадбиркунандаи олам аст”. (Сураи Оли Имрон:2). Ва фармудааст:“Ва ниёиш кунад чеҳраҳои мардум барои Зиндаи Поянда, ҳароина, ҳар касе ки бори ситамро бардошт, ба матлаб нарасид”. (Сураи Тоҳо:111). Ал-Ҳаййу ҷалла ҷалолуҳу, яъне зиндае, ки ҳаёти Ӯ комил аст. Ва ин ҳама сифоти зоти Парвардигорро ба монанди Илм, Қудрат, Азамат, Ирода ва дигар сифоти зоти муқаддасро шомил мешавад. Ва ба мо воҷиб аст, ки ба он зоте такия намоем, ки намемирад. Аллоҳ фармуд: “Ва таваккул кун бар он зоти Зинда, ки ҳаргиз намирад ва ҳамроҳи ситоиш Ӯро ба покӣ ёд кун ва ба гуноҳони бандагони хеш огоҳии Вай басанда аст”. (Сураи Фурқон:58). Ва фармудааст:“Ӯ зинда аст. Нест ҳеҷ маъбуди барҳақ, магар Ӯ. Пас барои Ӯ дар ҳоле, ки динро холискунандагон бошед, Ӯро ибодат кунед. Ҳама ситоиш аз они Аллоҳ аст, ки Парвардигори ҷаҳониён аст”.(Сураи Ғофир:65). Ва маънои Ҳай ҷалла ҷалолуҳу чунин аст, ки фармуд: “Аллоҳ хост кореро, ки шуданӣ буд, ба анҷом расонад ва то касе ки ҳалок шуданӣ аст, аз рӯи ҳуҷҷати равшан ҳалок шавад ва касе ки зинда монданӣ аст, аз рӯи ҳуҷҷати равшан зинда монад. Ва ҳароина, Аллоҳ Шунаво ва Доност”. (Сураи Анфол:42).

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤٠

ХУДПИСАНДӢ

التكبر
ХУДПИСАНДӢ

Аллоҳ таъоло фармуд: «Пас ба сӯи вай ваҳй фиристодем, ки киштиро ба ҳузури Мо ва бо фармони мо бисозад. Пас чун фармони Мо ояд ва танур ҷуш занад, аз ҳар ҷинс ду танро ва касони худро, магар аз онҳо касе, ки бар вай гуфтаи Ҳақ пешӣ гирифтааст, дар кишти дарор! Ва дар бораи онон, ки ситам кардаанд бо Ман сухан магӯ! Ба дурустӣ ки онҳо ғарқ шудагонанд». (Сураи Муъминун:27). Ва фармудааст : «Бешубҳа Аллоҳ он чиро, ки пинҳон медоранд ва он чиро, ки ошкор мекунанд, медонад. Ҳамоно Ӯ саркашонро дӯст намедорад».(Сураи Наҳл: 23). Паёмбар ﷺ фармуданд: «Як мард бо такаббури баланд бо либосҳояш фахркунон роҳ мерафт, ки Аллоҳ таъоло ба замин фармон дод, то ӯро фурӯ барад ва он то рӯзи қиёмат дар он боқӣ мемонад». Худписандӣ ин аввалин гуноҳ бар зидди Аллоҳ аст, ки фармуд: «Ва чун ба фариштагон гуфтем: «Ба Одам саҷда кунед, пас саҷда карданд, магар Иблис ки қабул накард ва саркашӣ намуд ва аз кофирон гашт». (Сураи Бақара: 34). Паёмбар ﷺ фармуданд: «Худписандӣ ин қабул накардани ҳақиқат ва таҳқир кардани мардум мебошад». Аллоҳ фармуд: «Ва рухсораи худро аз мардум матоб ва дар замин хиромон роҳ марав, ба дурустӣ ки Аллоҳ ҳар нозандаи худситояндаро дӯст намедорад». (Сураи Луқмон: 18). Ва фармуд: «Ин сарои бозпасинро барои онон муқаррар мекунем, ки дар замин такаббур ва фасод наметалабанд. Ва оқибати некӯ аз они парҳезгорон аст». (Сураи Қасас: 83). Паёмбар ﷺ фармуданд: «Оё шумо мехоҳед дар бораи аҳли дӯзах бидонед? Пас фармуданд: Онҳо душмани бераҳм, бахил ва мутакаббир ҳастанд». Ва фармуданд: «Ҳар одами мутакаббир ва худписанд дар рӯи замин, ба ғазаби Аллоҳ дучор мешавад». Ва фармуданд: «Касе, ки дар дил як зарра такаббур дорад, ба биҳишт дохил нагардад».

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤١

«Ал-Холиқ, Ал-Халлоқ»

«الخالق الخلاق»
«Ал-Холиқ, Ал-Халлоқ»

Ал-Холиқ, Ал-Халлоқ ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Холиқ он зотест, ки халқро эҷод карда онро бемисоли собиқ ихтироъ кардааст ва Ал-Халлоқ бар бисёрии халқи Аллоҳ таъоло ва эҷоди Ӯ ва камоли Ӯ дар офариниш далолат мекунад. Исми Ал-Холиқ дар Қуръон ҳашт маротиба ва аммо исми Ал-Халлоқ ду маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Ӯ Аллоҳ аст, Офаридгор, Навпадидоранда, Нигоранда, Ӯро номҳои нек аст, ҳар чи дар осмонҳову замин аст, Ӯро ба покӣ ёд мекунад ва Ӯ Ғолиби Боҳикмат аст”. (Сураи Ҳашр: 24). Ва фармудааст: “Бегумон Парвардигори ту, ҳамон Офаринандаи Доност”. (Сураи Ҳиҷр: 86). Ал-Холиқ Парвардигори ҷаҳониён мебошад, ки ҳама мавҷудотро офаридааст. Ва ҳама махлуқотро аз нестӣ падид овардааст. Ва низоми ҳастиро бо ҳикмати Хеш баробар намуда ва шакл додааст. Ӯ таъоло ҳамеша бо ин сифати Бузург будааст. Аллоҳ фармудааст: “Ва дар замин кӯҳҳои муҳкамро афканд, барои эҳтироз аз он, ки шуморо биҷӯнбонад ва ҷӯйҳо ва роҳҳоро офарид, то бувад ки роҳёб шавед. Ва нишонаҳо офарид ва онҳо бо ситорагон роҳ меёбанд. Оё Он, ки меофаринад, монанди касе аст, ки намеофаринад?! Оё панд намегиред?”. (Сураи Наҳл:,15-17). Ва фармудааст: “Эй мардумон, достоне падид оварда шуд; пас, онро бишунавед: Ҳамоно онон, ки ба ҷуз Аллоҳ мехонед, магасеро офарида натавонанд, агарчи барои он ҷамъ шаванд ва агар магас чизеро аз онҳо бирабояд, онро аз магас раҳо карда натавонанд. Ҳам толибу ҳам матлуб нотавон шуданд”. (Сураи Ҳаҷ:73).

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤٢ (2)

НОМҲОИ АЛЛОҲ МАҲСУР БА АДАДИ МУАЙЯН НЕСТ

أسماء الله الحسنى لا تنحصر بعدد معين
НОМҲОИ АЛЛОҲ МАҲСУР БА АДАДИ МУАЙЯН НЕСТ

Номҳои Аллоҳ таъоло маҳсур ва маҳдуд ба адади муайяне нест. Аллоҳ номҳо ва сифатҳое дорад, ки дар зумраи илми ғайб назди Худ ниҳон доштааст, ки онро на фариштаи муқарраб ва на анбиёву авлиё касе намедонад. Тавре, ки дар ҳадиси саҳеҳ ворид шудааст: “Мепурсам туро бо ҳама номҳое, ки ту дорӣ, Худро бо он номидаӣ ва ё онро дар китобат нозил кардаӣ ва ё бар касе аз халқат омӯзонидаӣ ва ё дар илми ғайб назди Худ ниҳон доштаӣ”. (Ҳоким ва Аҳмад). Ибни Қаййим раҳимаҳуллоҳ дар китоби “Бадоеъ-ул-фавоид” мегӯяд: (Бинобарин мадлули ин ҳадис номҳои Аллоҳ бар се қисм аст: 1-Қисме аз номҳояш, ки Худро бо он номидааст ва бар баъзе аз фариштагон ва ё ғайри онон иттилоъ додааст, вале дар китобаш нозил накардааст. 2-Қисме, ки дар китобаш нозил кардааст ва бар бандагонаш иттилоъ додааст. 3-Қисме, ки зимни илми ғайб назди Худ ниҳон доштааст ва касеро аз он иттилоъ надодааст). Дар хадиси дигаре Паёмбар ﷺ мефармоянд: “Аллоҳ таъолоро наваду нӯҳ ном аст, як кам сад. Ҳар касе онро ҳифз намояд, дохили ҷаннат гардад”. (Бухорӣ ва Муслим). Дар маънои ҳифз гуфтаанд: 1.Ба маънои шуморидан. Яъне онҳоро хифз намояд ва бо он номҳо Аллоҳро дуо кунад. 2. Ба маънои тоқат. Яъне битавонад онро муроъот намуда ҳудуди онро дар муомила бо Парвардигор муҳофизат кунад. 3. Ба маънои маърифат. Яъне онро бишносад ва маънои онро бифаҳмад ва ба он имон орад. Маротиби ҳифз сето аст: 1) Ҳифзи алфоз ва адади он. 2) Фаҳми маъно ва мадлулоти он. 3) Дуои Парвардигор бо он номҳояш. Ҳадиси мазкур далолат ба он намекунад, ки номҳои Аллоҳ маҳсур ба ин ададанд. Зеро агар мақсуд аз ҳадис маҳсур будани он бар ин адад бошад, Паёмбар ﷺ ба ҷои ибораи: “Аллоҳро наваду нӯҳ ном аст…” Чунин мегуфтанд: “Номхои Аллоҳ наваду нӯҳ то аст”.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤٢

«Ал-Муъмин»

«المؤمن»
«Ал-Муъмин»

Ал-Муъмин ҷалла ҷалолаҳу. Яъне Ӯ он зоте аст, ки Худашро бо сифоти камол ва ҳам бо камоли мутлақ, ки дар зебои сутуда аст, васф мекунад. Он Парвардигоре, ки Паёмбаронашро фиристод ва китобҳояшро бо нишонаҳо ва далелҳо нозил кард. Ва Паёмбаронашро бо далелҳо ва ҳуҷҷатҳо, ки онҳо содиқ ҳастанд, тасдиқ намудааст. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Ӯст он Аллоҳе, ки нест ҳеҷ маъбуде магар Ӯ, подшоҳу аз ҳамаи айбҳо ниҳоят пок аст. Аз нуқсон солим, амондиҳанда, нигоҳбону ғолибу худихтиёру бузургвор аст. Аз шарик муқаррар кардани онҳо Ӯ пок аст”. (Сураи Ҳашр:23). Ал-Муъмин ҷалла ҷалолаҳу ба маънои гувоҳидиҳанда аст, ки Аллоҳ таъоло фармуд: “Аллоҳ гувоҳӣ дод, ҳароина ҳеҷ маъбуди барҳақ ғайри Ӯ нест”. (Оли Имрон:18). Ин гувоҳии бузург ва тасдиқи бузург аст. Имом Муҷоҳид раҳимаҳуллоҳ гуфт: АлМуъмин он зоте аст, ки Худашро якто мегӯяд. Ва Ӯ он зоте аст, ки барои бандагонаш ваъдаҳои Худро тасдиқ мекунад. Аллоҳ фармудааст: “Ва муттақиён гӯянд: «Сипосу ситоиш аз они Аллоҳ аст, ки ваъдаи Худро бар мо рост гардонид ва моро аз замин мерос дод, ҳар ҷо ки бихоҳем аз Ҷаннат ҷой мегирем», пас, (Биҳишт) барои амалкунандагон чӣ хуб музди нек аст”. (Сураи Зумар:74). Ва фармудааст: “Сипас, ваъдаро дар ҳаққи онҳо рост кардем, пас онҳоро ва ҳар киро, ки хостем, бираҳонидем ва азҳадгузарандагонро ҳалок кардем”. (Сураи Анбиё:9). Ва фармудааст: “Аллоҳ ваъда кардааст ва Парвардигор ваъдаи Худро хилоф намекунад, валекин аксари мардум намедонанд”. (Сураи Рум:6). Ӯ таъоло гумонҳои бандагонашро гувоҳӣ медиҳад. АлМуъмин он зоте аст, ки мардум аз зулми Ӯ дар амон ҳастанд: “Ҳаройина, Аллоҳ бар мардум чизе ситам намекунад, валекин мардуманд, ки бар худ ситам мекунанд”. (Сураи Юнус:44).

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤٣

ЭЙ МАРДУМ! САКАРОТИ МАРГ ҲАҚ АСТ

أيها الناس! سكرات الموت حق
ЭЙ МАРДУМ! САКАРОТИ МАРГ ҲАҚ АСТ

Аллоҳ фармуд: “Ва саранҷом, сакарот ва бехудӣ дар остонаи марг ҳақиқатро пеши чашми ӯ меоварад ва ба инсон гуфта мешавад: Ин ҳамон чизе аст, ки ту аз он мегурехтӣ!”. (Сураи Қоф-19). Сакароти мавт, яъне сахтӣ ва фишори марг аст, ки инсонро беҳӯш карда ва бар ақлаш ғолиб мешавад. Чуноне, ки дар ҳадиси Оиша (разияллоҳу анҳо) омадааст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳоли сакароти марг таҳти фишори он қарор гирифтанд. Ба гунае, ки арақро аз чеҳраи хеш пок мекарданд ва дар ҳамин вақт фармуданд; “Субҳоналлоҳ! Ҳамоно барои марг сахтиҳое аст”. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Чӣ гуна ба Аллоҳ кофир мешавед?! Дар ҳоле, ки шумо мурдагон ва ҷисмҳои берӯҳе будед ва Ў шуморо зинда кард, сипас шуморо мемиронад ва бори дигар шуморо зинда мекунад, сипас ба сӯи Ў бозгардонида мешавед”. (Сураи Бақара-28). Ва фармудааст: “Бигӯ: Фариштаи марг, ки бар шумо маъмур шудааст, рӯҳи шуморо мегирад, сипас шуморо ба сӯи Парвардигоратон боз мегардонанд”.(Сураи Саҷда-11). Паёмбар ﷺ фармуданд: “Бандаи муъмин вақте ки дар ҳолати куч бастан аз ин дунё ва рӯй овардан ба ҷаҳони охират мешавад, фариштагони нуронӣ ва бо чеҳраи дурахшон ба монанди офтоб аз осмон назди ӯ меоянд. Онҳо кафанҳое аз кафани биҳиштро бо худ ҳамроҳ доранд ва хушбӯйиҳое аз атрҳои биҳиштро низ бо худ меоваранд ва дар интиҳои назари ӯ менишинанд. Баъд фариштаи марг меояд, ба рӯйи болини ӯ менишинад, Ва бар инсони муъмин дар ҳоли сакарот буда хитоб намуда мегӯяд: “Эй соҳиби нафси покиза” дар ривояти дигар, “мутмаъина” (ором) ба суйи мағфират ва хушнудии Парвардигор берун биё! Пас он рӯҳ монанди қатраи даҳони машки об аз ҷасади муъмин берун меояд ва фаришта онро мегирад”.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤٤ (2)

«Ал-Мутакаббир»

«المتكبر»
«Ал-Мутакаббир»

Ал-Мутакаббир ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Ӯ таъоло Бузург, Боазамат, Олитар ва Бартар аз сифатҳои халқаш аст. Ва Ӯ Ғолибу Пирӯз бар золимони онҳо ва ба ин исм ҷуз Ӯ субҳонаҳу ва таъоло касеро мадҳу ситоиш карда намешавад. Ал-Мутакаббир ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръон як маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Пирӯзманд, Ҷаббор (ҷубронкунанда) ва шоистаи Азамат ва Бузургӣ аст. Аллоҳ аз он чи барои Ӯ шарик меоваранд, пок аст”. (Сураи Ҳашр:23). Пас Аллоҳ таъоло аз онҷо ки бузург аст, аз бадӣ, нуқсон, айб бартар мебошад. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Донои ниҳон ва ошкор аст, бузург ва баландмартаба аст”. (Сураи Раъд: 9). Ва фармудааст: “Ва назди Аллоҳ шафоъат суд намебахшад, магар барои касе ки барои ӯ дастуре дода бошад, то он гоҳ ки аз дилҳои онҳо изтироб дур карда шавад, гӯянд: Парвардигори шумо чӣ чиз фармудааст?. Гӯянд: «Сухани рост фармудааст ва Ӯ Баландмартабаву Бузург аст”. (Сураи Сабо:23). Ва фармудааст: “Бузургворӣ дар осмонҳову замин хоси Ӯст ва Ӯст Ғолибу Ҳаким”. (Сураи Ҷосия:37). Сиғаи дигари ин ном Ал Кабир ва Ал Акбар аст. Ал Мутакаббир яке аз номҳои зебои Аллоҳ буда дар Қуръони Карим ва аҳодиси Набавӣ зикр шудааст. Сифати кибриёиву такаббури вақте ба Аллоҳ нисбат дода шавад, як маъно аст ва вақте ба махлуқ нисбат дода шавад, маънои дигар дорад. Такаббурӣ ва кибриёӣ вақте ба Аллоҳ нисбат дода шуд, ин ба маъноест, ки Ӯ баландмартаба буда аз айбу нуқсон пок мебошад. Аллоҳ Мутакаббир аст, яъне кудрати мутлакро дорост ва Ӯ азалӣ мебошад ва Ӯ ба монанди махлуқот нест. “Ва ба фариштагон гуфтем: Одамро саҷда кунед!. Ҳама саҷда карданд ҷуз Иблис, ки рӯй гардонд ва бартарӣ ҷуст. Ва ӯ аз кофирон буд.(Бакара: 34). Дар мавриди кибру ғурур дар Қуръон оятҳо зиёданд.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤٤

ҲУКМИ ЗИЁД ҚАСАМ ХӮРДАН БА АЛЛОҲ

حكم الإكثار من الحلف بالله
ҲУКМИ ЗИЁД ҚАСАМ ХӮРДАН БА АЛЛОҲ

Зиёд қасам нахӯрем, ҳатто агар рост гуфта бошем, чун Аллоҳ мефармояд: “Аллоҳ шуморо ба хотири савгандҳои беҳуда сахтгирӣ намекунад, вале дар баробари савгандҳое, ки аз рӯи ирода маҳкам кардаед, сахтгирӣ менамояд. Каффораи ин гуна қасамҳо, таом додани даҳ нафар мустаманд аз хӯрокҳои оддӣ аст, ки ба хонаводаи худ медиҳед ё либос пӯшондан бар он даҳ нафар ва ё озод кардани як ғулом. Ва касе, ки ҳеҷ кадом аз инҳоро наёбад, се рӯз рӯза мегирад. Ин каффораи савгандҳои шумост, дар ҳангоме, ки савганд ёд мекунед ва мухолифат менамоед. Ва савгандҳои худро ҳифз кунед ва нашиканед. Аллоҳ оятҳои Худро ин чунин барои шумо баён мекунад, шояд шукри Ўро ба ҷо оваред”. Моида-89. Паёмбар ﷺ мефармоянд: “Се нафар ҳастанд, ки Аллоҳ дар рӯзи қиёмат бо онҳо сухан намегуяд ва ба онҳо нигоҳ намекунад ва ононро покиза намегардонад ва азоби дардноке доранд: Пирамарди зинокор, фақири мутакаббир ва касе, ки молаш ҷуз бо савганд хариду фурӯш намешавад”. Бинобарин шахси муъмин бояд камтар савганд бихӯрад, ҳатто агар ростгӯ бошад, зеро зиёд савганд хӯрдан сабаб мешавад, то ӯ ба дуруғ савганд бихӯрад.
Маълум аст, ки дурӯғ ҳаром аст ва ҳаргоҳ дурӯғ ҳамроҳ бо қасам бошад, ҳаром будани он сахттар ва бештар аст, аммо агар зарурат ва маслиҳат пеш ояд, то инсон ба дурӯғ савганд бихӯрад, ҳеҷ боке надорад, чун Умми Кулсум бинти Ақаба разияллоҳу анҳо ривоят мекунад, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: “Касе, ки миёни мардум ошти карданро барқарор менамояд ва сухани хайр мегӯяд ва хайрро нақл мекунад, дурӯғгӯ нест”. Инчунин Паёмбар ﷺ фармуданд: “Дурӯғ иҷозат аст, магар дар се чиз: Дурӯғ дар ҷанг, дурӯғ дар эҷоди сулҳу оштӣ дар байни мардум ва дурӯғи шавҳар ба занаш ва дурӯғи зан ба шавҳараш”. Бухорӣ ва Муслим.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤٥

«Ал-Воҳид, Ал-Аҳад»

«الواحد الأحد»
«Ал-Воҳид, Ал-Аҳад»

Ал-Воҳид, Ал-Аҳад ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Ӯ таъоло якто аст, ки ҳамеша ягона аст ва ҳамроҳи Ӯ касе дар зоташ, сифатҳояш, амалҳояш нест ва Ӯ Парвардигоре аст, ки Илоҳияташ Ягона аст. Ва ба Ягонагияш шоистаи ибодат мебошад. Номи Ал-Воҳид дар Қуръони Карим бистуду маротиба ва номи Ал-Аҳад як маротиба зикр шудааст. Аллоҳ таъоло фармуд:”Бигӯ, Аллоҳ Офарандаи ҳама чиз аст. Ва Ӯ Ягона ва Тавоно аст”. [Сураи Раъд:16]. Ва фармудааст: “Бигӯ, Ӯ Аллоҳи Ягона аст”. [Сураи Ихлос: 1]. Ӯ зоте аст, ки дар ҳама камолот ягона ва якто ва шарике надорад. Ва бандагон бояд дар қалб, гуфтор ва амал ӯро Ягона бидонанд ва ба камоли мутлақ ва ягонагии ӯ иқрор намоянд ва дар навъҳои ибодатҳо чизеро шарику ӯ қарор надиҳанд. Аҳад он зоте аст, ки дар ҳар камол, зебоӣ, ситоиш, ҳикмат ва раҳмат ягона аст. Ӯ дар сифоти камол ҳамонанд ва ҳамтое надорад. Ӯ дар зинда будан ва пойдорӣ ва қудрат ва доноӣ ва азамат ва бузургӣ ва дигар сифатҳояш ягона ва яктост. Ягонагии Ӯ баёнгари он аст, ки Ӯ Парвардигори комил ва сарвари Бузург аст, ки дар тамоми корҳо, рафъи ниёзҳо ва дафъи балоҳо дар дасти Ӯст. Парвардигоре, ки ба ҳама сифоти камол муттасиф мебошад ва сифоти Ӯ дар ниҳояти камол қарор доранд. Ба сурате, ки халоиқ наметавонанд баъзе аз ин сифотро бо қалби худ иҳота намоянд ва забонҳояшон аз баёни он кутоҳ ва ноотавон аст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Ва Аллоҳ гуфт: «Ду маъбуд магиред, ҷуз ин нест, ки Вай Аллоҳи Ягона аст. Пас, аз Ман битарсед!”. (Сураи Наҳл:51). Ва фармудааст: “Рӯзе, ки онҳо аз қабрҳо берун оянд, аз онҳо чизе бар Аллоҳ пӯшида набошад. Аллоҳ пурсад: Подшоҳии имрӯз аз они кист? Боз Худ дар ҷавоб гӯяд: Аз они Аллоҳи Ягонаи Ғолибу Қаҳҳор аст”. (Сураи Ғофир:16).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ