photo_٢٠٢٤-٠٣-٠٨_١١-٣٠-٣٧

ОДОБИ СӮҲБАТ – Забони Тоҷикӣ

آداب الصحبة
ОДОБИ СӮҲБАТ
Оне, ки ба қавме дӯст шуд, бо он шинохта мешавад. Сӯҳбат бо дӯстон ба ахлоқ ва рафтори инсон таъсир дорад. Паёмбар ﷺ фармуданд:“Мисоли ҳамнишини нек ва ҳамнишини бад, ба монанди аттор ва оҳангар аст”. Бухорӣ ва Муслим. Агар Аллоҳ таъоло туро тавфиқи ҳамнишин шудан бо неконро додааст, пас онҳоро бо худ ғанимат бидор, ки онҳо барои айбҳоят ҳамчу оина ҳастанд. Зеро онҳо бозуи қавӣ ва ганҷи ҳақиқӣ ҳастанд. Аз баъзе ҳакимон пурсиданд, ки кадом ганҷ беҳтар аст? Фармуданд: “Баъди тақводорӣ ва худотарсӣ, бародари солеҳ доштан аст”.
Аз одобҳои ҳамсӯҳбат шудан ин аст, ки Умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу гуфт: “Васфе, ки сабаби муҳаббати бародарат мегардад, ин ки агар бо ӯ рӯ ба рӯ шудӣ ба ӯ салом бидеҳ ва дар маҷлисгоҳ ба ӯ ҷой бидеҳ ва бо дӯстдоштатарин номаш ӯро фарёд бикун”.
Ҳама сабабҳои кашмакаш ва азиятҳо ба мисли хабаркашӣ, ғайбат, суханчинӣ, масхара, таънаи пинҳонӣ, ва айбҷӯйӣ бо ишораро тарк бикун. Пас мо бояд аз нокомиҳо бахшиш бипурсем ва аз лағзишҳо ғофил набошем, сирҳоро ҳифз карда гумони нек дошта бошем. Узрҳоро баҳона накунем ва айбҳоро бипӯшонем. Он чизе, ки дӯстамон ба он нафрат дорад, онро тарк бикунем. Чеҳраи кушод, забони ширин ва қалби ором дошта бошем ва аз кибр дурӣ ҷӯем. Он чизе, ки барои худ дӯст медорем, барои дӯстон ва бародаронамон низ дӯст бидорем.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٣-٠٨_١٦-٤٩-٣٧

СИЛАИ РАҲМ – Забони Тоҷикӣ

صلة الرحم
СИЛАИ РАҲМ
Муҳаббати хешу табор баракат дар ризқ ва баракат дар умр дорад. Силаи раҳм аз амрҳои бузурги дини мубини Ислом аст. Ин тоате аст, ки ба он бояд шитоб кард. Зеро савоби он дар ин дунё пеш аз охират аст ва он силаи раҳм аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳар кас мехоҳад ризқаш зиёд ва умраш дароз гардад, пас бояд пайванди хешовандиро риоя кунад”. Бухорӣ. Силаи раҳм бо зиёрат ва эҳсон ба хешу табор анҷом меёбад. Ва бо қадри имкон ба онҳо хайр ва фоидае бирасонад ва бадӣ ва зарарҳоро аз онҳо дур намояд. Аз хешу табор агар касе бемор гардид ба аёдати онҳо равад ва ба фақиронашон чизе аз молаш садақа бидиҳад ва дар ҷашну хурсандиҳои онҳо иштирок бикунад ва дар ғаму андӯҳашон шарик бошад. Ва он чизе, ки байни мардум дар ин замона маъруф аст, он занг задан бо телефони мобилӣ аст. Пайванди хешу таборие, ки он ба мо воҷиб аст, онҳо наздиктарин шахсон ва фарзандони онҳо мебошанд. Ба мисли падару модар, падаркалону модаркалон, писарон ва духтарон, набераҳо, бародарон ва хоҳарон, амакҳо ва аммаҳо, тағоҳо ва холаҳо ва ҳам писарону духтарони онҳо мебошанд. Зеро ҳамаи инҳо ба қадри наздик буданашон ҳаққи пайванди хешовандӣ доранд. Бидон, ки силаи раҳм танҳо мукофоту хайру савоб нест, балки он як ибодати мустақим аст. Пас он хешу таборе, ки силаи раҳмро қатъ кардааст, ту ба он пайванди хешовандиро оғоз бикун. Он чизе, ки дигар хешу табор манъ карда буданд, ту ато фармо. Силаи раҳм савоби бузург дорад, қатъи он низ азоби бузург дорад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Қатъкунандаи силаи раҳм дохили биҳишт намегардад”. Бухорӣ ва Муслим.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٣-٠٨_١٦-٤٩-٢٠

ДЕҲҚОНИ МУСАЛМОН – Забони Тоҷикӣ

فلاح المسلم
ДЕҲҚОНИ МУСАЛМОН
Аз неъматҳои Аллоҳ таъоло бар мо ин замин аст, ки аз он меваҳо ва сабзавотҳои гуногунро дар шакл, ранг ва тамаъ берун мекунад. Деҳқонро аз дигарон фарқ карда мешавад, зеро ӯ таъминоти ғизои мардумро ба ҳисоб гирифтааст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳар мусалмоне дарахте бикорад ва ҳар чизе аз он бихӯрад, барои ӯ садақа ҳисоб мешавад. Ва ё ҳар касе аз он бидӯздад, барои ӯ садақа аст”. Бухорӣ ва муслим. Яке аз сифатҳои деҳқон амонатдорӣ аст. Бинобарин моддаҳои химиявии заҳрнокро ба замин напошад, то сабаби бемориҳо нагардад. Ва моддаҳое, ки ба саломатии инсон зарар аст, истифода набарад. Моддаҳои химиявии зараррасонро ба оби обёрӣ ва ё оби дарё, ки мардум аз он менӯшанд, омехта накунад. Моддае, ки ҳаҷми меваро калон мекунад, лекин ягон фоидаи ғизоӣ надорад ва сабаби бемории инсонҳо мегардад, истифода набарад. Деҳқон бояд пайравӣ илми кишоварзӣ шавад ва аз мутахассисони он талаби ёрӣ кунад ва бо нишондоди онҳо амал кунад. Ахлоқи неки деҳқон, ин ростгӯйӣ аст. Бояд сифати маҳсулотро рост бигӯяд ва айбашро пинҳон накунад. Деҳқон бояд дар аввали мавсим киштукор бикунад, то ҳосил низ дар вақташ омода гардад ва тоҷирон низ фоидаи хубе ба даст оранд. Ҳамроҳ бо деҳқонӣ боз нигоҳубини ҳайвоноти хонагӣ сабаби васеъ шудани ризқ аст. Деҳқон ботақво бошад ва закоти меваҳоро дар вақташ адо намояд. Аллоҳ фармуд: “Аз меваҳои он бихӯред ва рӯзи даравиданаш закоти онро бидиҳед ва исроф накунед”. Анъом:141. Деҳқон онро барои нархи қимат фурӯхтан захира накунад. Ҳосили худро ба оне, ки аз он чизҳои ҳаром истеҳсол мекунад, нафурӯшад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٣-١١_٠١-٠٧-٣٠

ХУЛҚИ ХОМӮШ БУДАН – Забони Тоҷикӣ

خُلق الصمت
ХУЛҚИ ХОМӮШ БУДАН
Паёмбар ﷺ фармуданд:“Касе, ки хомӯш аст, аз офати забон ва гуноҳ наҷот ёфтааст”. Тирмизӣ. Ҳар касе, ки хулқи хомӯширо ихтиёр кардааст аз ҳама ҷиҳат ба ҳар хайр комёб шуда аз зиёну осеби ду дунё наҷот ёфтааст. Хомӯшӣ нишонаи бартариву доноӣ ва самараи ақл аст, ки либоси бурдборӣ ва тамкинро ба ту бипӯшонад. Хомӯшӣ ҳамеша ситоишшудааст, магар дар кори хайр, зикр, амр ба маъруф, наҳй аз мункар. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васаллам фармуданд: “Оне, ки ба Аллоҳ ва ба рӯзи қиёмат имон дорад, пас сухани нек бигӯяд ва ё хомӯш бошад”. Бухорӣ.
Он чизҳое, ки ба хомӯшӣ тааллуқ дорад:
1.Фикр кардан ба сухани ботиле, ки оқибати бад дорад. 2.Хондани тарҷумаи ҳоли мардони солеҳ ва пайрав шудан ба онҳо, ки оё онҳо забондарозу пургӯй буданд ва ё хомӯш. 3.Дур шудан аз маҷлису нишастҳое, ки дар он ҳақорату фаҳш ва дурӯғ аст. 4.Хомӯш истода гӯш кардан ва пеш аз як суханро ба забон овардан, аввал фикр карда баъд сухан кардан. Абудардо (разияллоҳу анҳу) гуфт:“Хомӯш истоданро таълим гирифтам, ҳамчуноне ки сухан гуфтанро таълим гирифта будам. Зеро хомӯш истодан нармӣ ва некии бузург аст. Пас ҳамеша саъй бикун, то ба сухани дигарон гӯш андозӣ, на ин ки аввал шуда сухан бикунӣ, ҳар сухане ки ба ту фоидае надорад”. Фоидаҳои хомӯшӣ: 1.Исломи зебо ва комилии имон. 2.Қатъ шудани бисёр ҷангу ихтилофҳо. 3.Ноил шудан ба муҳаббати Аллоҳ ва муҳаббати мардум. 4.Пайдо кардани вақт барои зикр ва ибодат. 5. Солим мондан аз ҳисоби рӯзи қиёмат.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ